Оё шумо ба мактаб тайёред?
1. Дар вақти сар шудани мактаб, кадом имкониятҳо бароятон пайдо мешаванд?
1 Шумо, ҷавонони масеҳӣ, ба мактаб хоҳ бори аввал ё хоҳ соли навбатӣ рафтанӣ бошед ҳам, бо душвориҳои нав рӯ ба рӯ мешавед. Вале бароятон инчунин имкониятҳои нав пайдо мешаванд, то ки дар бораи ҳақиқат шаҳодат диҳед (Юҳ. 18:37). Оё шумо тайёрии хуб дидаед ва барои шаҳодат додан омода ҳастед?
2. Чӣ тавр шумо барои дар мактаб шаҳодат додан тайёред?
2 Барои дар ҳар ҷонибҳои ҳаёт муваффақ шудан, шумо аз Яҳува, волидон ва аз ғуломи мӯътамад ва доно таълими зиёд гирифтед (Мас. 1:8; 6:20; 23:23–25; Эфс. 6:1–4; 2 Тим. 3:16, 17). Акнун, шумо бешубҳа медонед, ки дар мактаб бо кадом душвориҳо дучор шуда метавонед. Бо гирифтани таълимоти Худо ва фаҳмидани он ки шумо бо киҳо рӯ ба рӯ мешавед, шуморо барои шаҳодат додан тайёр мекунад (Мас. 22:3). Он насиҳат ва кӯмаки Навиштаҳоеро, ки дар ду ҷилди китоби «Саволҳои ҷавонон» (рус.) ва мақолаҳое, ки доимо дар рубрикаи «Саволҳои ҷавонон» дар маҷаллаи «Бедор шавед!» (рус.) чоп мешаванд, бодиққат дида бароед.
3. Бо кадом роҳҳо шумо метавонед дар мактаб шаҳодат диҳед?
3 Шумо дар ин маҳалли махсуси худ метавонед, бо роҳҳои гуногун шаҳодат диҳед. Масалан, тарзи либоспӯшиву намуди зоҳирӣ, рафтору гуфтор, муносибати хуби шумо бо ҳамсинфону муаллимон ва ҳатто баҳоҳоятон, метавонанд ба одамон шаҳодати нағз бошанд. Вақте ки онҳо мебинанд, ки шумо дар ҳаёт принсипҳои мустаҳкам доред, онҳо метавонанд аз шумо чунин пурсанд: «Барои чӣ ту мисли дигарон нестӣ?» (Мал. 3:18; Юҳ. 15:19). Ҳамин тавр, барои шаҳодат додан ва дар бораи имони худ гап задан имконият пайдо мешавад (1 Тим. 2:9, 10). Дар давоми сол шумо шояд бо чунин душворӣ ба монанди, ҷашн гирифтани маросиму идҳои миллӣ дучор шавед. Агар аз шумо пурсанд, ки чаро дар онҳо иштирок намекунед, оё шумо фақат чунин ҷавоб медиҳед: «Ин бар зидди дини ман аст» ё «Ман Шоҳиди Яҳува ҳастам»? Ё ин ки шумо ин имкониятро истифода бурда, дар бораи Падари меҳрубонатон, Яҳува, шаҳодат медиҳед? Таҳти роҳнамоии Яҳува тайёрии хуб дида, шумо барои ба муаллимон, ҳамсинфон ва ба дигарон шаҳодат додан, хуб омода мешавед (1 Пет. 3:15).
4. Чаро шумо боварӣ доред, ки шуморо соли хониши бомуваффақият интизор аст?
4 Шояд шумо оиди мактабравӣ каме ташвиш мекашед, лекин дар хотир доред, ки бисёриҳо шуморо дастгирӣ мекунанд ва хоҳиш доранд, ки дар давоми соли хониш муваффақ шавед. Мо хеле хурсандем, ки шумо имконият доред, ки дар маҳалли махсуси худ шаҳодат диҳед. Барои ҳамин далерона ба мактаб равед!