Дар хизмат аз сайти jw.org истифода баред
Вебсайти расмии мо чун воситаи арзанда ба мо ёрдам мекунад, ки хушхабарро «то ақсои дунё» расонем (Аъм. 1:8). Аксарияти одамон худашон сайти jw.org-ро ёфта наметавонанд. Онҳо дар бораи вебсайтамон танҳо пас аз нишон додани ягон воиз, мефаҳманд.
Як нозири ноҳиявӣ аз сайтамон навори «Чаро Китоби Муқаддасро бояд омӯхт?»-ро дар телефонаш гирифта онро дар ҳар имконияти мувофиқ ба одамон нишон медиҳад. Масалан, дар хизмати хона ба хона, ӯ чунин мегӯяд: «Ман ба таври кӯтоҳ, ба одамон кӯмак мерасонам, ки ба се саволи муҳими зерин ҷавоб ёбанд: “Чаро мо дар чунин ҳолатҳои бад қарор дорем? Худо онҳоро чӣ хел ҳал мекунад? Ва чӣ тавр мо проблемаҳои ҳаётро пушти сар карда метавонем?” Ин навори кӯтоҳ оиди ин саволҳо маълумот медиҳад». Ва баъд бародар тугмачаро пахш карда, ба муносибати шахс менигарад. Ин навор то ҳамин дараҷа шавқовар аст, ки бисёриҳо аз он чашм наканда, то охир тамошо мекунанд. Сипас нозири ноҳиявӣ мегӯяд, ки «ҳозирак шумо дар бораи онлайн дархост кардани омӯзиши Китоби Муқаддас шунидед. Модоме, ки ман дар ин ҷо ҳозирам, метавонам ба шумо дар муддати кӯтоҳ тарзи гузаронидани омӯзиши Китоби Муқаддасро нишон диҳам». Агар соҳибхона розӣ шавад, бародар аз брошураи «Хабарҳои нағз» гузаронидани омӯзишро нишон медиҳад. Вале, агар он шахс вақт надошта бошад, бародар кӯшиш мекунад, ки дар боздид, инро нишон диҳад. Ҳамчунин, он бародар ҳангоми ба қаҳвахона барои дамгирӣ рафтанаш, ба онҳое, ки дар наздикии ӯ нишастаанд, ҳамин гуна пешниҳодашро баъди сар кардани сӯҳбати дӯстона, мегӯяд. Оё шумо дар хизмат аз сайти jw.org истифода мебаред?