«Ин суханон... бигзор бар дили ту бошад»
Одатан чӯпонон барои аз хатар эмин доштани гӯсфандон, онҳоро нағз нигоҳубин мекунанд. Ба ин монанд, волидон ҳам бояд ба фарзандони худ нағз ғамхорӣ кунанд. Вагарна фарзандон ба осонӣ роҳгумзада ба хатарҳо дучор шуда метавонанд (Мас. 27:23). Барои ин волидон чӣ кор карда метавонанд? Волидон бояд ҳар рӯз барои бо фарзандон муошират кардан вақт ҷудо кунанд, то аз ҳиссиёту фикрҳои онҳо бохабар бошанд (Мас. 20:5). Ҳамчунин волидон бояд имони фарзандонашонро чунон мустаҳкам гардонанд, ки он ба озмоишҳо тобовар бошад (1 Қӯр. 3:10–15). Дар ибодати оилавӣ видеофилми «Ин суханон... бигзор бар дили ту бошад» (рус.)-ро тамошо кунед ва муҳимияти мунтазам гузаронидани ибодати оилавиро қайд кунед. Бо ёрии саволҳои зерин онро муҳокима намоед.
1) Аз чӣ сабаб оилаи Роуманҳо рӯҳан ҳушёр намонданд? 2) Чаро кӯшиши бародар Томас барои гузаронидани ибодати оилавӣ, муваффақ намегашт? 3) Кадом принсипи Китоби Муқаддас барои бомуваффақият тарбия кардани фарзандон кӯмак мерасонад? (Такр. Ш. 6:6, 7) 4) Барои дар оила муоширати хуб доштан, чӣ лозим аст? 5) Дар асл фарзандон ба чӣ ниёз доранд? 6) Чӣ тавр бародар Мартин бо занаш Моника ба оилаи Роуманҳо ёрдам карданд? (Мас. 27:17) 7) Барои нағз гузаштани ибодати оилавӣ сардори оила бояд чӣ кор кунад? 8) Барои беҳбудии рӯҳонии оилааш бародар чӣ кор кард? 9) Чаро мунтазам гузаронидани ибодати оилавӣ муҳим аст? (Эф. 6:4) 10) Баъзе аз маслиҳатҳои амалӣ барои гузаронидани ибодати оилавӣ кадоманд? 11) Вақте падари Маркос ба ӯ муҳимияти дуруст рафтор карданро мефаҳмонд, ӯ чӣ тавр ором ва ҳамзамон қатъӣ буд? (Ирм. 17:9) 12) Чӣ тавр падару модари Рэбекка ба ӯ кӯмак карданд, ки дар муносибат бо Ҷастин қарори дуруст барорад? (Марқ. 12:30; 2 Тим. 2:22) 13) Ҳангоми дар ҳаёташон даровардани дигаргуниҳо бародар Томас бо ҳамсараш чӣ тавр имон зоҳир карданд? (Мат. 6:33) 14) Чӣ тавр ин видеофилм нишон медиҳад, ки сардорони оила бояд аз ҷиҳати рӯҳонӣ оилаи худро таъмин кунанд? (1 Тим. 5:8) 15) Ҳамчун сардори оила шумо ба чӣ азми қавӣ доред?
БАРОИ САРДОРОНИ ОИЛА: Ин драма дар анҷумани минтақавии соли 2011 нишон дода шуда буд. Оё шумо он вақт барои худ қайд кардед, ки аз кадом ҷиҳат бояд ибодати оилавиатонро беҳтар кунед? Ҳоло чӣ? Агар дигаргуниҳо даровардан лозим бошад, лутфан, бо дуо ин корро кунед, то оилаи шумо аз он абадан манфиат гирад (Эфс. 5:15–17).