Виҷдони худро ҳифз кунед
1. Анҷумани махсуси соли хизматии 2013 чӣ ном дорад ва мақсади ин анҷуман дар чист?
1 Ҳар рӯз мо бо ҳолатҳое дучор мешавем, ки метавонанд виҷдони моро нопок созанд. Барои ҳамин дар соли хизматии 2013, ки аз 1 сентябри соли 2012 сар мешавад, анҷумани махсуси якрӯза «Виҷдони худро ҳифз кунед» ном гирифт (1 Тим. 1:19). Барномаи ин анҷуман ба ҳар яки мо кӯмак мерасонад, ки ба тарзи истифода бурдани ин атои бебаҳои Офаридгорамон диққати ҷиддӣ диҳем.
2. Дар рафти барномаи анҷуман ба кадом саволҳои муҳим ҷавоб ёфтан мумкин аст?
2 Ба фикрҳои муҳими барнома диққат диҳед. Барномаи анҷуман ба ҳафт саволи асосии ба виҷдон дахлдошта ҷавоб медиҳад:
• Чӣ ба виҷдони мо зарар расонда метавонад?
• Чӣ тавр мо виҷдонамонро таълим дода метавонем?
• Чӣ кор карда метавонем, то хуни касе ба гардани мо набошад?
• Агар мо тарзи фикрронӣ ва рафторамон ба принсипҳои Китоби Муқаддас мувофиқат кунонем, ин дар бораи мо чиро ошкор месозад?
• Чӣ тавр мо метавонем боэҳтиёт бошем, то дар масъалаҳои ба виҷдон дахлдошта дигаронро наранҷонем?
• Ҷавонон, чӣ тавр шумо ба фишори атрофиён, ки меъёрҳои баланди ахлоқиатонро вайрон кардан мехоҳанд, тоб оварда метавонед?
• Онҳое, ки мувофиқи виҷдони аз рӯи Калом таълимёфтаашон амал мекунанд, чӣ баракатҳоро ба даст меоранд?
3. Чӣ тавр аз барномаи анҷуман манфиат гирифта метавонем?
3 Бо кӯмаки Яҳува мо ба кӯшишҳои Шайтон, ки мехоҳад виҷдони моро нопок созад, муқобилат карда метавонем. Падари пурмеҳри осмонии мо тавассути Калом ва ташкилоти худ ба мо чунин мегӯяд: «Роҳ ин аст, бо он биравед» (Иш. 30:21). Барномаи ин анҷуман яке аз тарзҳое мебошад, ки Яҳува ба мо роҳ нишон медиҳад. Бинобар ин, корҳоятонро тавре тахт кунед, ки дар тамоми қисмҳои барномаи анҷуман ҳузур дошта бошед. Барномаро бодиққат гӯш кунед. Мулоҳиза намоед, ки чӣ тавр шахсан шумо ин маълумотро истифода бурда метавонед. Бо аҳли оилаатон оиди фикрҳои барнома сӯҳбат намоед. Агар аз рӯи дастуроти гирифтаамон амал кунем, мо минбаъд низ виҷдонамонро пок нигоҳ дошта метавонем ва намегузорем, ки вақтхушиҳои гузарандаи ҷаҳони Шайтон моро аз роҳе, ки Яҳува нишон медиҳад, дур созанд (1 Пет. 3:16).