ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО | ХУРУҶ 33, 34
Хислатҳои беҳамтои Яҳува
Чӣ ба Мӯсо ёрдам дод, ки бо исроилиён пурсаброна муносибат кунад? Ӯ хислатҳои Яҳуваро хубтар фаҳмид. Ба ин монанд хислатҳои Яҳуваро хубтар фаҳмида, мо низ метавонем бо ҳамимонон меҳрубонона муносибат кунем.
«Раҳим ва карим»: Яҳува ба хизматгоронаш бо меҳрубонӣ муносибат карда ғами онҳоро мехӯрад, чуноне ки волидон ба фарзандонашон ғамхорӣ мекунанд
«Собир»: Яҳува ба хизматгоронаш пурсабрӣ зоҳир карда имкон медиҳад, ки онҳо камбудиҳои худро ислоҳ карда беҳтар шаванд
«Пур аз эҳсону вафо»: Яҳува ба халқаш меҳру вафо зоҳир карда ба онҳо то абад дил мебандад
АЗ ХУД ПУРСЕД: «Чӣ тавр ман ба раҳмдилию меҳрубонии Яҳува пайравӣ карда метавонам?»