ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • km 8.10 саҳ. 1
  • Ҳадияе барои хизматгорони Худо

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Ҳадияе барои хизматгорони Худо
  • Хизмат ба Салтанати Худо 2010
  • Маводи монанд
  • Анҷумани ноҳиявӣ барои ҳифз кардани рӯҳониятамон кӯмак мерасонад
    Хизмат ба Салтанати Худо 2009
  • Ақлу ҳуши худро ҳифз кунед
    Хизмат ба Салтанати Худо 2012
  • Барномаи нави анҷумани ноҳиявӣ
    Хизмат ба Салтанати Худо 2008
Хизмат ба Салтанати Худо 2010
km 8.10 саҳ. 1

Ҳадияе барои хизматгорони Худо

1. Соли 1938 кадом навоварӣ дароварда шуд ва бо кадом мақсад?

1 Соли 1938 дар ташкилоти Яҳува навоварие ба амал омад. Якчанд гурӯҳи ҷамъомадҳо ба анҷуманҳои минтақавӣ таклиф карда шуданд. Бо кадом мақсад? Дар «Ахборот»-и соли 1939 (ҳоло Хидмат ба Салтанати Худо ном дорад) ҷавоб дода мешавад: «Ин анҷуманҳо қисми фаъолияти ташкилоти теократии Яҳува буда, барои хизмат ба Салтанати Ӯ барпо гардидаанд. Панду насиҳатҳое, ки дар ин анҷуманҳо дода мешаванд, барои ҳар яки мо хеле муҳиманд, то ки кори ба мо супурдашуда босифат иҷро шавад». Соли 1938 танҳо 58 000 воиз буд ва вақте ки мо афзоиши шумораи воизони Салтанатро мебинем, маълум мегардад, ки анҷуманҳои минтақавӣ, ки ҳоло анҷуманҳои ноҳиявӣ ном доранд, мақсади худро иҷро карда истодаанд ва ба хизматгорони Худо кӯмак мерасонанд, ки кори ба онҳо супурдашударо ба ҷо оваранд.

2. Барои соли нави хизматӣ дар анҷуманҳои ноҳиявӣ чӣ гуна маълумот пешкаш хоҳад гардид?

2 Мавзӯи анҷумани ноҳиявӣ. Мо бетоқатона интизорем, ки барномаи анҷуманҳои ноҳиявие, ки аз моҳи сентябр сар мешаванд, ба мо рӯҳбаландии бузург хоҳад бахшид. Мавзӯи он бар Юҳанно 15:19 асос ёфта, чунин ном дорад: «Шумо аз ҷаҳон нестед». Кадом нутқҳо, бешубҳа, ба хизматгорони Худо манфиат хоҳанд овард? Дар рӯзи якуми анҷуман мо нутқи «Чӣ гуна хизмати пурравақт моро муҳофизат мекунад?»-ро хоҳем шунид. Инчунин силсилаи нутқҳое, ки аз се қисм иборат хоҳанд буд, садо хоҳанд дод: «Бигзор шуморо ... “Ҳайвони ваҳшӣ”, “Фоҳишаи бузург” ва “Тоҷирон” заҳролуд нагардонанд». Дар рӯзи дуюм мо силсилаи нутқҳоро дар мавзӯи «Яҳуваро дӯст бидоред, на ҷаҳонро» хоҳем шунид. Нутқҳои дигар бошад, инҳо хоҳанд буд: «Салтанати Исо–пайғамбар аз ин ҷаҳон нест», «Барои ин ҷаҳон чун ғарибу муҳоҷир монед» ва «Далеру ҷасур бошед! Шумо метавонед бар ҷаҳон ғолиб оед».

3. Иштирок дар анҷумани ноҳиявӣ ба мо чӣ гуна манфиат оварда метавонад?

3 Як хоҳар ба анҷумани ноҳиявие, ки ба наздикӣ гузашта буд, ташриф овард. Ӯ дар хизмат хеле суст шуда буд. Вале баъд аз ташриф овардан ба анҷуман ӯ навишт, ки барнома ӯро барангехт, ки шароиташро санҷида қарор кунад, ки «ба хизмат равад ва дигар баҳона накобад!» Бешубҳа барномаи анҷумани ноҳиявӣ барои соли нави хизматӣ ба ҳамаи мо ёрӣ хоҳад расонд, ки Яҳуваро дӯст дорем, на ҷаҳонро (1 Юҳ. 2:15–17). Тамоми кӯшишатонро ба харҷ диҳед, ки дар он иштирок кунед ва бодиққат бошед, то ки пурра аз ин ҳадияи пурмуҳаббат барои хизматгорони Худо, манфиат гиред!

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан