ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • mwb22 июл саҳ. 5
  • Кӯчидан ба ҷое, ки ниёз бештар аст

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Кӯчидан ба ҷое, ки ниёз бештар аст
  • Ҳаёт ва хизмати мо. Дафтари вохӯрӣ (2022)
  • Маводи монанд
  • Филиалҳои мо кадом корҳоро иҷро мекунанд?
    Кӣ имрӯз иродаи Яҳуваро иҷро мекунад?
  • Оё шумо ба Мақдуния омада метавонед?
    Хизмат ба Салтанати Худо 2011
  • Оё шумо аз Яҳува ҳар чизи аз дастатон меомадаро омӯхта истодаед?
    Хизмат ба Салтанати Худо 2011
  • «Инак ман ҳозирам, маро бифирист»!
    Ҳаёт ва хизмати мо. Дафтари вохӯрӣ (2016)
Маълумоти бештар
Ҳаёт ва хизмати мо. Дафтари вохӯрӣ (2022)
mwb22 июл саҳ. 5
Расмҳо аз видеонавори «Бо имон амал карда, ба “дари калон” дароед. Ба ҷое кӯчед, ки ниёз бештар аст». Расмҳо: 1. Габриел тадқиқот гузаронида истодааст. 2. Ӯ бо пири ҷамоаташ дар бораи чӣ тавр бо филиал тамос гирифтан гап зада истодааст. 3. Ӯ ҳамроҳи дӯсташ Сэмюэл дар маъракаи махсус иштирок намуда хушхабарро паҳн мекунанд.

БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД | БАРОИ СОЛИ НАВИ ХИЗМАТӢ МАҚСАДҲО ГУЗОРЕД

Кӯчидан ба ҷое, ки ниёз бештар аст

Барои аз ҷойи шинос ба ҷойи ношинос кӯчида бештар хизмат кардан имон даркор аст (Ибр 11:8–10). Агар шумо ба ҷое, ки ба воизон бештар ниёз ҳаст, кӯчидан хоҳед, чӣ кор карда метавонед? Дар ин бора бо пирони ҷамоататон гап занед. Пеш аз он ки ба ҷое кӯчед, аз адабиётамон дар бораи хизмат дар ҷое, ки ба воизон ниёз ҳаст, хонед. Бо касоне, ки ба дигар ҷой кӯчида, ҷамоати дигарро дастгирӣ мекунанд, суҳбат кунед (Пнм 15:22). Дар дуо аз Яҳува роҳнамоӣ пурсед (Яқ 1:5). Дар бораи ҷое, ки интихоб кардед, маълумот ҷамъ кунед ва, агар имкон бошад, пеш аз баровардани қарори қатъӣ якчанд вақт ба он ҷо рафта, зиндагӣ кунед.

ВИДЕОНАВОРИ «БО ИМОН АМАЛ КАРДА, БА “ДАРИ КАЛОН” ДАРОЕД. БА ҶОЕ КӮЧЕД, КИ НИЁЗ БЕШТАР АСТ»-РО ТАМОШО КУНЕД ВА БА САВОЛҲОИ ЗЕРИН ҶАВОБ ДИҲЕД:

  • Ба Габриел чӣ халал мерасонд ва чӣ ба ӯ ёрдам дод?

Агар шумо дар ҷамоати наздиктарин, ки он ҷо ниёз вуҷуд дорад, хизмат кардан хоҳед, дар ин бора бо нозири ноҳиявиатон гап занед. Агар дур аз хона хизмат кардан хоҳед, дар ин бора ба филиал нома навишта Кумитаи хизматии ҷамоататонро хабардор кунед. Лекин, агар дар минтақае хизмат кардан хоҳед, ки ба филиали шумо тааллуқ надорад, ба филиале, ки он минтақа зери назораташон мебошад, нома нависед. Дар ин нома шумо ҳамчунин қайд карда метавонед, ки дар кадом ҷой хизмат кардан мехостед.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан