Ба соҳибхона кӯмак кунед, ки мулоҳиза ронад
1. Кадом тарзи мавъизакунӣ беҳтар аст?
1 Кадом тарзи мавъизакунӣ самараноктар аст: агар ба соҳибхона сахту рӯирост гап занем ё ба ӯ ёрӣ расонем, ки мулоҳиза ронад ва ба хулосаи дуруст ояд? Павлуси ҳавворӣ ҳангоми бо яҳудиёни шаҳри Таслӯникӣ сӯҳбат карданаш дуюм тарзро истифода бурд ва дар натиҷа баъзе аз онҳо «имон оварданд» (Аъм. 17:2–4). Бо дигарон мулоҳиза рондан чӣ маъно дорад?
2. Ҳангоми мавъизаи хушхабар мо чӣ тавр ба намунаи Павлус пайравӣ карда метавонем?
2 Ҳиссиёт ва маданияти шахсро ба назар гиред. Бо одамон мулоҳиза карда мо ҳиссиёти онҳоеро, ки дар маҳалли мо зиндагӣ мекунанд, ба назар мегирем. Павлус бо юнониёни бутпарасти Арюпогус сӯҳбатро бо чизҳое, ки барояшон шинос буду онҳо бо он розӣ буданд, сар кард (Аъм. 17:22–31). Пас, вақте ки шумо пешниҳод тайёр мекунед, ба назар гиред, ки одамони маҳаллатон ба чӣ эътиқод доранд ва нисбати чӣ бадгумонӣ доранд (1 Қӯр. 9:19–22). Агар соҳибхона бо шумо розӣ набошад, кӯшиш кунед, ки ягон чизи умумӣ ёбед ва сӯҳбататонро дар асоси он давом диҳед.
3. Чӣ тавр моҳирона истифода бурдани саволҳо ба мо кӯмак мекунад, ки бо дигарон мулоҳиза кунем?
3 Моҳирона аз саволҳо истифода баред. Агар касе аз мо роҳро пурсад, барои ба ӯ кӯмак кардан мо аввал бояд донем, ки ӯ дар куҷо аст. Ба ин монанд, барои ба хулосаи дуруст омадани соҳибхона ба мо лозим аст, ки аввал фикру ақидаи ӯро донем. Пеш аз он ки бо шунавандагонаш мулоҳиза ронад, Исо бисёр вақт барои фаҳмидани тарзи фикрронии шахс ба ӯ савол медод. Масалан, вақте ки шахсе ба Исо чунин савол дод: «Чӣ кунам, ки вориси ҳаёти ҷовидонӣ шавам?», Исо пеш аз ҷавоб додан кӯшиш кард, ки нуқтаи назари ӯро фаҳмад (Луқ. 10:25–28). Дар мавриди дигар, вақте ки Петрус ҷавоби нодуруст дод, Исо моҳирона саволҳоро истифода бурда тарзи фикрронии ӯро дуруст кард (Мат. 17:24–26). Аз ин рӯ, агар соҳибхона савол диҳад ё ягон фикру ақидаи нодурустро баён кунад, мо метавонем аз саволҳо истифода бурда ба ӯ кӯмак кунем, ки дар ин бора мулоҳиза ронад.
4. Чаро мо бояд ба соҳибхона барои мулоҳизаронӣ кӯмак кунем?
4 Вақте ки мо ба соҳибхона барои мулоҳизаронӣ кӯмак мекунем, мо ба Устоди Бузург, Исо, ва ҳамчунин ба воизони моҳири асри як пайравӣ мекунем. Ҳамчунин, бо ин роҳ мо ба соҳибхона ҳурмату эҳтиром зоҳир мекунем (1 Пет. 3:15). Дар натиҷа, ӯ шояд розӣ шавад, ки мо бори дигар наздаш биёем.