БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД
«Бо он чӣ доред, қаноат кунед»
Агар мо бо як азоб рӯзамонро пеш барем, эҳтимол дар мо васвасаи бештар пулкоркунӣ пайдо шаваду мо ба коре дароем, ки муносибатамонро бо Яҳува оқибат вайрон карда метавонад. Дар ин вақт мулоҳиза дар бораи суханони Ибриён 13:5 кумак мекунад.
«Аз пулпарастӣ дурӣ ҷӯед»
Ба Яҳува дуо гӯед; фикр кунед, ки шумо ба пул чӣ гуна муносибат доред ва ба фарзандонатон чӣ намуна мегузоред (g-U 9.15 саҳ. 6).
«Бо он чӣ доред, қаноат кунед»
Мулоҳиза ронед, ки дар асл ба шумо чӣ даркор аст (w16.07 саҳ. 7, сарх. 1, 2).
«Ҳеҷ гоҳ туро намепартоям ва ҳеҷ гоҳ туро танҳо намемонам»
Агар Подшоҳии Худо дар ҷойи аввали ҳаётатон бошад, дилпур бошед, ки бо ёрии Яҳува шумо худро бо чизҳои лозима таъмин карда метавонед (w14 15.4 саҳ. 19, сарх. 17).
ВИДЕОНАВОРИ «ЧӢ ТАВР ҲАМИМОНОНАМОН НИГОҲ НАКАРДА БА ДУШВОРИҲОИ ИҚТИСОДӢ ОРОМИРО НИГОҲ МЕДОРАНД»-РО ТАМОШО КУНЕД ВА БА САВОЛИ ЗЕРИН ҶАВОБ ДИҲЕД:
Шумо аз мисоли бародар Мигел Новоя чӣ дарс мегиред?