ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • mwb22 январ саҳ. 9
  • Ба омӯзандагон кумак кунед, ки ба вохӯриҳо оянд

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Ба омӯзандагон кумак кунед, ки ба вохӯриҳо оянд
  • Ҳаёт ва хизмати мо. Дафтари вохӯрӣ (2022)
  • Маводи монанд
  • Вохӯриҳои Шоҳидони Яҳува ба шумо чӣ манфиат меоранд?
    То абад зинда бошед! Омӯзиши Китоби Муқаддас
  • Ба омӯзандагон кумак кунед, ки дӯсти Яҳува шаванд
    Ҳаёт ва хизмати мо. Дафтари вохӯрӣ (2022)
  • Ба омӯзандагон кумак кунед, ки аз муоширати бад даргурез бошанд
    Ҳаёт ва хизмати мо. Дафтари вохӯрӣ (2022)
  • Ба омӯзандагон кумак кунед, ки бар одатҳои нопок ғолиб оянд
    Ҳаёт ва хизмати мо. Дафтари вохӯрӣ (2022)
Маълумоти бештар
Ҳаёт ва хизмати мо. Дафтари вохӯрӣ (2022)
mwb22 январ саҳ. 9

ДАР ХИЗМАТ БОҒАЙРАТ БОШЕД | АЗ ХИЗМАТ БЕШТАР ХУРСАНДӢ ГИРЕД

Ба омӯзандагон кумак кунед, ки ба вохӯриҳо оянд

Вохӯриҳо қисми муҳими ибодати мо мебошанд (Зб 22:22). Аҳли ҷамоат якҷоя Яҳуваро ибодат карда хурсандию баракат меёбанд (Зб 65:4). Одатан вақте омӯзандагон мунтазам ба ҷамъомад меоянд, тезтар пешравӣ мекунанд.

Чӣ тавр шумо ба омӯзандагон ёрдам карда метавонед, ки дар ҷамъомад иштирок кунанд? Доим онҳоро ба ҷамъомад таклиф кунед. Видеонавори «Вохӯриҳои Шоҳидони Яҳува чӣ тавр мегузаранд?»-ро нишон диҳед. Ба онҳо манфиати вохӯриҳоро фаҳмонед (lff дарси 10). Шумо метавонед дар бораи ягон фикре, ки дар ҷамъомад маъқул шуд ё дар бораи мавзуи вохӯрии навбатӣ гап занед. Ба омӯзандаатон адабиётеро, ки дар ҷамъомад мегузарем, диҳед ё дар барномаи JW Library тугмачаи «Вохӯриҳо»-ро нишон диҳед. Шояд, барои ба ҷамъомад рафтан ба онҳо кумак лозим бошад, аз ин рӯ кумаки худро пешкаш намоед. Ҳар як кӯшише, ки шумо барои ба ҷамъомад омадани омӯзанда мекунед, арзанда аст (1Қр 14:24, 25).

ВИДЕОНАВОРИ «БА ОМӮЗАНДАГОНИ ХУД КУМАК КУНЕД, КИ ДАР ВОХӮРИҲО ИШТИРОК КУНАНД»-РО ТАМОШО КУНЕД ВА БА САВОЛҲОИ ЗЕРИН ҶАВОБ ДИҲЕД:

  • Саҳна аз видеонавори «Ба омӯзандагони худ кумак кунед, ки дар вохӯриҳо иштирок кунанд». Нита Ҷейдро ба вохӯрӣ таклиф мекунад.

    Нита аз кадом имконият истифода бурда Ҷейдро ба ҷамъомад таклиф кард?

  • Саҳна аз видеонавори «Ба омӯзандагони худ кумак кунед, ки дар вохӯриҳо иштирок кунанд». Нита дар ҷамъомад ба Ҷейд, ки дар наздаш нишастааст, табассум мекунад.

    Вақте омӯзанда ба ҷамъомад меояд, чаро мо хурсанд мешавем?

  • Саҳна аз видеонавори «Ба омӯзандагони худ кумак кунед, ки дар вохӯриҳо иштирок кунанд». Хоҳарон баъди ҷамъомад бо Ҷейд саломуалейк карда истодаанд.

    «Дар ҳақиқат, Худо дар миёни шумост»

    Вақте Ҷейд якум бор ба вохӯрӣ омад, чӣ ҳис кард?

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан