ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • mwb17 октябр саҳ. 3
  • Чӣ тавр омӯзандаи боғайрати Китоби Муқаддас шавам?

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Чӣ тавр омӯзандаи боғайрати Китоби Муқаддас шавам?
  • Ҳаёт ва хизмати мо. Дафтари вохӯрӣ (2017)
  • Маводи монанд
  • Омӯзиши шахсӣ одамро ҳушёр мекунад
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2024
  • Оё шумо ҳамеша Яҳуваро ибодат мекунед?
    Ҳаёт ва хизмати мо. Дафтари вохӯрӣ (2017)
  • Аз Дониёл омӯзед
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2023
  • Пешгӯйиҳои Китоби Муқаддасро хубтар омӯзед
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2023
Ҳаёт ва хизмати мо. Дафтари вохӯрӣ (2017)
mwb17 октябр саҳ. 3

БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

Чӣ тавр омӯзандаи боғайрати Китоби Муқаддас шавам?

Оё мехоҳед чун Дониёл-пайғамбар дар озмоишҳо ба Яҳува содиқ монед? Дониёл Каломи Худоро бодиққат меомӯхт, аз он ҷумла пешгӯйиҳои душворро (Дн 9:2). Бодиққат омӯзиш кардани Китоби Муқаддас ба шумо ёрдам мекунад, ки ба Худо содиқ монед. Чӣ тавр? Он метавонад имони шуморо ба ваъдаҳои Яҳува мустаҳкам кунад (Еҳ 23:14). Ҳамчунин он ёрдам мекунад, ки муҳаббататон ба Худо зиёдтар гардад ва ин муҳаббат шуморо бармеангезад, ки дуруст рафтор кунед (Зб 96:10). Вале аз чӣ бояд сар кард? Биёед баъзе маслиҳатҳоро дида мебароем.

Дониёл Каломи Худоро омӯхта истодааст
  • Чиро бояд омӯзам? Реҷаи хуби омӯзишӣ тайёрӣ ба вохӯриҳои ҷамъомадро дар бар мегирад. Хониши ҳарҳафтаинаи Китоби Муқаддас ҳамон вақт фоидабахш мешавад, ки, агар барои тадқиқ кардани оятҳои нафаҳмидаатон вақт ҷудо кунед. Ғайр аз ин, баъзеҳо барои омӯзиш пешгӯйиҳои Китоби Муқаддас, ҷиҳатҳои гуногуни самари рӯҳ, сафари миссионерии Павлус ё ҳатто офаридаҳои Яҳуваро интихоб мекунанд. Агар дар давоми рӯз ягон савол пайдо шавад, онро нависед ва дар омӯзиши навбатӣ онро дида бароед.

  • Маълумотро аз куҷо ёфта метавонам? Дар видеонавори «Мавод барои ҷустуҷӯйи ганҷҳои рӯҳонӣ» маслиҳатҳои хуб дода шудааст. Масалан, шумо метавонед муайян кунед, ки ҳайвонҳои дар боби 7-уми китоби Дониёл овардашуда кадом давлатҳои абарқудрати ҷаҳониро тасвир мекунанд.

  • Барои омӯзиш чӣ қадар вақт ҷудо кунам? Сирри нигоҳ доштани саломатии рӯҳонӣ ин мунтазам омӯзиш кардан аст. Дар аввал шояд шумо барои омӯзиш вақти камтаре ҷудо мекунед ва оҳиста-оҳиста ин вақтро зиёдтар кардан мегиред. Омӯзиши Каломи Худо ба ҷустуҷӯйи ганҷҳо монанд аст; ҳарчи бисёртар ганҷ ёбӣ, ҳамон қадар хоҳиши кофтан бисёртар мешавад (Мс 2:3–6). Дар натиҷа муҳаббати шумо ба Каломи Худо меафзояд ва мунтазам омӯхтани он ба шумо одат мешавад (1Пт 2:2).

    Барои шавқовар гузарондани омӯзиш ба «Бедор шавед!»-и (рус.) моҳи феврали соли 2012, саҳ. 18–20 нигаред.

ҲАЙВОНҲОИ ДАР БОБИ 7-УМИ ДОНИЁЛ ОВАРДАШУДА ЧИРО ТАСВИР МЕКУНАНД?

Ҳайвони шермонанд, ки болҳои уқобро дорад
  • Дн 7:4

  • Дн 7:5

  • Дн 7:6

  • Дн 7:7

САВОЛИ ИЛОВАГӢ:

Чӣ тавр Дониёл 7:8, 24 иҷро шуд?

Шохи майдае, ки дар байни даҳ шох мебарояд, чашм ва даҳон дорад ва он се шохро решакан мекунад

НАҚШАИ ОЯНДА:

Ҳайвонҳои дар боби 13-уми Ваҳй овардашуда чиро тасвир мекунанд?

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан