Оё шумо ҳангоми ташрифи аввал чӣ гуна гузарондани омӯзиши Китоби Муқаддасро нишон медиҳед?
Вақте ки мо ба одамон омӯзиши Китоби Муқаддас пешниҳод мекунем, баъзеҳо мегӯяд, ки ба ин шавқ надоранд. Омӯзиш барои одамон гӯё чун дарси мактабӣ аст, лекин онҳо ҳатто намедонанд, ки то чӣ андоза омӯзиши Китоби Муқаддас машғулияти фоидаовар ва шавқовар мебошад. Барои ҳамин, ҳангоми ташрифи аввал пеш аз пешниҳод кардани омӯзиш, хуб мебуд, ки дар тӯли якчанд дақиқа тарзи гузарондани онро нишон медодед. Масалан, ба ҷои он ки ба шахс таъриф кунед, ки таоми хуб мепазед ва ваъда медиҳед, ки дафъаи дигар ягон чизи болаззат меоред, беҳтараш ҳамон вақт ӯро зиёфат кунед! Биёед ҳоло дида бароем, ки дар давоми якчанд дақиқа омӯзиш кардан мумкин аст. Маслиҳат медиҳем, ки ҳангоми ташрифи аввал бо худ ягон адабиётро нагиред, онро ба ҳар ҳол метавонед дар хона, вақте ки барои хидмат тайёрӣ мебинед, истифода баред. Бинобар ин, аз рӯи маслиҳати «Хидмат ба Салтанати Худо» (рус.), январи с. 2006, саҳ. 6 ва китоби «Таълимот», саҳ 36, сарх. 22 амал кунед.
«Ба фикри шумо ин суханон ягон вақт иҷро мешаванд? [Ишаъё 33:24-ро хонед ё иқтибос оред. Сипас ба ҷавоб гӯш диҳед.] Ин маслиҳатҳои бебаҳои Китоби Муқаддас имони моро ба ин ваъдаҳо мустаҳкам мекунанд. [Марқӯс 1:40–42-ро хонед ё иқтибос оред ва муҳокима кунед.] Саволеро диҳед, ки дафъаи оянда муҳокима мекунед ва барои боздид гапзанон кунед. Шумо аллакай омӯзиши Китоби Муқаддас сар кардед!