ДАР ХИЗМАТ БОҒАЙРАТ БОШЕД | АЗ ХИЗМАТ БЕШТАР ХУРСАНДӢ ГИРЕД
Ба омӯзандагон кумак кунед, ки аз муоширати бад даргурез бошанд
Барои дӯсти Яҳува шудан ба омӯзандагон лозим меояд, ки доираи муоширати худро дигар кунанд (Зб 15:1, 4). Муоширати хуб онҳоро ба корҳои дуруст ҳавасманд месозад (Пнм 13:20; lff дарси 48).
Ба омӯзандаатон ёрдам кунед, ки аз муоширати бад даргурез бошад. Барои ин кӯшиш кунед, ки ҳиссиёташро фаҳмед, зеро бо дӯстони пешинааш муошират накардан ба ӯ душвор буда метавонад. Аз ин рӯ дар рӯзҳое, ки ҳамроҳаш омӯзиш намекунед, ба ӯ вақт ҷудо карда таваҷҷуҳи самимӣ зоҳир намоед. Масалан, шумо метавонед ба ӯ паёмак фиристед, занг занед ё хабар гиред. Ҳамин ки омӯзандаатон пешравӣ кард, ӯро ба вохӯриҳои дӯстонаи бародарону хоҳарон даъват кунед. Он гоҳ ӯ аниқ мефаҳмад, ки дар асл бисёр чизро ба даст овардааст, на баръакс (Мқ 10:29, 30). Шумо низ вақте мебинед, ки оилаи Яҳува калон шуда истодааст, хурсанд мешавед.
ВИДЕОНАВОРИ «БА ОМӮЗАНДАГОНИ ХУД КУМАК КУНЕД, КИ АЗ МУОШИРАТИ БАД ДАРГУРЕЗ БОШАНД»-РО ТАМОШО КУНЕД ВА БА САВОЛҲОИ ЗЕРИН ҶАВОБ ДИҲЕД:
Муоширати бад чист? (1Қр 15:33).
Ҷейд ҷамъомади масеҳиёнро чӣ гуна тасаввур мекард?
Чӣ тавр Нита ба Ҷейд ёрдам дод, ки доираи муошираташро иваз кунад?