Вохӯриҳо барои мавъиза
1. Барои чӣ мо мехоҳем, ки бо тартибу низом мавъиза кунем?
1 Исо барои аз рӯи тартибу низом ва самарабахш иҷро кардани кори Салтанат намунаи хуб гузошт. Онҳое ки барои кори мавъизаи умумиҷаҳонии Салтанат вазифадоранд, бисёр мехоҳанд, ки ин кор имрӯз низ бо чунин тарз иҷро шавад. Бо ин мақсад дар ҷамъомадҳои тамоми ҷаҳон воизон ба гурӯҳҳое, ки барояшон вохӯриҳо барои мавъиза гузаронда мешаванд, тақсим карда шудаанд (Мат. 24:45–47; 25:21; Луқ. 10:1–7).
2. Мақсади вохӯрӣ барои мавъиза дар чист?
2 Мақсади вохӯрӣ. Дар вохӯриҳо барои мавъиза, воизон маслиҳатҳои фоидаовар, роҳнамоӣ ва ҳамчунин рӯҳбаландӣ мегиранд. Агар ояти Китоби Муқаддас ба мавъиза мувофиқ бошад, онро дар вохӯрӣ ба таври кӯтоҳ дида баромадан мумкин аст. Инчунин маслиҳатҳои мувофиқро аз «Хидмат ба Салтанати Худо», аз китоби «Музокира» (рус.), ё аз китоби «Мактаби таълими мавъиза» (рус.) муҳокима кардан мумкин аст. Ё пешкаш кардани адабиётеро, ки пешниҳод карда мешавад, кӯтоҳ нишон додан мумкин аст. Пеш аз он ки вохӯрӣ бо дуо тамом шавад, ҳама бояд ҳамроҳи кӣ ба мавъиза рафтанашонро донанд ва инчунин бояд донанд, ки маҳалле, ки дар он бояд мавъиза кунанд, дар куҷо ҷойгир аст. Ин вохӯрӣ набояд аз 15-дақиқа зиёд гузарад. Баъди он ҳама бояд даррав ба маҳаллашон равона шаванд.
3. Кӣ бояд вохӯриҳо барои мавъизаро ташкил кунад?
3 Кӣ бояд вохӯриҳо барои мавъизаро ташкил кунад? Нозири хидматӣ ҷавобгар аст, ки дар ҷамъомад вохӯриҳо барои мавъиза аз рӯи тартибу низом гузаранд. Нозирони гурӯҳ ё ёрдамчиёни онҳо бояд дар рӯзҳои истироҳат бо гурӯҳҳои худ дар хизмат иштирок кунанд. Баъзе нозирон ё ходимони ёвар, метавонанд дар рӯзҳои корӣ бо гурӯҳҳои худ мавъиза кунанд. Ба нозирони гурӯҳ зарур аст, ки бо нозири хидматӣ зич ҳамкорӣ кунанд, то ки дар рӯзҳои истироҳат гурӯҳҳои худро бо маҳаллҳо барои дар мавъизаи хона ба хона иштирок кардан, таъмин кунанд. Дар рӯзҳои корӣ, нозири хидматӣ, касонеро ки вохӯриҳо барои мавъизаро мегузаронанд, бо маҳаллҳо таъмин мекунад.
4–6. a) Вохӯриҳо барои мавъиза бо кадом мақсад гузаронда мешаванд? б) Кай ва дар куҷо гузарондани вохӯриҳо барои мавъизаро чӣ гуна метавон муайян кард?
4 Вохӯриҳо кай ва дар куҷо бояд гузаранд. Ба ҷои он ки тамоми ҷамъомад дар як ҷо ҷамъ шаванд, пирон бояд ин вохӯриҳоро дар ҷойҳои қулай ташкил кунанд. Одатан вохӯриҳоро метавон дар минтақаи (территория) ҷамъомад дар хонаҳои шахсӣ гузаронд, то ки минтақаи ҷамъомад самаранок мавъиза карда шавад. Вохӯриҳоро ҳамчунин дар Толорҳои Салтанат гузарондан мумкин аст. Бисёр ҷамъомадҳо пас аз якчанд дақиқаи тамом шудани нутқ ва омӯзиши «Бурҷӣ дидбонӣ» дар Толорҳои Салтанат вохӯрӣ барои мавъизаро мегузаронанд. Кӯшиш бояд кард, ки барои ба маҳал расидан ҳар чӣ камтар вақт сарф шавад. Аз ин рӯ, барои дар минтақаи худ пурра ва самаранок мавъиза кардан, ҷои гузаштани вохӯрӣ барои мавъизаро иваз кардан мумкин аст.
5 Кай ва чанд бор гузарондани вохӯрӣ барои мавъиза, аз хусусияти минтақа вобаста аст. Дар поён саволҳое оварда шудаанд, ки барои кай ва дар куҷо гузарондани ин вохӯриҳо ёрӣ мерасонанд.
6 Кадом маҳаллҳо диққати зиёдтарро ба худ талаб мекунанд? Барои мавъизаи хона ба хона кадом вақт беҳтар буда метавонад? Барои бегоҳ хидмат кардан, кадом тарзи хидматро ба нақша гирифтан беҳтар аст: мавъизаи хона ба хона ё боздид кардан? Ҷадвали вохӯрӣ барои мавъизаро бар тахтаи эълонҳо овехтан зарур аст. Барои ҳар воиз лозим аст, ки дар минтақаи таъиншудааш пурра мавъиза кунад. Чунин амал карда, ӯ метавонад мисли Павлуси расул гӯяд: «Маро дар ин кишварҳо дигар коре нест» (Рум. 15:23).
7. Шахсе ки барои гузарондани вохӯрӣ барои мавъиза таъин шудааст, дар бораи чӣ бояд ғамхорӣ кунад?
7 Гузарондани вохӯриҳо барои мавъиза. Шахсе ки барои гузарондани ин вохӯрӣ таъин карда шудааст, бояд ба он хуб тайёрӣ бинад. Бо ин, ӯ ба ин тартиботи теократӣ ҳурмат зоҳир мекунад. Ин вохӯриҳо бояд сари вақт сар шаванд ва дар он насиҳати фоидаовар дода шавад ва дар муддати 10–15 дақиқа гузарад. Пеш аз сар шудани вохӯрӣ баранда бояд барои гурӯҳ маҳаллҳо дошта бошад. Баъд аз тамом шудани вохӯрӣ дермондагонро интизор шудан лозим нест, лекин барои онҳо дар бораи дар куҷо мавъиза кардани гурӯҳ маълумот мондан мумкин аст. Даррав баъд аз тамом шудани вохӯрӣ ҳама бояд ба маҳаллҳои таъиншудаашон равона шаванд. Вохӯрии хуб тартиб додашуда ва пурмазмун бешубҳа ба ҳамаи ҳозирон барои ба хидмат тайёр шудан кӯмак мерасонад (Мас. 11:14).
8. Чӣ гуна онҳое ки ба вохӯрӣ барои мавъиза меоянд, метавонанд бо касе ки онро мегузаронад, ҳамкорӣ кунанд?
8 Ташрифорӣ ба вохӯриҳо барои мавъиза. Ҳамкорӣ хеле муҳим аст (Ибр. 13:17). Агар имкон бошад касе, ки вохӯриро мегузаронад, бояд ба шахсе ки ҳамроҳ надорад, кӯмак кунад. Хеле хуб мебуд, ки воизони ботаҷриба дар ин вохӯрӣ иштирок карда ба воизони нав ва камтаҷриба кӯмак расонанд. Касоне ки барои бо воизони дигар ҳамкорӣ кардан тайёранд, одатан дар хидмат ба манфиати дигарон мусоидат мекунанд (Мас. 27:17; Рум. 15:1, 2). Ҳама бояд кӯшиш кунанд, ки дар вақти муқарраршуда ҷамъ шаванд. Эҳтироми мо ба ин тартиботи теократӣ ва ғамхорӣ баҳри ҳамроҳонамон моро бармеангезад, ки бо омодагӣ аз рӯи ин дастурот амал кунем (2 Қӯр. 6:3, 4; Фил. 2:4).
9. Чӣ тавр пешравон ин тартиботро дасгирӣ карда метавонанд?
9 Иштироки пешравон. Иштироки пешравон дар вохӯрӣ барои мавъиза барои ҳамагон хеле боарзиш ва рӯҳбаландкунанда аст. Бешубҳа, пешравон вазифаҳои зиёд доранд. Ғайр аз гузарондани омӯзишҳои Китоби Муқаддас ва боздидҳо, онҳо бояд инчунин вазифаҳои оилавиашонро иҷро кунанд ва кор кунанд. Барои ҳамин, аз пешравон набояд интизор шуд, ки онҳо ба ҳар вохӯрӣ барои мавъизае, ки ҷамъомад ташкил мекунад ташриф оранд, хусусан вақте ки ин вохӯриҳо ҳар рӯз мегузаранд. Вале шояд онҳо метавонанд дар як ҳафта ба якчанд вохӯриҳо барои мавъиза ташриф оранд. Дар вохӯриҳо барои мавъиза мо маслиҳатҳоеро гирифта метавонем, ки барои мавъиза корбурд ҳастанд. Пешравон дар мавъиза мунтазам иштирок карда, таҷрибаи бой ба даст оварданд ва онро дар вохӯрӣ ба дигарон медиҳанд. Онҳо бо ҷидду ҷаҳд мавъиза мекунанд ва вохӯриҳо барои мавъизаро дастгирӣ намуда, намунаи хуб мегузоранд. Иштироки фаъолонаи пешравон дар ин вохӯриҳо хеле қадр карда мешавад.
10. Барои чӣ бояд ҳамаи воизони Салтанат аз дилу ҷон ин тартиботро дастгирӣ кунанд?
10 Ба монанди Исо ва шогирдони ӯ, мо асосан хона ба хона шаҳодат дода, кори мавъизаи Салтанатро иҷро мекунем. Вохӯриҳо барои мавъиза ба мо барои якдигарро рӯҳбаланд кардан ва бомуваффақият дар хидмат иштирок намудан кӯмак мерасонанд. Ҳамаи воизони хушхабар бояд барои дастгирӣ намудани ин тартиботи теократӣ ҳамаи имкониятҳоро истифода баранд (Аъм. 5:42; 20:20). Барои ин ҳамаи қувватамонро сарф хоҳем кард. Бо чунин амал намудан ва бо мавъиза кардани хушхабари Салтанати Худо, мо дили Пешвои худ, Исои Масеҳро шод мегардонем ва аз Яҳува баракатҳои зиёд мегирем (Мат. 25:34–40; 28:19, 20).