ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • km 7.11 саҳ. 2
  • Оё фарзандонатон тайёранд?

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Оё фарзандонатон тайёранд?
  • Хизмат ба Салтанати Худо 2011
  • Маводи монанд
  • Оё шумо ба мактаб тайёред?
    Хизмат ба Салтанати Худо 2009
  • Хушбахтии оила. Қисми 2
    То абад зинда бошед! Омӯзиши Китоби Муқаддас
  • Волидон, фарзандонатонро таълим диҳед, то Яҳуваро дӯст доранд!
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2019
  • Волидон, меҳри Яҳуваро дар дили фарзандонатон ҷо кунед
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2022
Маълумоти бештар
Хизмат ба Салтанати Худо 2011
km 7.11 саҳ. 2

Оё фарзандонатон тайёранд?

1. Чаро ба мактаббачаҳо зарур аст, ки тайёрӣ бинанд?

1 Соли нави хониш наздик шуда истодааст. Фарзандони шумо бешубҳа бо душвориҳову фишорҳои нав рӯ ба рӯ мешаванд. Онҳо ҳамчунин барои «ба ростӣ шаҳодат» додан имкониятҳои нав пайдо хоҳанд кард (Юҳ. 18:37). Оё онҳо тайёранд?

2. Барои тайёр будан, фарзандонатон бояд чиро донанд?

2 Оё фарзандонатон пурра мефаҳманд, ки иштирок дар маросимҳои миллӣ, идҳои бо бутпарастӣ алоқамандбуда чиро дар бар мегирад ва чаро ин нодуруст аст? Оё онҳо тайёранд, ки ба фишори гирифтани маълумоти олӣ, мулоқоти ошиқона ва истеъмоли арақ, сигор ё нос, аз ҷумла нашъа муқобилат кунанд? Оё онҳо фақат мегӯянд, ки ин корҳо зидди динашон аст? Ё онҳо чӣ тавр фаҳмондани эътиқодашонро медонанд? (1 Пет. 3:15).

3. Чӣ тавр волидон барои тайёр кардани фарзандонашон шоми ибодати оилавиро истифода бурда метавонанд?

3 Шоми ибодати оилавиро истифода баред. Албатта дар давоми соли хониш ҳангоми пайдо шудани душвориҳои нав ба шумо лозим меояд, ки бо фарзандонатон онҳоро муҳокима кунед. Агар шумо пеш аз саршавии мактаб кӯшиш кунед, ки душвориҳои дар мактаб пайдомешударо муҳокима намоед, ин ба фарзандонатон эътимод мебахшад. Хуб мебуд, ки дар як ё якчанд рӯзи шоми ибодати оилавӣ ин душвориҳоро дида бароед. Шумо метавонед аз фарзандонатон пурсед, ки пеш аз сар шудани соли нави хониш онҳоро чӣ бештар ба ташвиш оварда истодааст. Азбаски кӯдакони шумо калонтар шудаанду фаҳмишашон васеътар гаштааст, метавонед саволҳои дар солҳои гузашта дида баромадаатонро аз нав такрор кунед (Забур 118:95). Шумо метавонед саҳначаҳоеро тайёр карда, худатон нақши муаллим ё дигар мактаббачаеро бозӣ кунед, ки ба фарзандатон фишор меорад. Фарзандонатонро таълим диҳед, ки дар асоси Китоби Муқаддас ҷавоб диҳанд ва китоби «Музокира» (рус.) ва китобҳои «Саволҳои ҷавонон»-ро (рус.) истифода баранд. Як модар ба воситаи саҳначаҳо фарзандонашро тайёр мекард, то дар аввали ҳар соли хониш муаллимони навро хабардор кунанд, ки онҳо Шоҳиди Яҳува ҳастанд. (Нигаред ба «Бурҷи дидбонӣ» (рус.) аз 15 декабри с. 2010, саҳ. 3–5.)

4. Волидони бохирад чӣ кор мекунанд?

4 Дар ин «замонҳои сахт»-и айёми охир ҷавонони масеҳӣ бо мушкилиҳое рӯ ба рӯ хоҳанд шуд, ки дар он дуруст рафтор карданашон душвортар мегардад (2 Тим. 3:1). Волидони бохирад дар бораи ин мушкилиҳо пешакӣ фикр мекунанд ва барои бар онҳо ғолиб омадан фарзандонашонро тайёр мекунанд (Мас. 22:3). Пеш аз сар шудани соли нави хониш, ҳама чизи аз дастатон меомадаро иҷро кунед, то ки ба фарзандонатон барои тайёр будан кӯмак расонед.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан