БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД
Тарбия изҳори муҳаббати Яҳува мебошад
Тарбия асосан таълиму роҳнамоӣ аст, вале ҳамчунин ислоҳу ҷазоро дар бар мегирад. Яҳува моро таълим дода ислоҳ мекунад, то ки Ӯро ба таври дуруст ибодат кунем (Рм 12:1; Ибр 12:10, 11). Баъзан вақте моро ислоҳ мекунанд, ин дард меорад, лекин дар натиҷа мо росткор гашта баракатҳои зиёдро соҳиб мешавем (Мс 10:7). Касоне, ки ислоҳ мекунанд ва касоне, ки ислоҳ карда мешаванд, чиро бояд дар хотир доранд?
Касоне, ки ислоҳ мекунанд. Пирон, волидон ва дигар шахсоне, ки танбеҳ медиҳанд, ин корро мисли Яҳува бо меҳру муҳаббат мекунанд (Ир 46:28). Ҳатто танбеҳи сахт бояд ба гуноҳ мувофиқ бошад ва аз рӯйи муҳаббат дода шавад (Тит 1:13).
Касоне, ки ислоҳ карда мешаванд. Новобаста ба тарзи ислоҳ мо бояд онро дарҳол ба кор барем (Мс 3:11, 12). Ҳамаи мо нокомилем, барои ҳамин ба ислоҳкунӣ ниёз дорем. Масалан, аз Китоби Муқаддас ягон фикрро хонда ё маслиҳатеро дар ҷамъомад шунида мо ислоҳ шуда метавонем. Баъзан ба касе лозим меояд, ки аз тарафи кумитаи танбеҳу ислоҳ ҷазо дода шавад. Агар мо ин ислоҳкуниро қабул карда ба кор барем, ҳаётамон беҳтар мешавад ва то абад зиндагӣ мекунем (Мс 10:17).
ВИДЕОНАВОРИ «ЯҲУВА ОНҲОЕРО, КИ ДӮСТ МЕДОРАД, ТАРБИЯ МЕКУНАД»-РО ТАМОШО КУНЕД ВА БАЪД БА САВОЛҲОИ ЗЕРИН ҶАВОБ ДИҲЕД:
Ҳаёти Кенон чӣ тавр сар шуд ва чанде пас чӣ рӯй дод?
Чӣ тавр Яҳува ӯро меҳрубонона ислоҳ кард?
Қадр кардани тарбияи Яҳуваро ёд гиред
Мо аз мисоли ӯ чӣ дарс мегирем?