Чӣ дар ҳаёти шумо дар ҷои аввал меистад
1. Чӣ гуна Исо нишон медод, ки хизмат ба Худо барояш дар ҷои аввал меистад?
1 Барои Исо хизмат ба Худо дар ҷои аввал меистод. Ӯ қувваташро дареғ надошта, дар тамоми Фаластин садҳо километрро тай мекард, то ки ба ҳар чи бештари одамон мавъиза кунад. Исо ҳаёти оддиро ба сар мебурд, то ки барои хизмат вақту диққати бештарро сарф кунад (Мат. 8:20). Вақте ки тӯдаи одамон барои аз касалӣ шифо ёфтанашон ӯро боз доштанӣ шуданд, вай чунин гуфт: «Ман бояд ба шаҳрҳои дигар низ аз Малакути Худо башорат диҳам, чунки барои ҳамин фиристода шудаам» (Луқ. 4:43).
2. Чаро хизмат ба Худо барои Исо хеле муҳим буд?
2 Чаро хизмат ба Худо барои Исо хеле муҳим буд? Мақсади асосии ӯ муқаддас, яъне пок гардондани номи Яҳува буд (Мат. 6:9). Ӯ Падари осмониашро дӯст медошт барои ҳамин мехост, ки хоҳиши Ӯро ба ҷо орад ва тамоми аҳкомҳояшро иҷро кунад (Юҳ. 14:31). Илова бар ин, ӯ аз таҳти дил ба одамон ғамхорӣ мекард ва мехост ба онҳо ёрӣ расонад (Мат. 9:36, 37).
3. Чӣ гуна мо нишон дода метавонем, ки хизмат барои мо дар ҷои аввал меистад?
3 Ба Исо пайравӣ кунед. Мисли Исо амал кардан метавонад осон набошад, чунки ҷаҳон кӯшиш мекунад, ки вақтамонро гирад ва ташвишҳои зиёди зиндагиро ба мо бор кунад (Мат. 24:37–39; Луқ. 21:34). Барои ҳамин мо бояд муайян кунем, ки чӣ дар ҳаётамон ҳақиқатан ҳам муҳим аст ва чӣ не. Боз реҷаамонро тавре тартиб диҳем, ки доимо ба хизмат тайёрӣ бинему дар он иштирок кунем (Фил. 1:10). Мо кӯшиш мекунем, ки ҳаёти оддиро ба сар барем ва аз ҷаҳон пурра истифода набарем (1 Қӯр. 7:31).
4. Чаро муҳим аст, ки имрӯз иҷрои кори аввалиндараҷаро давом диҳем?
4 Агар барои иҷрои ягон кор вақт кам монад, одами бохирад кори аз ҳама муҳимро мекунад. Масалан агар ӯ донад, ки тӯфони хатарноке наздик шуда истодааст, ӯ вақту қувваташро барои бехатарии оилааш ва огоҳкунии ҳамсоягон равона мекунад. Корҳои камаҳамиятро бошад, ӯ ба пас мегузорад. То расидани тӯфони Ҳармиҷидӯн вақт хеле кам мондааст (Саф. 1:14–16; 1 Қӯр. 7:29). Барои он ки худи мо ва онҳое ки моро гӯш мекунанд, наҷот ёбем, бояд беист ба худ ва таълимдиҳиамон диққат диҳем, хоҳ дар даруни ҷамъомад бошад ё хоҳ берун аз он (1 Тим. 4:16). Бале, наҷот ёфтанамон аз он вобаста аст, ки оё мо хизматро дар ҳаётамон дар ҷои аввал мегузорем, ё не!