ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • mwb23 май саҳ. 5
  • Оё шумо ба бӯҳрони иқтисодӣ тайёред?

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Оё шумо ба бӯҳрони иқтисодӣ тайёред?
  • Ҳаёт ва хизмати мо. Дафтари вохӯрӣ (2023)
  • Маводи монанд
  • Оё шумо тайёред?
    Ҳаёт ва хизмати мо. Дафтари вохӯрӣ (2020)
  • Дар анҷоми «рӯзҳои охир» ба офатҳои табиӣ тайёр бошед
    Ҳаёт ва хизмати мо. Дафтари вохӯрӣ (2021)
  • Оё қарорҳоятон нишон медиҳанд, ки шумо ба Яҳува такя мекунед?
    Ҳаёт ва хизмати мо. Дафтари вохӯрӣ (2023)
  • Оё шумо ба бетартибиҳои шаҳрвандӣ тайёред?
    Ҳаёт ва хизмати мо. Дафтари вохӯрӣ (2022)
Маълумоти бештар
Ҳаёт ва хизмати мо. Дафтари вохӯрӣ (2023)
mwb23 май саҳ. 5

БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

Оё шумо ба бӯҳрони иқтисодӣ тайёред?

Мо аз он ки дар саросари ҷаҳон бӯҳрони иқтисодӣ сар зада истодааст, ҳайрон намешавем. Чаро? Зеро мо дар анҷоми рӯзҳои охир зиндагӣ дорем. Ҳамчунин Китоби Муқаддас моро огоҳ мекунад, ки «ба сарвати бевафо» умед набандем (1Тм 6:17; 2Тм 3:1). Чӣ тавр мисоли шоҳ Еҳушофот барои ба бӯҳрони иқтисодӣ тайёр шудан ба мо ёрдам карда метавонад?

Вақте халқҳои душман бар зидди Еҳушофот баромаданд, ӯ ба Яҳува такя кард (2Вқ 20:9–12). Ғайр аз ин, ӯ пешакӣ чора андешида дар шаҳрҳои ҳисордор сарбозонро гузошт (2Вқ 17:1, 2, 12, 13). Мо низ мисли Еҳушофот метавонем ба Яҳува такя кунем ва пешакӣ ба вақтҳои душвор тайёр шавем.

ЧӢ ТАВР БА БӮҲРОНИ ИҚТИСОДӢ ТАЙЁР ШАВЕМ?

Имонатонро мустаҳкам кунед. Бо чизҳои доштаатон қаноат кунед ва дилпур бошед, ки Яҳува ҳар рӯз ба шумо ризқу рӯзӣ медиҳад (Мт 6:26; 1Тм 6:8). Барои қонеъ кардани ниёзҳои ҳаррӯза ҳеҷ вақт ба вайрон кардани принсипҳои Худо розӣ нашавед (Рм 2:21). Фикр кунед, ки агар барқ ё интернет набошад, чӣ тавр шумо хондани Китоби Муқаддас ва адабиётамонро давом медиҳед. Якчанд адабиёти чоппиро барои худ нигоҳ доред ва, агар имкон бошад, адабиёти электрониро пешакӣ боргирӣ карда монед.

Чизҳои заруриро тайёр кунед. Пеш аз сар задани бӯҳронӣ иқтисодӣ аз гирифтани қарз ва хароҷоти нодаркор даст кашед (Пнм 22:7). Агар имкон бошад, хӯрока ва чизҳои аввалиндараҷаро захира кунед. Баъзеҳо, шояд, қарор кунанд, ки барои сарфа кардани пул дар боғ сабзавот мешинонанд.

ВИДЕОНАВОРИ «ОЁ ШУМО БА ОФАТҲО ТАЙЁРЕД?»-РО ТАМОШО КУНЕД ВА БА САВОЛҲОИ ЗЕРИН ҶАВОБ ДИҲЕД:

Саҳна аз видеонавори «Оё шумо ба офатҳо тайёред?». Расми Китоби Муқаддас, сумкаю телефон ва сохтмончӣ.
  • Барои ба офатҳо тайёр шудан шахсан шумо чӣ кор карда метавонед?

Саҳна аз видеонавори «Оё шумо ба офатҳо тайёред?». Бародарон дар кори сохтмон ва расонидани кумаки моддӣ саҳм гузошта осебдидагонро дастгирӣ карда истодаанд.
  • Чӣ тавр мо ба кумаки дигарон тайёр шуда метавонем?

МАҚСАД

Дар ибодати оилавӣ маҷаллаи «Бедор шавед!» № 1 2022-ро дида бароед. Фикр кунед, ки барои ба офатҳо тайёр шудан боз чӣ кор карда метавонед.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан