БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД
Ҷавонон, оё Яҳува дӯсти беҳтарини шумост?
Дар дӯсти худ чӣ гуна хислатҳоро дидан мехоҳед? Шояд шумо мехоҳед, ки ӯ вафодор, меҳрубон ва дасткушод бошад. Яҳува соҳиби ҳамаи ин хислатҳо аст (Хр 34:6; Ам 14:17). Ӯ дуоҳои шуморо бодиққат мешунавад. Ҳар гоҳ ки дар тангӣ бошед, Ӯ дасти ёрӣ дароз мекунад (Зб 17:20, 36). Ӯ хатоҳои шуморо мебахшад (1Юҳ 1:9). Яҳува Дӯсти беҳтарин аст!
Чӣ тавр шумо дӯсти Яҳува шуда метавонед? Каломи Ӯро хонда дар бораи Ӯ дониш гиред. Рози дилатонро ба Ӯ гӯед (Зб 61:9; 141:2). Нишон диҳед, ки чизҳои барои Яҳува муҳим, аз ҷумла Писараш, Подшоҳӣ ва ваъдаҳои Ӯро қадр мекунед. Ба дигарон дар бораи Яҳува нақл кунед (ТкШ 32:3). Агар шумо бо Яҳува дӯстии наздикро инкишоф диҳед, Ӯ то абад Дӯсти шумо мемонад (Зб 72:25, 26, 28).
ВИДЕОНАВОРИ «ҶАВОНОН, БИЧАШЕД ВА ХОҲЕД ДИД, КИ ЯҲУВА НЕКӮСТ»-РО ТАМОШО КУНЕД ВА БАЪД БА САВОЛҲОИ ЗЕРИН ҶАВОБ ДИҲЕД:
Чӣ тавр шумо барои худро ба Яҳува бахшидан ва таъмид гирифтан тайёрӣ дида метавонед?
Чӣ тавр бародарону хоҳарони ҷамъомад дар хизмати Яҳува ба шумо кӯмак расонда метавонанд?
Чӣ тавр иштирок дар кори мавъиза муносибати шуморо бо Яҳува мустаҳкам мекунад?
Шумо метавонед то абад дӯсти Яҳува бошед!
Шумо дар кадом намудҳои хизмат иштирок карда метавонед?
Кадом хислатҳои Яҳува ба шумо бисёртар маъқуланд?