Оё шумо ба Шоми ёдбуд тайёрӣ дида истодаед?
Соли 33-юми эраи мо, 13-уми нисон буд. Исо медонист, ки пеш аз қатли худ боз як шоми дигар барои бо дӯстонаш вақт гузарондан дорад. Ӯ фисҳи охиринро ҳамроҳи шогирдонаш қайд карда, сипас маросими нав, яъне Шоми ёдбудро бояд ҷорӣ мекард. Албатта чунин воқеаи муҳим тайёрии хубро талаб мекард. Аз ин рӯ, Исо, Петрус ва Юҳанноро барои тайёр кардани чизҳои лозима фиристод (Луқ. 22:7–13). Аз он вақт инҷониб, ҳар сол масеҳиёне ки хоҳиши ҷашн гирифтани ин маросимро доранд, лозим аст, ки ба он тайёрӣ бинанд (Луқ. 22:19). Барои ба Шоми ёдбуди омадаистода, ки 3-юми апрел баргузор мегардад, тайёр будан, мо кадом чизҳои асосиро бояд иҷро кунем?
Тайёрӣ аз тарафи воизон:
Барои дар маъракаи даъваткунӣ пурра иштирок кардан, чора андешед.
Рӯйхати омӯзандагон, хешу табор, ҳамкорону ҳамсинфон ва дигар шиносонатонро тартиб дода, онҳоро даъват кунед.
Оятҳои Китоби Муқаддасро доир ба Шоми ёдбуд хонда, мулоҳиза ронед.
Барои дар Шоми ёдбуд хушомадед гуфтани меҳмонон омода бошед.