БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД
Ҷазои Яҳуваро дастгирӣ карда мо муҳаббатамонро нишон медиҳем
Аз ҷамъомад хориҷ кардан ба шахси гунаҳкори тавбанакарда ёрдам мекунад, ки ислоҳ шавад. Ин чора ҳамчунин тамоми ҷамъомадро пок нигоҳ медорад (1Қр 5:6, 11). Вақте мо ин ҷазои Яҳуваро дастгирӣ мекунем, муҳаббат нишон медиҳем. Ин ҷазо ба ҳама дард меорад, аз ҷумла ба шахси гунаҳкор, хешу табораш ва кумитаи танбеҳу ислоҳ. Пас, чаро гуфтан мумкин аст, ки он нишонаи муҳаббат мебошад?
Пеш аз ҳама, мо нишон медиҳем, ки Яҳуваро дӯст медорем, намехоҳем, ки номаш доғдор шавад ва меъёрҳои Ӯро эҳтиром мекунем (1Пт 1:14–16). Мо ҳамчунин нишон медиҳем, ки шахси аз ҷамъомад хориҷшударо дӯст медорем. Ҳарчанд ҷазо дардовар аст, он метавонад «осоиштагӣ ва росткорӣ ба бор» орад (Ибр 12:5, 6, 11). Агар мо бо шахсе, ки аз ҷамъомад хориҷ шудааст ё худаш аз он рӯй гардондааст, муошират кунем, мо ба тарбияи Яҳува халал мерасонем. Дар ёд доред, ки Яҳува хизматгоронашро бо меъёр ҷазо медиҳад (Ир 30:11). Мо умед дорем, ки ин шахс боз ба назди Падари раҳмдиламон бармегардад. Лекин то расидани он рӯз мо аз рӯйи дастури Худо амал карданро давом медиҳем ва ҳаракат мекунем, ки муносибати худро бо Яҳува мустаҳкам нигоҳ дорем (Иш 1:16–18; 55:7).
ВИДЕОНАВОРИ «БА ЯҲУВА ПУРРА ВАФОДОР БОШЕД»-РО ТАМОШО КУНЕД ВА БАЪД БА САВОЛҲОИ ЗЕРИН ҶАВОБ ДИҲЕД:
Вақте фарзанд аз ҳақиқат меравад, волидон чӣ ҳис мекунанд?
Чӣ тавр аҳли ҷамъомад аъзои оилаи шахси хориҷшударо дастгирӣ карда метавонанд?
Кадом воқеаи Китоби Муқаддас нишон медиҳад, ки пеш аз ҳама мо бояд на ба аъзои оилаамон, балки ба Яҳува содиқ бошем?
Аз кадом корҳоямон фаҳмидан мумкин аст, ки мо пеш аз ҳама ба Яҳува содиқ мебошем?