ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
Тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • mwb23 сентябр саҳ. 7
  • Пироне, ки бар манфиати халқи Яҳува амал мекунанд

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Пироне, ки бар манфиати халқи Яҳува амал мекунанд
  • Ҳаёт ва хизмати мо. Дафтари вохӯрӣ (2023)
  • Маводи монанд
  • Аз пирон кумак ҷӯед
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2025
  • Пирон, бо гунаҳкорон бо муҳаббату дилсӯзӣ рафтор кунед
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2024
  • Бародарон, ҳаракат кунед, ки пири ҷамоат шавед
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2024
  • Оё қарорҳоятон нишон медиҳанд, ки шумо ба Яҳува такя мекунед?
    Ҳаёт ва хизмати мо. Дафтари вохӯрӣ (2023)
Маълумоти бештар
Ҳаёт ва хизмати мо. Дафтари вохӯрӣ (2023)
mwb23 сентябр саҳ. 7

БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

Пироне, ки бар манфиати халқи Яҳува амал мекунанд

Бисёр одамон ба шахсони соҳибмартаба назари манфӣ доранд. Мо аз ин ҳайрон намешавем, чунки тӯли таърих одамон одатан аз мақоми худ суиистифода мебурданд (Мик 7:3). Мо беҳад миннатдорем, ки дар ҷамъомадҳои мо пиронро ёд медиҳанд, ки ба ҳокимият дуруст муносибат кунанд ва онро бар фоидаи халқи Яҳува истифода баранд (Эс 10:3; Мт 20:25, 26).

Баръакси одамони ин ҷаҳон, бародароне, ки соҳиби таъйинот шудан мехоҳанд, инро на бо ғараз, балки аз муҳаббат ба Яҳува ва халқаш мекунанд (Юҳ 21:16; 1Пт 5:1–3). Зери роҳнамоии Исо пирони ҷамоат ба ҳар як воиз ёрдам мекунанд, ки худро узви оилаи Яҳува ҳис кунад ва бо Худо муносибати наздикро инкишоф диҳад. Онҳо ҳамеша тайёранд, ки ягон воизро аз ҷиҳати рӯҳонӣ дастгирӣ кунанд ва агар ёрии таъҷилии тиббӣ даркор шавад ё офати табиӣ рӯй диҳад, кумак расонанд. Агар ба шумо ягон маслиҳат лозим бошад ва ё чизе шуморо ғам диҳад, ҳатман ба пирони ҷамоататон муроҷиат кунед (Яқ 5:14).

Саҳна аз видеонавори «Чӯпонони ғамхор». Пири ҷамоат Элиасро хуш пазироӣ намуда ба оғӯш гирифта истодааст.

ВИДЕОНАВОРИ «ЧӮПОНОНИ ҒАМХОР»-РО ТАМОШО КУНЕД ВА БА САВОЛҲОИ ЗЕРИН ҶАВОБ ДИҲЕД:

  • Чӣ тавр пирон ба Мариана кумак карданд?

  • Чӣ тавр пирон ба Элиас кумак карданд?

  • Чӣ тавр ин видеонавор ба муносибати шумо нисбати корҳое, ки пирон мекунанд, таъсир расонд?

Ба яке аз пирони ҷамоат муроҷиат намоед, агар. . .

  • рақами телефон ё суроғаатон иваз шавад;

  • бо душвориҳои сахт рӯ ба рӯ шавед;

  • муддати дуру дароз ба ягон ҷо сафар кунед;

  • ҷарроҳии душвор ва ё дар беморхона хобидан лозим ояд;

  • гуноҳи ҷиддӣ кунед.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • Тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан