Ҳангоми таълимдиҳӣ аз видеофилмҳо истифода баред
Вақте ки Яҳува ба Иброҳим ва Ирмиё маълумоти муҳимро мерасонд, Ӯ натанҳо бо онҳо гап мезад, балки ҳамчунин аз айёниятҳо истифода мебурд (Ҳас. 15:5; Ирм. 18:1–6). Мо ба омӯзандагонамон барои фаҳмидан ва қадр кардани ҳақиқатҳои Китоби Муқаддас бо истифодабарии аёниятҳо ба мисли видеофилмҳо кӯмак расонда метавонем. Дар ин ҷо пешниҳодҳое оварда шудаанд, ки кадом вақт баъзе видеофилмҳоро нишон дода метавонем. Аммо дар хотир бояд дошт, ки ин танҳо пешниҳод аст, на қоида, чунки қобилияту вазъияти ҳар як омӯзанда гуногун мебошад.
Китоби «Таълимот»
◻ Боби 1. Баъд аз сархати 17: «Аҷоиботи офариниш Яҳуваро ҷалол медиҳад» (рус.)
◻ Боби 2. Дар охир: «Китоби Муқаддас қадимтарин китоби даврони мост» (рус.)
◻ Боби 9. Баъд аз сархати 14: «Шоҳидони Яҳува: созмоншудагон бар расонидани паёми Салтанат» (рус.)
◻ Боби 14. Дар охир: «Китоби Муқаддас — қувваест, ки ҳаёти инсонро дигар мекунад» (рус.)
◻ Боби 15. Баъд аз сархати 10: «Бародарияти умумиҷаҳонии мо» (рус.)
Китоби «Муҳаббати Худо»
◻ Боби 3. Баъд аз сархати 15: «Саволҳои ҷавонон. Чӣ тавр дӯстони ҳақиқиро ёфтан мумкин аст?» (рус.)
◻ Боби 4. Дар охир: «Ҳокимияти Яҳуваро эҳтиром намоед» (рус.)
◻ Боби 7. Баъд аз сархати 12: «Табобати бе хун — муваффақияти илми тиб» (рус.)
◻ Боби 9. Баъд аз сархати 6: «Намунаҳои огоҳкунанда барои мо» (рус.)
◻ Боби 17. Дар охир: «Бо имон рафтор кунед, на бо дидор» (рус.)
Боз кадом видеофилмҳо ба омӯзандагонатон кӯмак карда метавонанд? Масалан, шахсоне ки бо таъқибот дучор мешаванд, аз тамошои видеофилми «Садоқат дар озмоишҳо. Шоҳидони Яҳува дар Иттиҳоди Шӯравӣ» (рус.) ё «Далерии Шоҳидони Яҳува ба муқобили таъқиботи фашистон» (рус.) рӯҳбаландӣ гирифта метавонанд. Ҷавонон аз видеофилмҳои «Сӯи мақсадҳое шитобед, ки Худоро ҷалол медиҳад» (рус.) ва «Саволҳои ҷавонон. Ҳаётамро ба чӣ бахшам?» (рус.) барои худ манфиат гирифта метавонанд. Дар китобҳои шахсии худ «Таълимот» ва «Муҳаббати Худо» қайдҳо гузоред, ки кай шумо ин ё он видеофилмро метавонед бо омӯзанда тамошо кунед ё онро ба ӯ диҳед, то худаш тамошо кунад. Ва вақте ки видеофилми нав барои мо дастрас мешавад, фикр кунед, ки чӣ тавр онро истифода барем, то ба дили омӯзанда таъсир расонад (Луқ. 24:32).