Чӣ бояд кард, агар ба шумо ҳар чӣ тезтар ба забони дигар адабиёт лозим бошад?
Баъзан мо бо одамоне вомехӯрем, ки адабиёти моро ба забони дигар хондан мехоҳанд, лекин ҳамон вақт он адабиёт дар ҷамъомад нест. Оё шумо медонистед, ки агар шумо интернету принтер дошта бошед, худатон метавонед қариб ба 400 забон адабиёти гуногунро чоп кунед? Масалан бо чунин тарз:
• Ба www.watchtower.org — веб–сайти расмии мо дароед.
• Дар тарафи рости саҳифаи асосӣ қисман рӯйхати забонҳо оварда шудааст. Расми глобусро зер кунед, то ки рӯйхати ҳамаи забонҳои мавҷуда пайдо шаванд.
• Забонеро, ки ба шумо даркор аст, зер кунед. Саҳифае пайдо мешавад, ки дар он шумо метавонед рисолаҳо, брошурҳо ва мақолаҳоро чоп кунед. Он саҳифа ба забони интихобкардаатон навишта шудааст ва агар шумо номи адабиётро нафаҳмед, ба ташвиш наоед.
• Яке аз онҳоро зер кунед. Сипас он маълумот дар экрани шумо пайдо мешавад ва шумо метавонед онро чоп кунед.