Намуна барои пешниҳодот
«Ба саволҳои ҳаётан муҳим аз куҷо ҷавоб ёфтан мумкин аст?»
Рисоларо тавре доред, ки соҳибхона сарлавҳаи онро дида тавонад ва бо ӯ саломуалек карда чунин гӯед: «Мо дар маъракаи умумиҷаҳонӣ оиди паҳн кардани ин хабари муҳим иштирок дорем. Ин нусха барои шумо».
Агар соҳибхона шавқ зоҳир кунад ё хоҳиши сӯҳбат карданро дошта бошад, шумо метавонед фикри ӯро оиди савол ва ҷавобҳои гуногуне, ки дар саҳифаи аввали рисола оварда шудаанд, пурсед. Сипас, рисоларо кушоед ва ба ӯ ояти Забур 118:144, 160-ро нишон диҳед. Фаҳмонед, ки дар рисола оиди вебсайт маълумот дода шудааст, ки барои ёфтани ҷавобҳои қонеъкунанда аз Китоби Муқаддас ба ӯ кӯмак мерасонад. Шояд шумо метавонед ба ӯ навори «Чаро Китоби Муқаддасро бояд омӯхт?»-ро нишон диҳед. Пеш аз рафтанатон аз саҳифаи охирон се саволро нишон дода пурсед, ки кадомаш бештар ба ӯ маъқул аст. Оиди дафъаи дигар боздид карданатон гапзанон кунед, то нишон диҳед, ки чӣ гуна ба ин саволҳо ба воситаи истифода бурдани сайти jw.org ҷавоби Китоби Муқаддасро ёфтан мумкин аст. Ҳангоми боздид ҷавобҳоро муҳокима кунед ва барои ин дар сайтамон ба АДАБИЁТҲО > КИТОБҲО ВА БРОШУРАҲО дароед.
Сӯҳбат дар асоси Китоби Муқаддас
◼ Бисёр одамон розӣ мешаванд, ки Худованд қудрати бузург дорад ва офаридаҳояш аз он шаҳодат медиҳанд. Лекин на ҳама бовар мекунанд, ки Ӯ нисбати ҳар як кас шавқи самимӣ зоҳир мекунад. Шумо оиди ин чӣ фикр доред?
Аъмол 17:27 — Китоби Муқаддас моро бовар мекунонад, ки гарчанде Худованд дорои қудрати бузург бошад ҳам, худро аз ҳар яки мо дур намегирад.
Матто 18:12–14 — Ин мисол нишон медиҳад, ки агар шахс бо кардани ягон амале аз Худо дур шавад, Ӯ нисбати чунин касон бепарво нест балки дилсӯзӣ карда кӯмаки худро пешниҳод менамояд.
◼ Бисёриҳо мехоҳанд, ки бо дӯстон ва наздиконашон муносибати хуб дошта бошанд. Аммо вақте норозигиҳо ба миён меояд, баъзеҳо барои муросо кардан кӯшиш намекунанд ва дар натиҷа ин ба муносибаташон зарар мерасонад. Барои нигоҳ доштани сулҳу осоиштагӣ, чӣ кӯмак карда метавонад?
Масалҳо 19:11 — Сабаби чунин амалҳоро фаҳмидан, барои боздоштани хашм ёрдам мекунад.
Матто 5:23, 24 — Бо омодагӣ бахшиш пурсидан, дили каси дигарро мулоим месозад.