Пешниҳодот барои мавъиза
◼ “Аксари одамон ба ин ё он дин эътиқод доранд. Ба фикри шумо, оё ба Худо бефарқ аст, ки мо ба кадом дин эътиқод дорем? [Ба ҷавоб гӯш диҳед. Сипас ояти Матто 15:9-ро хонед.] Мо мувофиқи таълимоти Исо чор қадамҳои ибодати ҳақиқиро дида мебароем.” (Маълумотро аз мақолаи «Бурҷи дидбонӣ» (рус.), 1 феврал, саҳ. 16 истифода баред.)
◼ “Баъзе одамон ба вуҷуд доштани Худо боварӣ доранд. Дигарон бошанд, чунин имонро беақлона меҳисобанд ва мегӯянд, ки он мухолифи илм аст. Шумо дар ин бора чӣ ақида доред? [Ба ҷавоб гӯш диҳед.] Мувофиқи Китоби Муқаддас имони ҳақиқӣ бар исботҳо асос меёбад. [Ибриён 11:1-ро хонед.] Мо баъзе исботҳои вуҷуд доштани Офаридгорро дида мебароем.” (Маълумотро аз мақолаи «Бедор шавед!» (рус.), саҳ. 22, моҳи феврал истифода баред.)
◼ “Ба фикри шумо, оё Китоби Муқаддас Каломи Худо мебошад ё он танҳо китоби хуб аст? [Ба ҷавоб гӯш диҳед.] Диққат диҳед, ки дар ин бора худи Китоби Муқаддас чӣ мегӯяд. [2 Тимотиюс 3:16, 17-ро хонед.] Мо бо шумо ҳозир дида мебароем, ки чӣ тавр ва чаро инро муайян кардан муҳим аст.” (Ба «Бурҷи дидбонӣ» (рус.), аз 1 март нигаред.)
◼ “Ман боварӣ дорам, ки шумо низ мисли аксари одамон, ба зебогии табиат бо ҳавас менигаред. Оё шумо розиед, ки дар табиат ҳама чиз хеле бохирадона офарида шудааст? [Ба ҷавоб гӯш диҳед ва сипас Забур 103:24-ро хонед.] Мо оиди бохирадона офарида шудани табиат якчанд мисоли аҷоибро дида мебароем ва муҳокима хоҳем кард, ки мо аз он чӣ меомӯзем.” (Маълумотро аз «Бедор шавед!» (рус.), моҳи март, истифода баред.)