ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • km 5.10 саҳ. 3-5
  • «Шумо пешрави хуб мебудед!»

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • «Шумо пешрави хуб мебудед!»
  • Хизмат ба Салтанати Худо 2010
  • Маводи монанд
  • Чун пешрав хизмат карда, дӯстиамонро бо Худо қавӣ месозем
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2013
  • Оё шумо ягон вақт пешрави доимӣ будед?
    Хизмат ба Салтанати Худо 2011
  • Оё метавонед, ки ба «дарвозаи бузургу фарох»–и фаъолият ворид шавед?
    Хизмат ба Салтанати Худо 2007
Хизмат ба Салтанати Худо 2010
km 5.10 саҳ. 3-5

«Шумо пешрави хуб мебудед!»

1. Як хоҳар оиди хидмати пешравӣ чӣ гуфта буд?

1 «Ҳеҷ ягон кори дигар чунин қаноатмандӣ ва таровати рӯҳонӣ оварда наметавонист». Ин суханони Кете Палм мебошанд. Ин хоҳар пешрави фидокор буда, дар тӯли даҳсолаҳо дар Чилӣ (Америкаи Ҷанубӣ), аз як канор то канори дигари ин мамлакат мавъиза мекард. Ҳаёти қонеъкунандаи ходимони пурравақтро дониста, эҳтимол касе ба шумо чунин гӯяд: «Шумо пешрави хуб мебудед!»

2. Чаро машғулиятҳои рӯҳонӣ қаноатмандии зиёд меоранд? Фаҳмонед.

2 Ҳаёти қонеъкунанда. Исо, ки барои мо намуна мебошад, дар иҷрои иродаи Падараш таровати ҳақиқӣ меёфт (Юҳ. 4:34). Бинобар ин, Исо ба пайравонаш гуфта метавонист, ки машғулияти бо ибодати Яҳува алоқамандбуда қаноатмандии ҳақиқиро меорад. Вақте ки ҳаётамон пур аз корҳое мебошанд, ки Яҳуваро шод мегардонанд, мо қаноатмандӣ эҳсос мекунем. Зиёда аз ин, вақте ки мо ба дигарон кӯмак мерасонем ва барои ин вақт, қувват ва маводи зиёдро сарф мекунем, аз ин хурсандии бештар мегирем (Аъм. 20:31, 35).

3. Агар мо барои хизмат вақти бисёрро сарф кунем, чӣ гуна хурсандиро эҳсос хоҳем кард?

3 Чӣ қадаре ки барои хизмат вақт ҷудо кунем, ҳамон қадар барои сар кардан ва гузарондани омӯзиши Китоби Муқаддас имконияти бештар пайдо мешавад, ки ин дар навбати худ хурсандии зиёд меорад. Ҳатто агар ба назар чунин тобад, ки одамони минтақаамон ба хушхабар бепарвоянд, мо самараҳои хуб ба даст оварда, ходимони ботаҷрибаву бомаҳораттар мегардем. Онҳое ки тӯли як сол чун пешрави доимӣ хидмат мекунанд, дар Мактаби хидмати пешравӣ таълимоти пурарзишеро мегиранд, ки он дар кори мавъизашон кӯмак хоҳад расонд (2 Тим. 2:15). Содиқона хидмати худро давом дода, мо тухми ҳақиқатро мекорем, ки баъдтар ҳосил оварда метавонад (Воиз 11:6).

4. Хатмукнандагон бояд оиди чӣ андеша кунанд?

4 Мақсад барои ҷавонон. Агар шумо хатмкунандаи мактаб бошед, оё дар бораи нақшаҳои ояндаатон андеша мекунед? Ҳоло реҷаи ҳаррӯзаатон ба андозае аз дарсҳо вобаста аст. Вақте ки мактабро хатм мекунед, вақтатонро чӣ тавр истифода бурданиед? Ба ҷои ба мақому мартабаи баланд кӯшиш намудан, хуб мебуд, ки бо дуо дар бораи хидмати пешравӣ фикр кунед. Шумо бо шаҳодат додан ба одамони гуногун, бартараф кардани душвориҳои шахсӣ, инкишофи худидоракунӣ ва бо беҳтар гардондани қобилияти таълимдиҳӣ, маҳоратеро инкишоф медиҳед, ки дар тӯли ҳаётатон ба шумо кӯмак хоҳад расонд.

5. Чӣ гуна волидон ва дигар аъзоёни ҷамъомад ҷавононро ба хидмати пешравӣ барангехта метавонанд?

5 Волидони азиз, оё шумо фарзандонатонро ба хидмати пурравақт бармеангезед? Бо суханон ва намунаи худ шумо ба онҳо кӯмак мекунед, ки кори Салтанатро дар ҷои аввал гузоранд (Мат. 6:33). Рей, ки баъд аз хатми мактаб хидмати пешравиро сар кард, ба хотир меорад: «Модари ман ҳама вақт мегуфт, ки ҳаёти пешравон қонеъкунанда мебошад». Ҳамаи аъзоёни ҷамъомад метавонанд бо сухан ва дастгирии шахсиашон ҷавононро ба хидмати пешравӣ барангезанд. Хосе, ки дар Испания зиндагӣ мекард, чунин гуфт: «Дар ҷамъомади ман ҳама хидмати пешравиро барои ҷавонон роҳи беҳтарини ҳаёт меҳисобиданд. Ба шарофати он ки онҳо хидмати пешравиро қадр ва таъриф мекарданд, инчунин кӯмаки амалӣ мерасонданд, бароям пешрав шудан осонтар буд».

