БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД
Дастгириву тасаллӣ барои касоне, ки дар Байт-Ил хизмат мекунанд
Ҳамаи мо бо озмоишҳо рӯ ба рӯ мешавем ва ба тасалливу дастгирӣ муҳтоҷ мегардем. Ҳатто масеҳиёни рӯҳан баркамол ва касоне, ки дар ташкилоти Яҳува уҳдадориҳо доранд, худро зиқу рӯҳафтода ҳис карда метавонанд (Аб 3:1–3; Зб 34:19). Ходимони Байт-Ил истисно нестанд. Аз ин рӯ пирони махсус таъйин карда мешаванд, то онҳоро хабар гирифта дастгирӣ намоянд ва тасаллӣ диҳанд.
ВИДЕОНАВОРИ «БА ХУДО УМЕД БАНДЕД»-РО ТАМОШО КУНЕД ВА БА САВОЛҲОИ ЗЕРИН ҶАВОБ ДИҲЕД:
Оилаи Байт-Ил бо чӣ гуна душвориҳо рӯ ба рӯ мешавад?
Пирон барои тасаллӣ додани онҳо кадом чор қадамро мегузоранд?
Чӣ тавр чунин хабаргириҳо ба худи пирон таъсир мерасонад?