ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО | ХУРУҶ 29, 30
Ҳадия барои Яҳува
Баъди сохта шудани хаймаи муқаддас исроилиён новобаста ба дороии худ барои дастгирии ибодати Яҳува ҳадия дода метавонистанд. Чӣ тавр имрӯз мо метавонем ба Яҳува ҳадия диҳем? Масалан, мо барои дастгирӣ кардани фаъолияти ибодатгоҳҳо, толорҳои анҷуман, офисҳои дурдасти тарҷумонӣ, биноҳои Байт-Ил ва ҳамчунин дигар биноҳое, ки барои ибодати Яҳува бахшида шудаанд, хайрия карда метавонем.
Мо аз оятҳои зерин дар бораи хайрияҳое, ки барои дастгирӣ кардани ибодати ҳақиқӣ дода мешаванд, чӣ мефаҳмем?