ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • km 8.11 саҳ. 1
  • Бигзор исми Худо муқаддас бод

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Бигзор исми Худо муқаддас бод
  • Хизмат ба Салтанати Худо 2011
  • Маводи монанд
  • Исми бузурги Яҳуваро ҷалол диҳед
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2013
  • Ҳадияе барои хизматгорони Худо
    Хизмат ба Салтанати Худо 2010
  • Бигзор иродаи Худо иҷро шавад
    Хизмат ба Салтанати Худо 2011
Хизмат ба Салтанати Худо 2011
km 8.11 саҳ. 1

Бигзор исми Худо муқаддас бод

1. Дар соли хизматии 2012, мавзӯи барномаи анҷумани ноҳиявӣ кадом аст ва он бар чӣ асос меёбад?

1 Чӣ шарафи бузургест, ки мо дар худ исми Ҳокими Даҳр, Яҳуваро, дорем! Худи Худо ба мо имконият дод, ки номи Ӯро дар худ дошта бошем. Бахусус аз соли 1931, ба шарофати номи Яҳува моро чун Шоҳидони Яҳува мешиносанд (Иш. 43:10). Дар дуои намунавӣ дар ҷои аввал гузоштани номи Худо нишонаи он буд, ки Писари ягоназодаш, Исо, номи Ӯро хеле қадр мекард (Мат. 6:9). Дар соли хизматии 2012, мавзӯи барномаи анҷумани ноҳиявӣ бар ин суханони Исо асос меёбад. Номи ин анҷуман чунин аст: «Бигзор исми Худо муқаддас бод».

2. Мо шунидани кадом фикрҳоро интизорем?

2 Чиро мо гӯш хоҳем кард. Рӯзи шанбе нутқи «Чун ходимони пурравақт номи Худоро машҳур гардонед» садо медиҳад. Ва дар он муҳокима карда мешавад, ки чаро хизмати пурравақт дар ҳаёт роҳи арзанда аст. Мо ҳамчунин силсиланутқи «Аз доғдор кардани номи Худо дар канор бошед»-ро гӯш хоҳем кард. Он ба мо барои наафтодан ба чор доми махсус кӯмак мерасонад. Нутқи «Чаро исми Худо бояд муқаддас гардад» ба саволҳои зерин ҷавоб хоҳад дод: Вақте ки одамон шавқи кам зоҳир мекунанд, чӣ ба мо кӯмак мерасонад, ки боғайратона мавъиза кунем? Чӣ ба мо кӯмак мерасонад, ки хизматамон самаранок бошад? Дар рӯзи якшанбе мо аз чор қисми силсиланутқ ҳаловат бурда, мефаҳмем, чӣ тавр мо бо тарзи фикрронӣ, суханронӣ, рафтор ва қарорҳоямон исми Худоро муқаддас карда метавонем. Навомадагиҳо шунидани нутқи «Яҳува исми бузургашро дар Ҳармиҷидӯн муқаддас мегардонад»-ро хеле қадр хоҳанд кард.

3. Мо чӣ гуна имконияти олиҷаноб дорем ва барнома ба мо чӣ тавр кӯмак хоҳад кард?

3 Ба наздикӣ Яҳува барои муқаддас гардондани номи худ амал хоҳад кард (Ҳиз. 36:23). То омадани он рӯз, мо имконияти олиҷаноб дорем, ки ҳамаи он чизе ки бо номи муқаддаси Яҳува алоқаманд аст, дастгирӣ кунем. Мо боварии комил дорем, ки ин барномаи анҷумани ноҳиявӣ ба ҳар яки мо кӯмак мерасонад, то мо чун дорандагони исми Худо масъулияти ҷиддиамонро иҷро кунем.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан