ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
Тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • mwb17 июн саҳ. 8
  • Аз расондани хушхабар хурсандӣ гиред

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Аз расондани хушхабар хурсандӣ гиред
  • Ҳаёт ва хизмати мо. Дафтари вохӯрӣ (2017)
  • Маводи монанд
  • Хушхабар чӣ тавр паҳн карда мешавад?
    То абад зинда бошед! Омӯзиши Китоби Муқаддас
  • Хурсандӣ. Хислатест, ки мо бо ёрдами Худо инкишоф дода метавонем
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2018
  • «Биравед ва ҳамаи халқҳоро шогирд созед»
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2016
  • Ба хизматгорони боғайрат муҳим аст, ки бо дуо мулоҳиза ронанд
    Хизмат ба Салтанати Худо 2010
Маълумоти бештар
Ҳаёт ва хизмати мо. Дафтари вохӯрӣ (2017)
mwb17 июн саҳ. 8

БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

Аз расондани хушхабар хурсандӣ гиред

Оё барои шумо мавъиза кардан душвор буд? Бисёриҳо ба ин савол ҷавоби мусбӣ медиҳанд. Чаро? Шояд одамон дар маҳалли мо бепарвоянд, бо мо дағалона муносибат мекунанд ё мо аз гап задан бо одамони бегона метарсем. Албатта, ин чизҳо ба хурсандии мо халал мерасонад, лекин мо Худои хушбахтро ибодат мекунем ва Ӯ мехоҳад, ки мо бо хурсандӣ хизмат кунем (Зб 99:2; 1Тм 1:11). Се сабабе ҳаст, ки мо бо хурсандӣ мавъиза карда метавонем.

Якум, мо хабари умедбахшро мерасонем. Нигоҳ накарда ба он ки имрӯзҳо одамон умед надоранд, мо метавонем ба онҳо умед бахшем (Иш 52:7). Аммо хушхабари Салтанат дилҳои моро низ аз шодӣ пур мекунад. Пеш аз ба хизмат рафтан дар бораи баракатҳое, ки Салтанати Худо дар рӯйи замин меорад, фикр кунед.

Дуюм, хушхабаре, ки мо ба одамон мавъиза мекунем ҳам ҷисман ва ҳам рӯҳан фоида меорад. Одамон аз одатҳои бад даст кашиданро ёд мегиранд ва имконияти абадан зиндагӣ карданро пайдо мекунанд (Иш 48:17, 18; Рм 1:16). Тасаввур кунед, ки дар кори наҷотдиҳӣ иштирок доред. Ҳарчанд баъзеҳо наҷот ёфтан намехоҳанд, лекин мо кофтани одамони самимиро давом медиҳем (Мт 10:11–14).

Сеюм ва аз ҳама муҳимаш, мавъизаи мо Яҳуваро ҷалол медиҳад. Ӯ хизмати моро хеле қадр мекунад (Иш 43:10; Ибр 6:10). Ғайр аз ин, Ӯ ба мо саховатмандона рӯҳи муқаддасашро медиҳад, то ин корро анҷом дода тавонем. Барои ҳамин аз Яҳува хурсандӣ пурсем, чунки ин самари рӯҳ мебошад (Ғл 5:22). Бо ёрдами Яҳува мо метавонем ғаму ташвишҳои худро бартараф карда, бо далерӣ мавъиза кунем (Ам 4:31). Новобаста аз он ки одамони маҳалламон чӣ хел муносибат мекунанд, мо аз гуфтани хушхабар хурсандӣ мегирем (Ҳз 3:3).

Фарқият байни расмҳо: дар кори мавъиза рӯҳафтодагӣ ва хурсандӣ

Шумо дар хизмат кадом рӯҳияро доштан мехостед? Чӣ тавр мо хурсандиро нишон дода метавонем?

ВИДЕОНАВОРИ «БО ЁРИИ ОМӮЗИШ ВА МУЛОҲИЗАРОНӢ АЗ НАВ ХУРСАНДӢ ЁБЕД»-РО ТАМОШО КАРДА, БА САВОЛҲОИ ЗЕРИН ҶАВОБ ДИҲЕД

  • Чаро мо бояд дар бораи саломатии рӯҳонии худ фикр кунем, ҳатто агар ҳар моҳ бисёр хизмат кунем ҳам?

  • Мо аз Мэри бояд чӣ ибрат гирем?

  • Шумо барои мулоҳиза кардани Китоби Муқаддас кай вақт ҷудо мекунед?

  • Дар мавъиза ба шумо чӣ хурсандӣ меорад?

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • Тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан