ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • wp20 № 3 саҳ. 10
  • Барои ба Худо писанд омадан ҳамеша дуо гӯед

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Барои ба Худо писанд омадан ҳамеша дуо гӯед
  • Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад (нашри оммавӣ)—2020
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • АЗ САМИМИ ҚАЛБ ВА БО ФУРӮТАНӢ ДУО ГӮЕД
  • НОМИ ХУДОРО ГИРИФТА ДУО ГӮЕД
  • БА ЗАБОНИ ХУДАТОН ДУО ГӮЕД
  • Дар дуо ба Худо наздик шавед
    Таълимоти Китоби Муқаддас
  • Чӣ тавр бояд дуо гӯем?
    Китоби Муқаддас ба мо чиро таълим медиҳад?
  • Дуо шуморо ба Худо наздик мекунад
    То абад зинда бошед! Омӯзиши Китоби Муқаддас
  • Ба воситаи дуо ба Худо наздик шавед
    Худо аз мо чӣ талаб дорад?
Маълумоти бештар
Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад (нашри оммавӣ)—2020
wp20 № 3 саҳ. 10
Марди шарқие дуо гуфта истодааст.

Худо Шунавандаи дуо аст ва бо омодагӣ дуоҳои моро гӯш мекунад (ЗАБУР 64:3).

Барои ба Худо писанд омадан ҳамеша дуо гӯед

Худованд ба инсоният неъмати беҳамто бахшидааст, ки ин дуо мебошад. Ӯ ба мо имконият додааст, ки ба Ӯ гап занем ва ҳиссиёти худро дар дуо баён кунем. Ҳазрати Довуд ба Худо муроҷиат карда гуфт: «Азбаски дуоро мешунавӣ, тамоми навъи башар назди Ту хоҳанд омад» (Забур 64:3). Вале барои он ки Худованд дуоҳои моро шунаваду моро баракат диҳад, мо бояд чӣ тавр дуо гӯем?

АЗ САМИМИ ҚАЛБ ВА БО ФУРӮТАНӢ ДУО ГӮЕД

Ҳангоми ба Парвардигор дуо гуфтан шумо метавонед «дилҳои худро ба ҳузури Ӯ холӣ кунед» (Забур 61:9). Худо мехоҳад, ки мо ба Ӯ суханонеро, ки дар диламон ҳаст, ҳамонро баён кунем. Ба Худои Қодир дуоҳое писанданд, ки аз сидқи дил гуфта мешаванд.

НОМИ ХУДОРО ГИРИФТА ДУО ГӮЕД

Худованд унвонҳои зиёд дорад, ба мисли Оллоҳ, Парвардигор, Раҳмон, Карим ва ғайра. Лекин Ӯ танҳо як ном дорад. Худи Ӯ дар Китоби Муқаддас гуфтааст: «Ман Яҳува ҳастам. Исми ман ҳамин аст» (Ишаъё 42:8, Тарҷумаи қадими форсӣ). Номи «Яҳува» дар Навиштаҳои Муқаддас қариб 7000 бор вомехӯрад. Дар замонҳои пеш бисёр пайғамбарон ба Худо бо номаш муроҷиат мекарданд. Масалан, Иброҳим-пайғамбар вақте ҳоло фарзанд надошт, ба Худо илтиҷо карда гуфт: «Эй Худованд Яҳува, маро чӣ хоҳӣ дод, ман бе валад [фарзанд] меравам...» (Ҳастӣ 15:2, Тарҷумаи қадими форсӣ). Мо ҳам бояд ҳангоми дуо гуфтан номи Худо, яъне «Яҳува»-ро истифода барем.

БА ЗАБОНИ ХУДАТОН ДУО ГӮЕД

Мо бо кадом забон ба Худо дуо нагӯем, Ӯ фикру ҳиссиёти моро мефаҳмад. Каломи Ӯ моро боварӣ мебахшад, ки «Худо ба ҳама бо як чашм менигарад, ва ҳар кӣ аз Ӯ тарсаду дуруст рафтор кунад, аз кадом халқе набошад, ба Ӯ маъқул аст» (Аъмол 10:34, 35).

Лекин барои баракати Худоро соҳиб шудан, ғайр аз дуо боз баъзе корҳои дигарро кардан муҳим аст. Дар ин бора мо аз мақолаҳои навбатӣ мефаҳмем.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан