ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • mwb20 январ саҳ. 8
  • Чӣ тавр бо ёрии рисола сӯҳбатро сар кунем?

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Чӣ тавр бо ёрии рисола сӯҳбатро сар кунем?
  • Ҳаёт ва хизмати мо. Дафтари вохӯрӣ (2020)
  • Маводи монанд
  • Сохти аҷоиби рисолаҳои нав
    Хизмат ба Салтанати Худо 2014
  • Чӣ тавр аз «Намунаҳо барои сӯҳбат» истифода барем?
    Ҳаёт ва хизмати мо. Дафтари вохӯрӣ (2020)
  • Намунаҳо барои сӯҳбат
    Ҳаёт ва хизмати мо. Дафтари вохӯрӣ (2018)
  • Намунаи пешниҳодот
    Ҳаёт ва хизмати мо. Дафтари вохӯрӣ (2016)
Маълумоти бештар
Ҳаёт ва хизмати мо. Дафтари вохӯрӣ (2020)
mwb20 январ саҳ. 8
Хоҳаре дар истгоҳи автобус ба воситаи рисолаи «Оё ранҷу азоб ба охир мерасад?» ғайрирасмӣ шаҳодат дода истодааст.

БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

Чӣ тавр бо ёрии рисола сӯҳбатро сар кунем?

Аз моҳи январи соли 2018 сар карда дар саҳифаи аввали дафтари вохӯрии «Ҳаёт ва хизмат» намунаҳо барои сӯҳбат оварда мешавад. Бо кадом мақсад? Ин моро бармеангезад, ки ба одамон на фақат адабиёт диҳем, балки бо онҳо сӯҳбат кунем. Барои он ки воизон ин тарзи мавъизаро аз худ кунанд, видеонаворҳо омода мегарданд. Дар он нишон дода мешавад, ки чӣ тавр сӯҳбатро танҳо бо Китоби Муқаддас сар кардан мумкин аст. Вале оё ин маънои онро дорад, ки дар мавъизаи хона ба хона мо умуман набояд адабиётро истифода барем? Не албатта! Масалан, дар аввали сӯҳбат яке аз рисолаҳоро истифода бурдан хуб аст. Кадом рисолаеро, ки истифода набаред, аз рӯйи қадамҳои зерин амал намуда метавонед:

  1. Саволеро диҳед, ки дар муқоваи рисола оварда шудааст ва вариантҳои ҷавобро хонед.

  2. Ҷавоби Китоби Муқаддасро нишон дода оят(ҳо)еро, ки дар аввали саҳифаи дуюм оварда шудааст, хонед. Агар вақт бошад, маълумотеро, ки дар саҳифаи 2 ва 3 омадааст, хонда муҳокима кунед.

  3. Ба шахс рисоларо дода гӯед, ки боқимондашро дар вақти барояш қулай хонад.

  4. Пеш аз рафтан диққати шахсро ба саволе, ки дар саҳифаи охирон (зери сарлавҳаи «Дар ин бора фикр кунед») омадааст, равона карда гӯед, ки дафъаи дигар омада ҷавоби Китоби Муқаддасро муҳокима мекунед.

Рисолаи «Шумо дар бораи оянда чӣ фикр доред?»; рақамҳои аз як то чор ба баъзе қисмҳои ин рисола ишора мекунанд.

Ҳангоми боздид ҷавоби Китоби Муқаддасро муҳокима кунед ва гӯед, ки дафъаи дигар кадом саволро муҳокима карданиед. Шумо саволҳоро аз сайтамон ё аз адабиёте, ки дар саҳифаи охири рисола омадааст, ёфта метавонед. Дар вақти мувофиқ ба шахс брошураи «Худо барои мо хабарҳои нағз дорад!» ё дигар адабиёти омӯзиширо аз Маводи таълимӣ пешкаш кунед.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан