Маҳорати таълимдиҳии худро дар хизмат беҳтар мегардонем. Нишон додани гузаронидани омӯзиши Китоби Муқаддас бо ёрии китоби «Таълимот»
Чаро ин муҳим аст: Вақте ки мо омӯзиши бепули Китоби Муқаддасро пешниҳод мекунем, бисёри одамон ба маънои суханони мо шояд сарфаҳм нараванд. Онҳо шояд гумон кунанд, ки ба ягон гурӯҳи омӯзишӣ ё ба ягон навъи курси ғоибона ҳамроҳ шудан даркор аст. Ба ҷои танҳо пешниҳод кардани омӯзиш, нағз мебуд, ки тарзи гузаронидани онро нишон диҳед. Дар давоми ҳамагӣ якчанд дақиқа, ҳатто дар назди дар, шумо ба шахс нишон дода метавонед, ки омӯзиши Китоби Муқаддас чӣ қадар осон ва манфиатовар аст.
Инро чӣ тавр бояд кард:
• Пас аз шинос кардани худ, аз соҳибхона пурсед, ки оё ӯ дар бораи оянда ғам мехӯрад.
• Қайд кунед, ки бисёр одамон оиди ин масъала ғам мехӯранд ва ба ӯ мундариҷаи китоби «Таълимот»-ро нишон диҳед. Фаҳмонед, ки дар ин китоб дарсҳои, осонфаҳме оварда шудаанд, ки таълимоти Китоби Муқаддасро дар бораи оянда ва дигар мавзӯъҳо нишон медиҳанд. Ва аз ӯ пурсед, ки кадом боб барояш шавқовар аст.
• Як нусхаи китобро ба ӯ диҳед ва боби интихобкардаи шахсро кушоед. Фаҳмонед, ки ба саволҳои дар аввали боб овардашуда, дар сархатҳои минбаъда ҷавоб дода шудааст.
• Агар ба шахс қулай бошад, аз ӯ хоҳиш кунед, ки сархати якумро хонад. Сипас, саволи ба ин сархат таалуқдоштаро хонед ва якҷоя ҷавобашро муҳокима намоед. Он оятҳоеро, ки ба савол ҷавоб медиҳанд, кушода муҳокима кунед. Ба вай нишон диҳед, ки чӣ тавр шумо ҷавобро дар китобатон ёфта, хат кашидед.
• Давоми сархатҳоро муҳокима кунед, лекин ин дафъа хоҳиш кунед, то ӯ кӯшиш кунад, ки ба савол бо суханони худ ҷавоб диҳад.
• Ӯро таъриф кунед ва дар бораи вохӯрии ояндаатон гапзанон кунед, то ин дарсро тамом кунед.
• Агар вақт имкон диҳад ба сайти jw.org даромада видеонаворро бо номи «Омӯзиши Китоби Муқаддас чӣ тавр мегузарад?»a нишон диҳед.
Дар давоми моҳ инро санҷида бинед:
• Дар дуо аз Яҳува хоҳиш кунед, ки кӯшишҳои шуморо дар сар кардани омӯзиши Китоби Муқаддас баракат диҳад (Флп. 2:13).
• Кӯшиш кунед, ки китоби «Таълимот»-ро истифода бурда гузаронидани омӯзиши Китоби Муқаддасро нишон диҳед, ё аз видеонавори «Чаро Китоби Муқаддасро бояд омӯхт?» ақаллан як бор дар мавъиза истифода баред.
[Эзоҳ]
a Ба эълонҳо нигаред.