Аудиосабтҳо. Чӣ тавр аз он истифода барем?
1. Ғайр аз адабиёти чопӣ, боз чӣ ба мо манфиат меорад?
1 Бисёриҳо аз сайти jw.org суханони дилписанд ва ростиро хонда баҳра мебаранд (Воиз 12:10). Ҳамчунин суханони дилписанд ва бисёр маълумотҳои дигарро ба воситаи аудиосабтҳо гӯш кардан мумкин аст. Оё шумо аз аудиосабтҳо истифода мебаред? Истифодаи аудиосабтҳо ба мо чӣ манфиат оварда метавонанд?
2. Чӣ тавр аз аудиосабтҳо истифода бурда метавонем?
2 Барои омӯзиши шахсӣ ва ибодати оилавиамон. Агар мо ҳангоми сафар ё бо корҳои ҳаррӯза машғул буданамон аудиосабти Китоби Муқаддас, маҷаллаҳо ё дигар адабиётамонро гӯш кунем, ин ба мо имкон медиҳад, ки вақти худро дуруст истифода барем (Эф. 5:15, 16). Барои рангоранг кардани ибодати оилавиамон мо аудиосабти адабиёти хондаистодаамонро гӯш карда метавонем. Дар омӯзиши шахсӣ низ аз аудиосабтҳо истифода бурдан манфиатнок аст, хусусан барои беҳтар кардани хониш ва ё омӯхтани забон.
3. Дар маҳалли мо киҳо аз аудиосабтҳо манфиат гирифта метавонанд?
3 Дар хизмат. Баъзе одамони маҳалли мо ки барои хондан вақт надорем мегӯянд, шояд барои гӯш кардани аудиосабтҳо розӣ шаванд. Ё дар хизмат мо одамонеро вохӯрда метавонем, ки бо дигар забон гап мезананд ва ба забони худашон хушхабарро гӯш карда онро қабул карданашон мумкин аст (Аъм. 2:6–8). Дар баъзе ҷойҳо гӯш кардан, қисми муҳими маданияташон мебошад. Масалан, дар маданияти халқи Ҳмонг одамон одатан таърихи худро ба насли наврас даҳонакӣ нақл мекунанд ва онҳо маълумоти шунидаашонро хеле нағз дар ёдашон мегиранд. Дар бисёр маданиятҳои Африқо бошад таълим додани одамон ба воситаи нақл кардани чизе одат шудааст.
4. Барои кӯмак расондан ба одамони маҳалламон ба худ кадом саволҳоро дода метавонем?
4 Барои ба одамони маҳалламон ёрӣ расондан ба худ саволҳои зеринро дода метавонем: «Агар соҳибхона ба забони модариаш ягон аудиосабтро гӯш кунад, оё ин самаранок аст? Агар ба касе ба воситаи почтаи электронӣ, аудиосабти ягон адабиётро фиристам, оё ин барояш манфиат хоҳад овард? Оё ба рағбатдор аудиои ягон адабиётро дар диски CD сабт карда онро якҷоя бо нусхаи чопиаш дода метавонистам?» Ҳар як аудиосабти пурраи китоб, брошура, маҷалла ва ё рисолаеро, ки дар хизмат пешкаш мекунед, дар ҳисобот навиштан мумкин аст. Аудиосабтҳо барои омӯзиши шахсӣ ва барои коштани тухми ҳақиқат тайёр карда шудаанд (1 Қӯр. 3:6).