Маҳорати таълимдиҳии худро дар хизмат беҳтар мегардонем. Ҷавоб додан ба норозигиҳое, ки сӯҳбатро бозмедоранд
Чаро ин муҳим аст. Тасаввур кунед, ки шумо дар бораи офати табии омадаистода хабар доред. Одамон агар ба паноҳгоҳе нагурезанд, ҳаёташонро аз даст хоҳанд дод. Шумо ба хонаи ҳамсояатон рафта ӯро огоҳ мекунед, аммо вай бошад сухани шуморо бурида мегӯяд, ки банд аст. Бешубҳа, шумо баъди ин дарҳол аз кӯмак кардан ба ӯ даст намекашед. Ба ин монанд бисёриҳо дар минтақаи мо ба хушхабар беэътиноӣ менамоянд ва дарк намекунанд, ки аз ин хабар ҳаёташон вобаста аст. Ҳангоми ташрифи мо шояд онҳо бо кори ҳаррӯза банданд (Мат. 24:37–39). Ё ин ки аз сабаби овозаҳои нодуруст, нисбати мо бадгумонӣ доранд (Мат. 11:18, 19). Шояд онҳо боварӣ доранд, ки мо аз дигар динҳое ки самари бад меоранд, фарқияте надорем (2 Пет. 2:1, 2). Агар соҳибхона бори аввал шавқ зоҳир накунад ҳам, мо набояд дарҳол аз кӯмак кардан ба ӯ, даст кашем.
Инро чӣ тавр бояд кард:
• Пеш аз мавъизаи хона ба хона лаҳзае фикр кунед, ки бо чӣ гуна норозигиҳое, ки сӯҳбатро боз дошта метавонанд, рӯ ба рӯ шуданатон мумкин аст ва чӣ тавр ба онҳо ҷавоб бояд дод.
• Агар соҳибхона норозигӣ баён кунад, кӯшиш кунед, то сӯҳбатро бо мулоимӣ давом диҳед. Шояд шумо инро бо таъриф намудани ӯ карда тавонед. Масалан, агар ӯ гӯяд ки дини худро дорад, шумо метавонед чунин ҷавоб диҳед: «Ман умед доштам бо шахсе вохӯрам, ки мисли шумо ба чизҳои рӯҳонӣ шавқ дорад». Баъзан ба назар гирифтани ҳиссиёти соҳибхона ва ҳолатҳо ба мо имконият медиҳанд, ки шаҳодат доданро давом диҳем. Ё агар шахс гӯяд, ки ӯ банд аст, шумо чунин гуфта метавонед: «Ман мефаҳмам. Лекин пеш аз рафтанам, мехоҳам инро ба шумо диҳам». Тарзи дигар ин додани савол аст. Масалан, агар соҳибхона гӯяд, ки ӯ шавқ надорад, шумо пурсида метавонед: «Оё шумо ба Китоби Муқаддас шавқ надоред ё ки умуман дин ба шумо шавқовар нест?»
• Дурандеш бошед. Дар ёд доред, ки Яҳува ҳеҷ касро барои гӯш кардан маҷбур намекунад (Такр. Ш. 30:19). Ҳар кас бояд бори масъулияти рӯҳонии худро худаш бардорад (Ғал. 6:5). Агар соҳибхона бо қатъият гуфтаҳои моро рад кунад, беҳтараш сӯҳбатро бас карда аз он ҷо равед. Бо нишон додани ҳурмат ба ҳиссиёти шахс мо имконият медиҳем, ки дар оянда дигар воиз омада шаҳодат диҳад (1 Пет. 3:15).
Дар давоми моҳ инро санҷида бинед:
• Вақте ки шумо бо норозигие, ки сӯҳбатро бозмедорад рӯ ба рӯ мешавед, баъди аз пеши соҳибхона рафтан бо ҳамроҳатон муҳокима кунед, ки чӣ тавр бо тарзи беҳтар ба ин норозигӣ ҷавоб дода метавонистед.