Оё шумо аз хизмат дар минтақа манфиат мегиред?
1. Минтақа чист?
1 Минтақа чист? Ин маҳаллест, ки дар ҷамъомади ҳудудаш калон шахсан ба воиз дода мешавад. Чунин маҳалл метавонад дар наздикии ҷои истиқомати ӯ ҷойгир бошад. Дар саҳифаи 103-и китоби «Созмоншудагон» (рус.) фаҳмонда шудааст: «Агар минтақаи барои мавъиза гирифтаатон дар наздикӣ ҷойгир бошад, шумо метавонед вақти барои хизмат ҷудокардаро самараноктар истифода баред. Ба ғайр аз ин, шумо метавонед дигар воизонро барои якҷоя дар он ҷо хизмат кардан даъват кунед».
2. Чӣ тавр мо ҳатто агар минтақаи худро дошта бошем ҳам, метавонем вохӯриҳо барои мавъизаро дастгирӣ кунем?
2 Иштирок дар вохӯриҳо барои мавъиза. Агар шумо минтақаатонро дар наздикии ҷои коратон гиред, он гоҳ метавонед дар вақти танаффус ё пеш аз хона рафтан дар он ҷо хизмат кунед. Ҳамчунин шумо метавонед бо воизе, ки ҷои кораш дар наздикӣ аст, ҳамкорӣ намоед. Ё агар минтақаро дар пеши хонаи худ гиред, ин барои шумо ва оилаатон хеле қулай хоҳад буд, то ки бегоҳиҳо якҷоя хизмат кунед. Натанҳо дар вохӯрӣ барои мавъиза, балки дар дигар вақтҳо ҳам дуруст мебуд, ки пеш аз сар кардани мавъиза дар дуо аз Яҳува роҳнамоӣ пурсед (Фил. 4:6). Ҳатто агар шумо минтақаи худро дошта бошед ҳам, хуб мебуд, ки дар вохӯриҳо барои мавъиза, хусусан дар рӯзҳои истироҳат, вақте ки бисёриҳо барои хизмати мавъиза вомехӯранд, иштирок кунед.
3. Хизмат дар минтақа чӣ гуна манфиатҳо меорад?
3 Манфиатҳо. Агар шумо минтақа дошта бошед, ҳар вақте имконият пайдо шавад, метавонед ба он ҷо рафта, мавъиза кунед ва ҳамин тавр вақти бештарро барои хизмат сарф кунед. Ин тавр истифода бурдани вақт ба баъзеҳо имконият медиҳад, ки чун пешрави ёвар ё доимӣ хизмат кунанд. Агар минтақаатон дар наздикӣ бошад, шумо метавонед ба осонӣ назди шавқмандони дар он ҷо ёфтаатон равед ва бо онҳо омӯзиши Китоби Муқаддас гузаронед. Бисёр воизон фаҳмиданд, ки мавъиза дар минтақа ба онҳо ёрӣ медиҳад, ки бо одамони маҳалла шинос шаванд ва боварии онҳоро зиёдтар кунанд. Баъд минтақаро супоридан лозим аст, то онро дигар воизон гиранд. Оё шумо ва оилаатон метавонед дар минтақа мавъиза карда, хизмати худро ба таври пурра иҷро намоед? (2 Тим. 4:5).