ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
Тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • mwb23 июл саҳ. 3
  • Ҳуқуқи паҳн кардани хушхабарро ба даст меорем

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Ҳуқуқи паҳн кардани хушхабарро ба даст меорем
  • Ҳаёт ва хизмати мо. Дафтари вохӯрӣ (2023)
  • Маводи монанд
  • Замимаи саволҳо
    Хизмат ба Салтанати Худо 2009
  • Оё қарорҳоятон нишон медиҳанд, ки шумо ба Яҳува такя мекунед?
    Ҳаёт ва хизмати мо. Дафтари вохӯрӣ (2023)
  • Ҷавоби саволҳоро ёбед
    Барномаи анҷумани ноҳиявӣ 2025–2026. Бо иштироки нозири ноҳиявӣ
  • Ҷавоби ин саволҳоро ёбед
    Барномаи анҷумани ноҳиявӣ 2025–2026. Бо иштироки намояндаи филиал
Маълумоти бештар
Ҳаёт ва хизмати мо. Дафтари вохӯрӣ (2023)
mwb23 июл саҳ. 3
Расмҳо: 1. Гэти ва Мэри Барнетт. 2. Бародар Коккинакис ва дигарон дар Суди Аврупо оид ба ҳуқуқи башар. 3. Шоҳидони Яҳува дар Суди вилоятии Ростов (Русия). 4. Як гурӯҳ бародарон дар назди Суди конститутсионии Кореяи Ҷанубӣ истодаанд.

Kokkinakis v. Greece: Droit réservé

Аз чап ба рост: «Идораи давлатии маорифи иёлоти Вирҷинияи Ғарбӣ зидди Барнетт»; «Коккинакис зидди Юнон»; «Ташкилоти динии маҳаллии Таганрог ва дигарон зидди Федератсияи Руссия»; «Ча ва дигарон зидди Кореяи Ҷанубӣ»

БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

Ҳуқуқи паҳн кардани хушхабарро ба даст меорем

Вақте душманон кӯшиш карданд, ки пеши роҳи сохтмони ибодатгоҳро гиранд, исроилиён ҳар кори аз дасташон меомадаро карданд, то қонунӣ будани корашонро исбот намоянд (Эз 5:11–16). Ба ин монанд, имрӯз масеҳиён хушхабарро пуштибонӣ намуда, ҳуқуқи паҳн кардани онро ба даст меоранд (Фп 1:7). Бо ин мақсад соли 1936 дар идораи марказӣ шуъбаи ҳуқуқӣ ташкил дода шуд. Имрӯз ин шуъба ҳуқуқи паҳн кардани хушхабарро дар тамоми ҷаҳон ҳимоя мекунад. Чӣ тавр кори ин шуъба ба пешравии кори Подшоҳӣ ва беҳбудии халқи Худо мусоидат мекунад?

ВИДЕОНАВОРИ «ШИНОСОӢ БО ШУЪБАИ ҲУҚУҚИИ ИДОРАИ МАРКАЗӢ»-РО ТАМОШО КУНЕД ВА БА САВОЛҲОИ ЗЕРИН ҶАВОБ ДИҲЕД:

  • Шоҳидони Яҳува дар масъалаҳои ҳуқуқӣ бо чӣ гуна душвориҳо рӯ ба рӯ мешаванд?

  • Мо дар кадом масъалаҳои ҳуқуқӣ ғолибият ба даст овардем? Мисол оред.

  • Чӣ тавр ҳар яки мо «аз хушхабар пуштибонӣ» карда «ҳуқуқи паҳн кардани онро ба даст» оварда метавонем?

  • Мо дар бораи вазъи ҳуқуқие, ки ба халқи Худо таъсир мерасонад ва рӯйхати номи Шоҳидони Яҳува, ки барои имонашон дар маҳбас мебошанд, аз куҷо фаҳмида метавонем?

Агар ҳангоми паҳн кардани хушхабар корманди давлат гӯяд, ки шумо қонунро вайрон карда истодаед, чӣ кор карда метавонед? Ҳеҷ вақт бо намояндаи давлат баҳс накунед, ба гапи ӯ гӯш диҳед ва исрор накунед, ки шумо ба ин кор ҳуқуқ доред. Агар корманди милиса аз шумо хоҳиш кунад, ки дигар дар бораи хушхабар гап назанед, он гоҳ-чӣ? Боадабона аз ӯ пурсед, ки ҳуҷҷатҳояшро нишон диҳад ва рақами шуъбаи милисаро, ки ӯ дар он ҷо кор мекунад, фаҳмед. Дар бораи чунин ҳолатҳо пиронро хабардор кардан лозим аст. Онҳо бо филиал тамос гирифта, мефаҳманд, ки минбаъд чӣ бояд кард.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • Тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан