Дар Шоми ёдбуд шаҳодати бузург дода хоҳад шуд
1. Дар Шоми ёдбуд ғайр аз нутқ ба даъватшудагон боз чӣ таъсир расонда метавонад? Фаҳмонед.
1 Дар Шоми ёдбуд ба даъватшудагон ғайр аз нутқе, ки онҳо мешунаванд дигар чизҳо низ таъсир мерасонад. Масалан, як зан пас аз ташрифорӣ ба Шоми ёдбуд гуфт, ки ба вай чизҳои дидааш,— муомилаи меҳрубонона, бинои зебову тозае, ки бо кӯмаки ихтиёриён сохта ва нигоҳубин карда шуда буд, хеле таъсир расонд. Аз ин рӯ, на танҳо нотиқ, балки ҳамаи мо низ метавонем дар ин чорабинии муҳимтарини сол шаҳодат диҳем (Эфс. 4:16).
2. Чӣ тавр ҳар яки мо ба даъватшудагон шаҳодат дода метавонем?
2 Даъватшудагонро самимона пешвоз гиред. Вақте ки мо даъватшудагонро бо табассуми ширин ва чеҳраи кушод пешвоз мегирем, ин барои онҳо шаҳодати хуб хоҳад буд (Юҳ. 13:35). Гарчанд имконияти бо ҳар як шахс сӯҳбат карданро надошта бошед ҳам, шумо метавонед ақаллан самимона бо одамони дар наздатон буда шинос шавед (Ибр. 13:1, 2). Ба даъватшудагоне, ки шояд касеро намешиносанд, диққат зоҳир намоед. Онҳоро барои дар наздатон шиштан даъват кунед ва гӯед, ки агар ягон савол пайдо шавад, шумо барои ҷавоб додан тайёред. Лекин агар ба гурӯҳи шумо лозим бошад, ки ҳар чи тезтар ҷойи вохӯриро барои гурӯҳи дигар холӣ кунад, шумо барои шавқи шахсро давом додан метавонед чунин гӯед: «Мехостам, ки фикри шуморо дар бораи ин вохӯрӣ фаҳмам. Мо бо шумо дар куҷо вохӯрда метавонем?»
3. Чӣ гуна мо ғайрифаъолонро пешвоз гирифта метавонем?
3 Ғайрифаъолонро пешвоз гиред. Ба Шоми ёдбуд, бешубҳа, ғайрифаъолон аз ҷумла шахсоне, ки ҳар сол фақат ба ин вохӯрӣ ташриф меоранд, хоҳанд омад. Онҳоро пешвоз гиред ва гӯед, ки аз дидори онҳо хеле шод ҳастед (Рум. 15:7). Баъдтар пирони ҷамъомад метавонанд онҳоро хабар гиранд ва барангезанд, ки минбаъд низ ба ҷамъомад ташриф оранд. Мо дуогӯи он ҳастем, ки бисёре аз ҳозирон «аъмоли некатонро дида», Худоро на танҳо аз барои чизҳои шунидаашон, балки аз барои чизҳои дидаашон низ ҳамду сано хонанд (1 Пет. 2:12).