Пешниҳодоти намунавӣ
Сар кардани омӯзиши Китоби Муқаддас дар якум шанбеи моҳи октябр
«Дар ин замонаҳои душвор ҳамаи мо бо мушкилиҳое дучор мешавем, ки ба оила таъсири бад мерасонанд. Ба фикри шумо, мо аз куҷо роҳнамоии боваринок ёфта метавонем, ки барои хушбахтии ҳаёти оилавӣ кӯмак мекунад? [Ба ҷавоб гӯш диҳед.] Китоби Муқаддас мегӯяд, ки Офаридгори мо Худои хушбахт аст ва Ӯ оиларо барои он барпо кардааст, ки мо низ хушбахт бошем. Худо ба шавҳарон ва занон барои хушбахт будан чӣ мегӯяд? [Ибриён 13:4–ро бихонед.] Пас, Худо интизор аст, ки шавҳарон ва занон ба якдигар содиқ бошанд. Худо танҳо дар он вақт ба онҳо ҷудо шуда аз нав издивоҷ карданро иҷозат медиҳад, ки агар ҳамсари онҳо зино содир кунад. [Матто 19:3–6, 9-ро бихонед.]» Дар бораи вохӯрии навбатӣ маслиҳат кунед, то ки саволи зеринро муҳокима намоед: «Зану шавҳар бо якдигар бояд чӣ гуна муносибат кунанд?»
Сӯҳбат дар асоси Китоби Муқаддас
◼ Баъзе одамон фикр мекунанд, ки мо бояд аз тарси ҷазо Худоро ибодат кунем. Ба фикри шумо оё ин дуруст аст?
2 Петрус 3:9 — Худо на ба хатогиҳоямон, балки ба хислатҳои хуби мо аҳамият медиҳад.
Матто 22:36–38 — Худо мехоҳад, ки мо ба Ӯ аз муҳаббат хизмат кунем, на ин ки аз тарс.
◼ Ба фикри шумо дар тарбияи фарзандон имрӯз душвории калонтарин кадом аст?
Ғалотиён 6:7 — Фарзандон бояд фаҳманд, ки рафтори онҳо оқибат дорад.
Эфсӯсиён 4:31 — Ба волидон муҳим аст, ки вақти ҷазо додани фарзандон ба онҳо хашму ғазаби худро фурӯ нарезанд.