Намуна барои пешниҳодот
Сар кардани омӯзиши Китоби Муқаддас дар якум шанбеи моҳи октябр
«Мо бо одамон оиди ҳукуматдорие сӯҳбат мекунем, ки барои нест кардани душвориҳо аз ҷумла зӯроварӣ ва беадолатӣ қодир аст. Ба фикри шумо оё чунин ҳукуматдорӣ вуҷуд дорад? [Ба ҷавоб гӯш диҳед.] Дар Китоби Муқаддас оиди вақте пешгӯӣ шудааст, ки дар таҳти роҳбарии Худо ҳатто марг нест карда мешавад. [Ваҳй 21:4-ро хонед.] Барои иҷро кардани ин, Худо ҳукумати осмониеро барпо кардааст, ки дар осмон аллакай роҳбарӣ мекунад. [Ваҳй 11:15, 18-ро хонед.]» Дар бораи вохӯрии навбати маслиҳат кунед, то ки саволи зеринро муҳокима намоед: «Ба туфайли Подшоҳии Худо боз кадом баракатҳо ба даст оварда мешавад?»
Сӯҳбат дар асоси Китоби Муқаддас
◼ Қариб ҳар рӯз мушоҳида кардан мумкин аст, ки чӣ тавр инсоният аз душвориҳои зиёд азоб мекашад. Ба фикри шумо оё давлатҳои тамоми ҷаҳон ранҷу азобро бартараф карда метавонанд?
Ваҳй 21:4 — Танҳо Худо ба тамоми инсоният кӯмак карда метавонад.
Матто 24:14 — Барои нест кардани ранҷу азоб, Худо, Подшоҳии худро истифода мебарад.
◼ Имрӯз бисёр одамон фикр мекунанд, ки муваффақ будан аз боигарӣ вобаста аст. Ба фикри шумо барои дар ҳақиқат муваффақ будан, шахс бояд сарватдор бошад?
Воиз 5:10 — Тарзи ҳаёти зарпарастона қаноатмандӣ намеорад. Дар асл, чизпарастӣ ба мо на қаноатмандӣ балки ҳиссиёти норозигӣ аз ҳаёт ва ташвишҳои зиёд меорад.
Луқо 12:15 — Вақте мо дар пеши худ ба даст овардани чизеро мақсад монем, ки натиҷаҳои он аз сарвату боигарӣ ҳам арзиши зиёд дорад, мо дар ҳаёт шахсони дар ҳақиқат комёб хоҳем буд.