6. Агар дар шумо ҳоло хоҳиши пешрав шудан набошад, чӣ бояд кард?

6 Бартараф намудани монеаҳо. Агар дар шумо ҳоло хоҳиши пешрав шудан набошад-чӣ? Дар чунин маврид ба Яҳува дуо гӯед ва дар бораи ҳиссиёти худ ба Ӯ нақл кунед. Масалан шумо чунин гуфта метавонед: «Ман боварӣ надорам, ки хидмати пешравӣ барои ман аст, аммо ман Туро хурсанд кардан мехоҳам» (Заб. 61:9; Мас. 23:26). Сипас ҳидояти Худоро, ки Ӯ тавассути Калом ва созмонаш медиҳад ҷустуҷӯ кунед. Пешравони зиёд аввал хидмати пешрави ёварро «чашиданд» ва хурсандие, ки аз он эҳсос карданд, онҳоро барангехт, ки дар қатори ходимони пурравақт дохил шаванд (Заб. 33:9).

7. Чӣ бояд кард, агар шумо шубҳа дошта бошед, ки дар як моҳ 70 соат хизмат карда метавонед ё не?

7 Вале чӣ бояд кард, агар шумо боварӣ надошта бошед, ки дар як моҳ 70 соат хизмат карда метавонед? Бо пешравоне сӯҳбат кунед, ки вазъияташон бо шароити шумо монанд аст (Мас. 15:22). Сипас якчанд реҷае тартиб диҳед. Эҳтимол, шумо мебинед, ки аз ҳисоби корҳои на он қадар муҳим барои хизмат вақт ҷудо кардан чандон душвор нест (Эфс. 5:15, 16).

8. Чаро вақт аз вақт вазъиятҳои худро бояд дида бароем?

8 Вазъияти худро бори дигар санҷед. Вазъиятҳо зуд–зуд дигар мешаванд. Хуб мебуд, ки вақт аз вақт онҳоро дида бароед. Шояд шумо ба наздикӣ ба нафақа баромаданиед? Ранди, ки барвақт ба нафақа баромада буд, чунин гуфт: «Ман тавонистам, ки ба занам дар хидмати пешравӣ ҳамроҳ шавам ва мо ба ҷое кӯчидем, ки ба воизон эҳтиёҷоти калон вуҷуд дорад. Қарори ман баракатҳои беҳисоб оварданд, аз ҳама муҳимаш — виҷдони пок».

9. Ҳамсарон бояд дар бораи чӣ андеша кунанд?

9 Баъзе ҳамсарон шароити худро хуб санҷида ба хулосае омаданд, ки ба онҳо рӯзи пурраи меҳнатӣ кор кардан шарт нест. Ҳақиқатан ҳам ин маънои онро дорад, ки аъзоёни оила бояд тарзи зиндагиашонро оддитар намоянд, ки чунин қурбонӣ арзанда аст. Бародар Ҷон дар бораи зани худ, ки барои васеъ гардондани доираи хизматаш ба қарибӣ кори рӯзи пурраи меҳнатиро монд, чунин гуфт: «Чӣ хурсандиовар аст, ки ҳамсарам дар давоми рӯз бо корҳои рӯҳонӣ банд аст!»

10. Масеҳиёнро чӣ бармеангезад, ки дар бораи хидмати пешравӣ андеша ронанд?

10 Зоҳир кардани муҳаббат ва имон. Мавъиза ин кори аз ҳама муҳиме мебошад, ки Яҳува ба мо супорида аст. Ин тартиботи кӯҳна ба наздикӣ нест хоҳад шуд ва фақат шахсоне наҷот хоҳанд ёфт, ки исми Яҳуваро мехонанд (Рум. 10:13). Диле ки саршори муҳаббат ба Худост ва миннатдорӣ барои ҳамаи он чизе ки Ӯ бароямон кардааст, моро бармеангезанд, ки супориши Писари Ӯро иҷро намоем ва бо ҷидду ҷаҳд мавъиза кунем (Мат. 28:19, 20; 1 Юҳ. 5:3). Ғайр аз ин, боварӣ ба он ки мо ҳақиқатан ҳам дар охирзамон зиндагӣ карда истодаем, моро бармеангезад, ки ҳол он ки вақт имкон медиҳад дар хизмат чизи аз дастамон меомадаро кунем, на ин ки аз ин ҷаҳон ба таври пурра фоида барем (1 Қӯр. 7:29–31).

11. Чӣ бояд кард, агар касе гӯяд, ки шумо пешрави хуб мебудед?

11 Хидмати пешрави доимӣ ин аз буд кардани меъёрҳои соати муайян зиёдтар аст. Ин ибрози садоқатмандии мо ба Худо мебошад. Аз ин рӯ, агар касе гӯяд, ки шумо пешрави хуб мебудед, инро чун таъриф қабул намоед ва бо дуо оиди ҳамроҳ шудан ба онҳое ки дар ин хидмати хурсандибахш иштирок мекунанд, мулоҳиза ронед.

[Чорчӯба дар саҳифаи 4]

Волидони азиз, оё шумо фарзандони худро ба хидмати пурравақт бармеангезед?

[Чорчӯба дар саҳифаи 5]

Мавъиза ин кори аз ҳама муҳиме мебошад, ки Яҳува ба мо супорида аст.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан