БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД
Оё шумо Каломи Худоро қадр мекунед?
Дар Китоби Муқаддас фикр ва суханони Яҳува Худо, ки муаллифи он аст, навишта шудааст (2Пт 1:20, 21). Дар он гуфта мешавад, ки ҳақ будани ҳокимияти Худо ба воситаи Подшоҳӣ исбот мегардад. Китоби Муқаддас ҳамчунин ба тамоми инсоният умед мебахшад, ки ба наздикӣ ҳаёт беҳтар мешавад ва нишон медиҳад, ки то чӣ андоза Падари осмонии мо, Яҳува, пур аз муҳаббат аст (Зб 85:15).
Ҳар яки мо бо сабабҳои гуногун Каломи Худоро қадр мекунем. Лекин оё мо ҳар рӯз онро хонда гуфтаҳояшро ба кор мебарем ва нишон медиҳем, ки ин атои пурарзишро қадр мекунем? Биёед бо корҳои худ исбот кунем, ки мо бо суханони зерини забурнавис розием: «Шариати Туро чӣ сон дӯст медорам!» (Зб 118:97).
ВИДЕОНАВОРИ «ОНҲО КИТОБИ МУҚАДДАСРО ҚАДР МЕКАРДАНД. ПОРЧА (УИЛЯМ ТИНДАЛ)»-РО ТАМОШО КУНЕД ВА БАЪД БА САВОЛҲОИ ЗЕРИН ҶАВОБ ДИҲЕД:
Чаро Уилям Тиндал як қисми Китоби Муқаддасро тарҷума кард?
Барои чӣ кӯшишҳои ӯ беҳуда набуданд?
Чӣ тавр нусхаҳои Китоби Муқаддасеро, ки Тиндал тарҷума кард, ба Англия пинҳонӣ дароварданд?
Чӣ хел ҳар яки мо нишон дода метавонем, ки Каломи Худоро қадр мекунем?