ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
Тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • km 5.12 саҳ. 1
  • Дар вақти хизмат эҳтиёткор бошед

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Дар вақти хизмат эҳтиёткор бошед
  • Хизмат ба Салтанати Худо 2012
  • Маводи монанд
  • Оё шумо хизмати худро пурра ба ҷо меоред?
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2019
  • Дар хизмати худ мувофиқи Қоидаи тиллоӣ рафтор кунед
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2014
  • Оё шумо аз хизмат дар минтақа манфиат мегиред?
    Хизмат ба Салтанати Худо 2013
  • Дар хизмат хурсандиро нигоҳ доред
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2021
Маълумоти бештар
Хизмат ба Салтанати Худо 2012
km 5.12 саҳ. 1

Дар вақти хизмат эҳтиёткор бошед

1. Барои чӣ дар вақти хизмат эҳтиёткор будан зарур аст?

1 «Монанди гӯсфандон... миёни гургон» ходимони Худо «дар миёни насли саркаш ва фосид» мавъиза мекунанд (Мат. 10:16; Фил. 2:15). Хабарҳо оиди нотинҷию нооромиҳо, ҳамлаҳои бераҳмонаи гурӯҳи одамони бахашмомада, кӯдакдуздӣ ва дигар ҳодисаҳои даҳшатнок торафт бештар ба гӯш мерасанд. Ин нишон медиҳад, ки одамони бад «боз ҳам бадтар гардида» истодаанд (2 Тим. 3:13). Ба кор бурдани кадом принсипҳои Китоби Муқаддас ба мо ёрӣ медиҳанд, ки дар вақти хизмат ҳушёру зирак бошем? (Мат. 10:16).

2. Дар кадом ҳолат бохирадона мебуд, ки маҳалларо тарк карда, дар дигар ҷой мавъизаро давом диҳем?

2 Дурандешона рафтор кунед. Дар Масалҳо 22:3 гуфта мешавад, ки барои худро аз нохушиҳо эмин доштан хирад лозим аст, яъне бояд ҳамавақт ҳушёру эҳтиёткор бошем. Баъзан вазъият дар муҳити атрофе, ки одатан бехатар аст метавонад ногаҳон дигаргун шавад. Чунин шуда метавонад, ки дар кӯча милисаҳо ва дигар одамон ҷамъ шудан мегиранд, ё шояд худи соҳибхона шуморо аз хатар огоҳ мекунад. Дар чунин ҳолат ба ҷои кунҷкобӣ карда аз он маҳалла дер рафтан, дурандешона мебуд, ки онро ҳар чи зудтар тарк кунед ва мавъизаро дар дигар ҷой давом диҳед (Мас. 17:14, Юҳ. 8:59, 1 Тас. 4:11).

3. Чӣ тавр принсипи дар Воиз 4:9 бударо дар хизмат ба кор бурдан мумкин аст?

3 Дукаса мавъиза кунед. «Ду нафар аз як нафар беҳтаранд», гуфта мешавад дар Воиз 4:9. Шояд шумо ба он одат карда будед, ки танҳо хизмат кунед ва ин ягон хатар надошт, вале оё ҳозир чунин рафтор кардан бехатар аст? Дар баъзе мавридҳо, ҳа. Вале дар мавридҳои дигар ин метавонад хатарнок бошад, масалан, агар хоҳар ё воизи ҷавон шомгоҳон хона ба хона танҳо мавъиза кунад. Таҷриба нишон медиҳад, ки доштани ҳамроҳи ҳушёру бодиққат нақши хеле калон мебозад (Воиз 4:10, 12). Ҳангоми бо гурӯҳ мавъиза кардан, оид ба бехатарии ҳамроҳонатон бепарво набошед ва вақте ки аз минтақа меравед огоҳ кардани дигаронро фаромӯш накунед.

4. Чӣ тавр мо метавонем ба бехатарии худ ва дигар аъзоёни ҷамъомад мусоидат кунем?

4 Пирони ҷамъомад, ки «ҳамеша ғами ҷонҳои шуморо мехӯранд», ба додани маслиҳатҳои амалии ба шароити маҳаллӣ мувофиқ масъуланд (Ибр. 13:17). Агар мо фурӯтанӣ нишон дода, ба пуррагӣ бо онҳо ҳамкорӣ кунем, Яҳува албатта моро баракат хоҳад дод (Мик. 6:8; 1 Қӯр. 10:12). Биёед чун хизматгорони Худо дар маҳалли худ самаранок шаҳодат дода, ҳамзамон ба андозаи даркорӣ эҳтиёткор буданро аз хотир набарорем.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • Тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан