ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • w24 август саҳ. 20-25
  • Пирон, бо гунаҳкорон бо муҳаббату дилсӯзӣ рафтор кунед

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Пирон, бо гунаҳкорон бо муҳаббату дилсӯзӣ рафтор кунед
  • Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2024
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • ЧӢ ТАВР ПИРОН БА ОНҲОЕ, КИ ГУНОҲИ ҶИДДӢ КАРДААНД, ЁРӢ МЕРАСОНАНД?
  • «ДАР ПЕШИ ҲАМА САРЗАНИШ КУН»
  • «ЯҲУВА ХЕЛЕ ДИЛСӮЗУ МЕҲРУБОН АСТ»
  • Кумак ба касоне, ки аз ҷамоат дур карда мешаванд
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2024
  • Мо аз назари Яҳува ба гунаҳкорон чӣ меомӯзем?
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2024
  • Яҳува ҷамоатро роҳбарӣ мекунад
    То абад зинда бошед! Омӯзиши Китоби Муқаддас
  • Шахсе, ки гуноҳи вазнин кардааст, бояд чӣ кор кунад?
    То абад зинда бошед! Омӯзиши Китоби Муқаддас
Маълумоти бештар
Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2024
w24 август саҳ. 20-25

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 34

СУРУДИ 50 Муҳаббати илоҳӣ, ки ба мо намуна аст

Пирон, бо гунаҳкорон бо дилсӯзиву муҳаббат рафтор кунед

«[Худо] аз рӯйи меҳрубонияш туро сӯйи тавба роҳнамоӣ карданӣ аст» (РУМ. 2:4).

МАҚСАД

Мо мефаҳмем, ки пирон ба воизоне, ки ба гуноҳи ҷиддӣ даст задаанд, чӣ тавр ёрдам карда метавонанд.

1. Оё барои касоне, ки гуноҳи ҷиддӣ кардаанд, умеде ҳаст?

ДАР мақолаи гузашта мо дидем, ки чӣ тавр Павлус масъалаи гуноҳи ҷиддиеро, ки дар шаҳри Қӯринт содир карда шуд, ҳал намуд. Азбаски гунаҳкор тавба накард, ӯро аз ҷамоат дур карданд. Аммо чуноне ки ояти асосии ин мақола нишон медиҳад, баъзе одамоне, ки гуноҳи ҷиддӣ кардаанд, ислоҳ шуда метавонанд (Рум. 2:4). Чӣ тавр пирон онҳоро сӯйи тавба раҳнамоӣ карданашон мумкин?

2, 3. Агар мо хабардор шавем, ки ҳамимоне гуноҳи ҷиддӣ кардааст, бояд чӣ кор кунем ва чаро?

2 Агар пирон дар бораи гуноҳи одам надонанд, ба вай ёрдам карда наметавонанд. Барои ҳамин, агар мо фаҳмем, ки ягон ҳамимон гуноҳи ҷиддие содир кардааст, гуноҳе, ки барои он ӯро аз ҷамоат дур карда метавонанд, чӣ кор бояд кунем? Мо бояд одамро ташвиқ кунем, ки бо пирон гап зада, аз онҳо ёрӣ пурсад (Иш. 1:18; Кор. 20:28; 1 Пет. 5:2).

3 Агар гунаҳкор бо пирон гап задан нахоҳад-чӣ? Дар ин ҳол мо худамон бояд назди пирон рафта, дар бораи гуноҳи ӯ хабар диҳем, то ба вай ёрии зарурӣ расонанд. Охир, мо бародар ё хоҳарамонро дӯст медорем ва намехоҳем ӯро аз даст диҳем. Агар гунаҳкор аз роҳи бадаш нагардад, муносибаташро бо Яҳува аз будаш бадтар мекунад. Ҳамчунин ӯ ба номи поки ҷамоат доғ меорад. Аз ин рӯ мо аз муҳаббат ба Яҳува ва гунаҳкор чунин қадами далерона мемонем (Заб. 27:14).

ЧӢ ТАВР ПИРОН БА ОНҲОЕ, КИ ГУНОҲИ ҶИДДӢ КАРДААНД, ЁРӢ МЕРАСОНАНД?

4. Вақте пирон бо касе вомехӯранд, ки гуноҳи ҷиддӣ кардааст, мақсадашон чист?

4 Вақте касе дар ҷамоат гуноҳи ҷиддӣ мекунад, ҳайати пирон се пири кордонро интихоб карда, кумитае ташкил медиҳандa. Ин бародарон бояд хоксору ҳадшинос бошанд. Онҳо бо тамоми ғайрат ба гунаҳкарда роҳи тавбаро нишон медиҳанд, вале ҳамзамон дарк мекунанд, ки ислоҳ шудан ё нашуданаш дар дасти худаш аст (5 Мӯсо 30:19). Пирон мефаҳманд, ки на ҳар гунаҳкарда мисли шоҳ Довуд ба насиҳат гӯш дода, ислоҳ мешавад (2 Подш. 12:13). Баъзеи гунаҳкорон дидаю дониста огоҳии Яҳуваро рад мекунанд (1 Мӯсо 4:6–8). Ба ҳар ҳол мақсади пирон ин аст, ки, агар имкон бошад, шахсро сӯйи тавба биёранд. Вақти вохӯрдан бо гунаҳкор бародарон аз рӯйи кадом принсипҳо амал мекунанд?

5. Вақти вохӯрдан бо хатокор пирон кадом маслиҳатро ба назар мегиранд? (2 Тимотиюс 2:24–26). (Ҳамчунин ба расм нигаред.)

5 Дар назари пирон шахси гунаҳкор гӯсфанди гумшудаву пурқимати Яҳува аст (Луқ. 15:4, 6). Аз ин рӯ вақти вохӯрдан бо он шахс пирон сахтгапиву дағалӣ намекунанд, балки муомилаи хубро нишон медиҳанд. Пирон дар ёд медоранд, ки мақсади онҳо ҳар чӣ зудтар далел ҷамъ кардану ба ягон қарор омадан нест. Вақти суҳбат бо гунаҳкор онҳо сифатҳои 2 Тимотиюс 2:24–26-ро дар ёд дошта, бо мулоимӣ, меҳрубонӣ ва хушмуомилагӣ ба дили гунаҳкор роҳ ёфтанӣ мешаванд. (Оятро хонед.)

Чӯпоне бо рамааш ва ӯ гӯсфанди гумшудаашро мекобад. Гӯсфанди гумшуда дар байни хорбуттае дармондааст ва пояш хуншор аст.

Мисли чӯпонҳо пирон мекӯшанд гӯсфанди гумшударо ёбанд (Ба сархати 5 нигаред.)


6. Чӣ тавр пирон пеш аз вохӯрӣ бо хатокор дилашонро омода мекунанд? (Румиён 2:4).

6 Пирон дилашонро омода месозанд. Онҳо кӯшиш мекунанд аз ҳар ҷиҳат ба Яҳува пайравӣ кунанд ва суханони зерини Павлусро дар ёд доранд: «[Худо] аз рӯйи меҳрубонияш туро сӯйи тавба роҳнамоӣ карданӣ аст». (Румиён 2:4-ро хонед.) Пирон фаромӯш намесозанд, ки таҳти роҳбарии Масеҳ рамаи ӯро чӯпонӣ мекунанд (Иш. 11:3, 4; Мат. 18:18–20). Пеш аз вохӯрдан бо хатокарда кумита бо дуо дар бораи мақсади асосияшон мулоҳиза меронанд, ки гунаҳкорро сӯйи тавба раҳнамоӣ кардан аст. Онҳо аз Навиштаҳо ва адабиётамон таҳқиқ карда, дар дуо рамузфаҳмӣ мепурсанд. Пирон феълу табиат, гузашта ва дигар маълумотро дар бораи одам ба назар мегиранд, ки ба фикрронӣ, рафтор ва рӯҳияаш таъсир карда метавонист (Пнм. 20:5).

7, 8. Вақти вохӯрдан бо хатокор чӣ тавр пирон аз сабри Яҳува ибрат мегиранд?

7 Пирон аз сабри Яҳува ибрат мегиранд. Онҳо дар ёд доранд, ки Яҳува дар замонҳои пеш бо гунаҳкорон чӣ хел рафтор мекард. Масалан, Яҳува бо Қобил пурсаброна мулоҳиза ронд, аз оқибати гуноҳаш ӯро огоҳ кард ва фаҳмонд, ки чӣ тавр ризои ӯро соҳиб шуда метавонад (1 Мӯсо 4:6, 7). Вақте Довуд гуноҳ кард, Яҳува пайғамбар Нотонро пеши ӯ фиристод. Нотон бо ёрии мисоли дилрас Довудро ҳушёр кард (2 Подш. 12:1–7). Яҳува сӯйи халқи саркаши Исроил «гаштаву баргашта» пайғамбаронашро мефиристод (Ирм. 7:24, 25). Ӯ интизор наменишаст, ки кай халқаш тавба мекунад, балки худаш пешдастӣ намуда, онҳоро сӯйи тавба даъват мекард.

8 Пирон ҳангоми кумак ба касоне, ки гуноҳи ҷиддӣ кардаанд, аз Яҳува ибрат мегиранд. Дар 2 Тимотиюс 4:2 дастур дода мешавад, ки пир бояд бо ҳамимоне, ки мушкилӣ дорад, бо пуртоқатӣ рафтор кунад. Дар маълумоти омӯзишии ҳамин оят ба забони англисӣ дар бораи чунин пир гуфта мешавад: «Ӯ худдориро пеша карда, бо камоли сабру тоқат гунаҳкорро ба дурусткорӣ ҳидоят мекунад. Агар пир асабонӣ ё бетоқат шавад, шояд, гунаҳкор худашро дур гирад ё рӯҳан пешпо хӯрад».

9, 10. Чӣ тавр пирон барои мулоҳиза рондан ба гунаҳкор ёрӣ мерасонанд?

9 Пирон қадамҳоеро, ки сӯйи гуноҳ бурданд, муайян мекунанд. Масалан, оё масеҳӣ ба омӯзиши шахсӣ ё хизмат хунукназарӣ карда, оҳиста-оҳиста суст шуд? Оё дуоҳояш кам-каму рӯякӣ шуданд? Оё ӯ дар пайи ҳавасҳои фиребанда мерафт? Оё ёрону вақтхушиҳои зарароварро интихоб мекард? Чунин қарорҳо ба ақлу дилаш чӣ тавр таъсир карданд? Оё ӯ дарк мекунад, ки интихобу рафторҳои ӯ Падараш Яҳуваро ғамгин карданд?

10 Бе кунҷкобии барзиёд пирон саволҳои хубу бамантиқ дода, гунаҳкорро ба суҳбат мекашанд ва бо ӯ мулоҳиза меронанд (Пнм. 20:5). Ҳамчунин онҳо метавонанд мисли Нотон бо ёрии мисолҳо чашми гунаҳкорро кушоянд, то хатояшро дарк кунад. Шояд, аллакай ҳангоми вохӯрии якум шахс аз кори кардааш каме ҳам бошад, пушаймон шавад ва ё ҳатто аз таҳти дил тавба кунад.

11. Исо бо гунаҳкорон чӣ тавр рафтор намуд?

11 Пирон аз Исо ибрат мегиранд. Ҳангоми гап задан бо Шоули тарсусӣ Исои зиндашуда ба ӯ саволи дилсанҷе дод: «Шоул, Шоул, барои чӣ маро озор медиҳӣ?» (Кор. 9:3–6). Бо ин савол Исо ба Шоул ёрӣ расонд, ки дар бораи рафтори нодурусташ фикр кунад. Дар бораи зане, ки «Изобал» номида шудааст, Исо чунин гуфт: «Ман барои тавба ба ӯ вақт додам» (Ошкор. 2:20, 21).

12, 13. Чӣ тавр пирон ба гунаҳкор имкони тавба медиҳанд? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)

12 Аз Исо ибрат гирифта пирон шитобкорона хулоса намебароранд, ки гунаҳкор тавба карданӣ нест. Баъзеҳо, шояд, ҳангоми вохӯрии якум бо кумитаи пирон тавба кунанд. Ба дигарон вақти бештар лозим аст. Аз ин рӯ, шояд, пирон қарор кунанд, ки бо гунаҳкор якчанд бор вомехӯранд. Мумкин, баъди вохӯрии якум бо пирон масеҳии хатокарда дар бораи суханони онҳо ба таври ҷиддӣ фикр кунад. Шояд, ӯ ҳатто бо сару дили хам ба Яҳува дуо гӯяд (Заб. 32:5; 38:18). Ҳамин тавр то вохӯрии навбатӣ, эҳтимол, рӯҳияи гунаҳкор тамоман дигар шавад.

13 Барои гунаҳкорро сӯйи тавба овардан ба пирон ҳамдардиву меҳрубонӣ лозим аст. Онҳо умедвору дуогӯйи онанд, ки Яҳува заҳматҳояшонро баракат диҳаду масеҳии раҳгумзада ҳушёр шуда, ба роҳи тавба қадам монад (2 Тим. 2:25, 26).

Силсиларасм: 1. Се пир бо бародаре вомехӯрданд. Вақте пирон бо ӯ гап мезананд, ӯ рӯяшро гардондааст. 2. Баъдтар пирон бо ӯ боз вомехӯранд. Ӯ бодиққат гапи пиронро гӯш дорад.

Пирон ба гунаҳкор имкони тавба дода, шояд, бо ӯ якчанд бор вохӯранд (Ба сархати 12 нигаред.)


14. Вақте гунаҳкор тавба мекунад, кӣ сазовори ситоиш аст ва чаро?

14 Агар гунаҳкор тавба кунад, ин сабаби шодии бузург аст (Луқ. 15:7, 10). Вале барои чунин натиҷаи нағз асосан кӣ сазовори ситоиш аст? Пирон? Ба ёд оред, ки Павлуси расул дар бораи гунаҳкорон чӣ гуфта буд: «Худо дари тавбаро ба рӯяшон боз кард» (2 Тим. 2:25). Дар маълумоти омӯзишии ҳамин оят ба забони англисӣ чунин гуфта мешавад: «Дар ин ҳол ҳидоятгари гунаҳкор сӯйи тавба инсон не, балки Яҳува аст, ки масеҳии раҳгумзадаро ба роҳи рост бармегардонад. Павлус баъзе аз меваҳои зебои чунин тавбаро ном мебарад: гунаҳкор ба ростӣ беҳтар сарфаҳм меравад ва аз ғофилии рӯҳонӣ ҳушёр шуда, аз домҳои Шайтон гурехта метавонад (2 Тим. 2:26)».

15. Чӣ тавр пирон минбаъд ҳам ба гунаҳкор ёрӣ мерасонанд?

15 Вақте гунаҳкор тавба мекунад, кумита якчанд бор хабар гирифтани ӯро ташкил мекунад. Ин хабаргириҳо ба хатокарда кумак мекунанд, то аз домҳои Шайтон гурехта, дар роҳи ростӣ қадамҳои устувор монад (Ибр. 12:12, 13). Албатта, пирон ба ҳеҷ кас гуноҳи хатокорро ошкор намесозанд. Вале ҷамоат бояд аз чӣ хабардор бошад?

«ДАР ПЕШИ ҲАМА САРЗАНИШ КУН»

16. Павлус «дар пеши ҳама сарзаниш кун» гуфта, чиро дар назар дошт? (1 Тимотиюс 5:20).

16 1 Тимотиюс 5:20-ро хонед. Ин суханонро Павлуси расул ба дигар пири ҷамоат — Тимотиюс навишта, дастур медиҳад, ки бо гунаҳкорон чӣ тавр бояд рафтор кард. Гунаҳкорро «дар пеши ҳама сарзаниш кун» гуфта, ӯ чиро дар назар дошт? Оё манзураш ин буд, ки гунаҳкорро дар пеши тамоми ҷамоат бояд сарзаниш кард? Не, ӯ якчанд нафареро дар назар дошт, ки аз рафтори гунаҳкор хабар доштанд. Шояд, онҳо шоҳиди воқеа ё касоне буданд, ки гунаҳкор ба онҳо иқрор шудааст. Пирон бо эҳтиёту фаросат амал карда, ба онҳо хабар медиҳанд, ки масъалаи гунаҳкорро дида баромаданд.

17. Агар рафтори гунаҳкорро бисёре аз аҳли ҷамоат донанд ё хабардор шуданашон мумкин бошад, чиро эълон мекунанд ва чаро?

17 Дар баъзе ҳолатҳо, шояд, аз рафтори гунаҳкор аллакай бисёриҳо дар ҷамоат огоҳ бошанд ё мумкин ба наздикӣ хабардор мешаванд. Дар ин ҳол «дар пеши ҳама сарзаниш кун» гуфтани Павлус маънои онро дорад, ки пире бояд танбеҳ гирифтани бародар ё хоҳарро ба тамоми ҷамоат эълон кунад. Чаро? Павлус мегӯяд: «То ба дигарон дарс шавад ва онҳо ба доми гуноҳ наафтанд».

18. Вақте ноболиғи таъмидёфтае ба гуноҳи ҷиддӣ даст мезанад, пирон чӣ кор мекунанд? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)

18 Вақте ноболиғи таъмидёфта, яъне шахсе, ки синнаш ба 18 нарасидааст, ба гуноҳи ҷиддие даст мезанад, чӣ кор бояд кард? Ҳайати пирон ду пирро таъйин мекунад, то бо ноболиғ ва волидони масеҳияш вохӯрандb. Пирон аниқ мекунанд, ки волидон барои сӯйи тавба ҳидоят кардани фарзандашон кадом қадамҳоро гузоштанд. Агар ноболиғ рӯҳияи хуб дораду волидон вазъиятро зери назорати худ гирифта бошанд, ду пир хулоса карда метавонанд, ки масъаларо дигар баррасӣ намекунанд. Охир, ислоҳу насиҳати фарзандонро Худо бар дӯши падару модар гузоштааст (5 Мӯсо 6:6, 7; Пнм. 6:20; 22:6; Эфс. 6:2–4). Пирон як-як бо волидони ӯ суҳбат карда, хабардор мешаванд, ки оё ба ноболиғ кумаки рӯҳонӣ расонда истодаанд ё не. Вале, агар ноболиғ аз роҳи гунаҳкоронааш даст накашад ва тавба накунад-чӣ? Дар ин ҳол бо ӯ ва волидони масеҳияш кумитаи пирон вомехӯранд.

Ду пир бо ноболиғе ва волидони масеҳияш дар хонаашон вомехӯранд. Яке аз пирон оятеро хонда истодааст.

Вақте ноболиғе ба гуноҳи ҷиддӣ даст мезанад, ду пир бо ӯву волидони масеҳияш вомехӯранд (Ба сархати 18 нигаред.)


«ЯҲУВА ХЕЛЕ ДИЛСӮЗУ МЕҲРУБОН АСТ»

19. Чӣ тавр пирон дар муомила бо гунаҳкор аз Яҳува ибрат мегиранд?

19 Пироне, ки дар чунин кумитаҳо хизмат мекунанд, дар пеши Яҳува вазифадоранд, ки ҷамоатро пок нигоҳ доранд (1 Қӯр. 5:7). Онҳо ҳамчунин қувваташонро дареғ намедоранд, то гунаҳкоронро сӯйи тавба даъват кунанд. Аз ин рӯ онҳо некандешанду умедашонро аз бародару хоҳарон намекананд. Барои чӣ? Чунки онҳо мехоҳанд аз Яҳува ибрат гиранд, ки Худои «хеле дилсӯзу меҳрубон аст» (Яъқ. 5:11). Юҳаннои солхӯрда бо бародару хоҳаронаш ҳамин хел муносибат мекард. Ӯ чунин навишт: «Эй фарзандони азиз, ин чизҳоро ба шумо менависам, то гуноҳе накунед. Лекин, агар касе гуноҳе кунад, мо дар назди Худо мададгоре дорем, ки Исои Масеҳи росткор аст» (1 Юҳ. 2:1).

20. Дар қисми охирини ин силсиламақола мо чиро дида мебароем?

20 Афсӯс, баъзан масеҳӣ тавба кардан намехоҳад. Дар чунин ҳол ӯро бояд аз ҷамоат дур кард. Пирони ҷамоат чунин масъаларо чӣ хел ҳал мекунанд? Биёед дар охирон қисми силсиламақола ба ин савол ҷавоб ёбем.

ҶАВОБИ ШУМО ЧИСТ?

  • Мувофиқи Румиён 2:4 мақсади пирон вақти вохӯрдан бо гунаҳкор чист?

  • Дар 2 Тимотиюс 2:24–26 ба пирон чӣ дастур дода шудааст?

  • Дар пеши ҳама «сарзаниш кун» гуфтани Павлус чӣ маъно дорад?

СУРУДИ 42 Нотавононро дастгирӣ намоед

a Пеш чунин гурӯҳҳоро кумитаҳои ҳуқуқӣ меномиданд, аммо мо дигар ин ибораро ба кор намебарем, чунки довариву баррасии ҳуқуқӣ танҳо як ҷониби кори онҳост. Ҳозир онҳо кумитаи пирон номида мешаванд.

b Чизе, ки дар бораи волидон гуфта мешавад, ҳамчунин ба парасторони қонунӣ ва касоне дахл дорад, ки нигоҳубини ноболиғро ба уҳда доранд.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан