ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • km 3.13 саҳ. 2
  • Онҳоро хушомадед гӯед!

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Онҳоро хушомадед гӯед!
  • Хизмат ба Салтанати Худо 2013
  • Маводи монанд
  • Дар Шоми ёдбуд шаҳодати бузург дода хоҳад шуд
    Хизмат ба Салтанати Худо 2011
  • Меҳмононро пешвоз гиред!
    Ҳаёт ва хизмати мо. Дафтари вохӯрӣ (2016)
  • Чӣ гуна ба ҳозирони Шоми ёдбуд кӯмак метавон кард?
    Хизмат ба Салтанати Худо 2008
  • Онҳоро гарму ҷӯшон пешвоз гиред
    Ҳаёт ва хизмати мо. Дафтари вохӯрӣ (2017)
Маълумоти бештар
Хизмат ба Салтанати Худо 2013
km 3.13 саҳ. 2

Онҳоро хушомадед гӯед!

1. Кадом рӯйдод барои шаҳодат додан имконияти хуб мебошад ва чаро?

1 Маросими Шоми ёдбуд, ки ҳар сол гузаронда мешавад, барои шаҳодат додан имконияти хеле хуб мебошад. Мулоҳиза кунед: имсол, эҳтимол, зиёда аз даҳ миллион одамон ба Шоми ёдбуд ташриф меоранд ва онҳо оиди ду намунаи бузургтарини зоҳир кардани муҳаббат, ки ба воситаи фидия аён гаштаанд, шунида метавонанд (Юҳ. 3:16; 15:13). Онҳо хоҳанд фаҳмид, ки ба воситаи ин ҳадяи Яҳува барояшон чӣ гуна баракатҳо имконпазир мегарданд (Иш. 65:21–23). Лекин дар чунин маврид натанҳо нотиқ шаҳодат дода метавонад. Ҳамаи воизон имконият доранд, ки меҳмононро бо чеҳраи кушод хушомадед гуфта, бо ин ба онҳо шаҳодати хуб диҳанд (Рум. 15:7).

2. Чӣ тавр мо меҳмононро гарму ҷӯшон хушомадед гуфта метавонем?

2 Ба ҷои нишастан ва оғози барномаро хомӯшона интизор шудан, хуб мебуд, ки бо атрофиёнатон якум шуда шинос шавед. Меҳмонон шояд худро ноҳинҷор ҳис кунанд ва аз сабаби он ки дар бораи маросим тасаввуроти пурра надоранд, каме парешонҳол бошанд. Барои он ки онҳо худро озод ҳис кунанд, табассум ва саломи самимиамон нақши муҳим мебозад. Шумо пурсида метавонед, ки оё шахс бори аввал ба вохӯриҳои мо омадааст ё касеро дар ҷамъомад мешиносад. Инчунин метавонед ӯро таклиф кунед, ки дар наздатон шинад, то ҳамроҳ аз брошураи сурудҳо ва Китоби Муқаддасатон истифода баред. Баъд аз нутқ ба саволҳои ӯ бо омодагӣ ҷавоб диҳед. Агар дар ҷои вохӯрӣ ду бор Шоми ёдбуд гузарад ва онро барои дигарон зуд холӣ кардан лозим бошад, шумо метавонед чунин гӯед: «Ман мехостам фикри шуморо дар бораи ин барнома фаҳмам. Чӣ хел бо шумо сӯҳбатамонро давом дода метавонем?» Сипас гапзанон кунед, ки кадом рӯз бо ӯ вохӯрдан мумкин аст. Пирон бояд хеле бодиққат бошанд, то воизони ғайрифаъоли ташрифовардаро рӯҳбаланд кунанд.

3. Чаро барои меҳмононро дар Шоми ёдбуд хушомадед гуфтан, саъю кӯшиш лозим аст?

3 Дар ин Шоми ёдбуд бисёри меҳмонон бори аввал шодӣ, сулҳу осоиштагӣ ва ягонагии биҳишти рӯҳониеро, ки мо чун халқи Яҳува аз он баҳрамандем, эҳсос хоҳанд кард (Заб. 28:11; Иш. 11:6–9; 65:13, 14). Меҳмонон бо чӣ гуна таассурот ба хона бармегарданд? Ин бисёртар аз он вобаста аст, ки мо барои хушомадед гуфтани онҳо аз тарафи худ чӣ гуна саъю кӯшиш ба харҷ медиҳем.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан