ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • wp21 № 3 саҳ. 12-14
  • Роҳнамои боваринок сӯйи ояндаи дурахшон

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Роҳнамои боваринок сӯйи ояндаи дурахшон
  • Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад (нашри оммавӣ)—2021
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • РОҲНАМОИ БЕҲТАРИН
  • Шумо дар бораи Китоби Муқаддас чӣ фикр доред?
    Шумо дар бораи Китоби Муқаддас чӣ фикр доред?
  • Маслиҳатҳои бештар барои оилаҳо
    Бедор шавед!—2018
  • Шумо дар бораи оянда чӣ фикр доред?
    Шумо дар бораи оянда чӣ фикр доред?
Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад (нашри оммавӣ)—2021
wp21 № 3 саҳ. 12-14
Марде Китоби Муқаддас мехонад.

Роҳнамои боваринок сӯйи ояндаи дурахшон

Аз мақолаҳои гузашта мо фаҳмидем, ки одамон ояндаи хушбахтро бо ҳар роҳ мекобанд. Баъзеҳо ба фолбинӣ, маълумоти олӣ ва боигарӣ такя мекунанд. Инчунин онҳое ҳастанд, ки ба ақидаашон одами хуб шудан кафолати ҳаёти хуб аст. Лекин ба ин роҳҳо умед бастан мисли он аст, ки шахс харитаи хаторо истифода бурда ба ҷойи нодуруст меравад. Пас, оё гуфтан мумкин аст, ки сӯйи ояндаи дурахшон роҳнамое нест? Не албатта!

РОҲНАМОИ БЕҲТАРИН

Вақте мо қарор қабул карданӣ мешавем, одатан аз шахсе, ки аз мо калонтару хирадмандтар аст, маслиҳат мепурсем. Ба ин монанд барои ба даст овардани ояндаи дурахшон ба Сарчашмае рӯ меорем, ки аз мо калонтару хирадмандтар аст, то роҳнамоии беҳтарин гирем. Маслиҳатҳои ӯ дар навиштаҳои илоҳӣ омадааст, ки 3500 сол пеш ба қалам оварда шудаанд. Ин ҷамъи навиштаҳоро одамон Китоби Муқаддас меноманд.

Чаро Китоби Муқаддас сазовори боварӣ аст? Зеро муаллифаш Онест, ки дар Коинот аввалин ва хирадмандтарин мебошад. Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки ӯ аз «Қадимулайём» ва «аз азал то абад» вуҷуд дорад (Дониёл 7:9; Забур 90:2). Ӯ «Офаридгори осмон, Худои ҳақиқӣ, Офарандаи замин» аст (Ишаъё 45:18). Ӯ ба мо номашро ошкор кардааст, ки Яҳува мебошад (Забур 83:18).

Азбаски Муаллифи Китоби Муқаддас Офаридгори тамоми одамизод аст, дар ин китоб рӯйбинӣ дида намешавад. Маслиҳатҳои он дар ҳар давру замон корбурданд ва ба тамоми одамон манфиат меоранд. Ягон китоб мисли Китоби Муқаддас ба бисёр забонҳои гуногун тарҷума ва паҳн нашудаастa. Аз ин ҷост, ки одамон дар кадом кунҷи дунё набошанд, онро ба осонӣ фаҳмида аз роҳнамоиаш баҳра бурда метавонанд. Суханони мазкур ба гуфтаҳои зерини Китоби Муқаддас рост меоянд:

«Худо ҳамаро бо як чашм мебинад, ва ҳар кӣ аз ӯ тарсаду дуруст рафтор кунад, аз кадом халқе набошад, ба ӯ маъқул аст» (КОРНОМА 10:34, 35).

Чи хеле ки волидон фарзандонашонро дӯст медоранд ва роҳнамоӣ мекунанд, Яҳува Худо низ, ки Падари меҳрубон аст, ба воситаи Каломаш моро роҳнамоӣ мекунад (2 Тимотиюс 3:16). Бале, Китоби Муқаддас сазовори боварист. Шумо аз он дилпур буда метавонед. Охир, Яҳува моро офаридааст ва ӯ беҳтар медонад, ки чӣ моро хушбахт карда метавонад.

МАНБАИ БОВАРИНОК

Расмҳо: 1. Марде дар қатораи зеризаминӣ аз таҷҳизоташ китоб мехонад. 2. Дар экрани телефонаш Китоби Муқаддас дида мешавад.

Китоби Муқаддас роҳнамои эътимоднок аст. Масалан, 2000 сол пеш дар он дақиқ пешгӯйӣ шуда буд, ки дар рӯзҳои мо кадом воқеаҳо рӯй медиҳанд ва одамон чӣ гуна рафтор мекунанд.

ВОҚЕАҲО

«Як халқ бо халқи дигаре ва як давлат бо давлати дигаре ҷанг мекунад, заминҷунбиҳои сахт ба амал меоянд ва дар ҳама ҷо пайи ҳам гушнагиву вабоҳо сар мезананд» (ЛУҚО 21:10, 11).

РАФТОР

«Дар рӯзҳои охир замонҳои сахт фаро мерасанд, зеро одамон худбин, пулпараст, лофзан, ҳавобаланд, куфргӯ, беитоат ба падару модар, кӯрнамак, бевафо, бемеҳр, номуросо, туҳматзан, бепарҳез, ваҳшӣ, душмани некӣ, хиёнаткор, саркаш ва мағрур мешаванд, дӯстдори айшу ишрат мешаванд, на дӯстдори Худо» (2 ТИМОТИЮС 3:1–4).

Чи хеле ки мебинед Китоби Муқаддас чандин сол қабл рӯйдодҳои имрӯзаро пешгӯйӣ кардааст. Ин чӣ тавр имконпазир аст? Бешак шумо бо Лоенг, ки аз Ҳонконг аст, розӣ мешавед: «Пешгӯйиҳои Китоби Муқаддас чандин аср пеш гуфта шудаанд. Ягон инсон рӯйдодҳои имрӯзаро ин қадар аниқ пешгӯйӣ карда наметавонист. Муаллифи ин китоб аз мо дида садчандон хирадмандтар аст».

Дар Китоби Муқаддас садҳо пешгӯйӣ ҳаст, ки иҷро шудаандb. Барои ҳамин он воқеан ҳам Каломи Худо мебошад. «Ман Худо ҳастам ва мисли ман касе нест» — мегӯяд Яҳува. «Ман оқибатро аз аввал... пешгӯйӣ мекунам» (Ишаъё 46:9, 10). Аз ин ҷост, ки мо барои ба гуфтаҳои Китоби Муқаддас бовар кардан сабаби ҷиддӣ дорем.

РОҲНАМОИЕ, КИ ИМРӮЗ ВА ТО АБАД МАНФИАТ МЕОРАД

Волидон аз дасти ду фарзандашон гирифта дар саҳро гаштугузор мекунанд.

Аз рӯйи Китоби Муқаддас амал кардан ба шумо манфиат меорад. Биёед баъзеашро аз назар гузаронем:

МАСЛИҲАТИ ХУБ ДАР БОРАИ ПУЛ ВА КОР

«Як мушт роҳат беҳ аз ду мушти пур аз заҳмату аз паси шамол давидан» (ПАНДГӮ 4:6).

ХУШБАХТӢ ДАР ОИЛА

«Ҳар яки шумо бояд зани худро мисли худ дӯст доред ва зан бояд ба шавҳари худ эҳтироми зиёд дошта бошад» (ЭФСӮСИЁН 5:33).

МУНОСИБАТ БО ДИГАРОН

«Аз хашм даст бикаш ва ғазабро тарк намо. Асабонӣ нашаву ба бадӣ рӯ наовар» (ЗАБУР 37:8).

Аз рӯйи маслиҳатҳои Калом амал кардан аллакай имруз сӯйи ояндаи дурахшон роҳ мекушояд. Аз он мо ваъдаҳои Худоро оиди ояндаи олиҷаноб меёбем, ки он вақт:

ОДАМОН ДАР АМНИЯТ ЗИНДАГӢ МЕКУНАНД

«Нармдилон... аз осудагии бисёр лаззат мебаранд» (ЗАБУР 37:11).

СОҲИБИ ХОНА ВА ХӮРДУ ХӮРОК МЕШАВАНД

«Мардум хонаҳо сохта, дар онҳо зиндагӣ хоҳанд кард, токҳо шинонда меваи онро хоҳанд хӯрд» (ИШАЪЁ 65:21).

АЗ БЕМОРИЮ МАРГ ХАЛОС МЕГАРДАНД

«Ӯ ҳар ашкро аз чашмони онҳо пок мекунад ва марг дигар намешавад, гиря, фиғон ва дард дигар намешавад. Он чӣ пештар буд, гузашт» (ОШКОРСОЗӢ 21:4).

Барои соҳиби чунин оянда шудан чӣ кор кардан лозим? Ҷавоби ин савол дар мақолаи навбатӣ оварда шудааст.

a Барои гирифтани маълумоти бештар дар бораи тарҷума ва паҳн гаштани Китоби Муқаддас ба сомонаи www.pr2711.com нигаред (бахши БИБЛЕЙСКИЕ УЧЕНИЯ > ИСТОРИЯ И БИБЛИЯ).

b Барои гирифтани маълумоти бештар ба боби 9-уми китоби «Китоби Муқаддас. Каломи Худо ё инсон?» (рус.) нигаред. Он аз тарафи Шоҳидони Яҳува нашр шудааст ва дар сомонаи www.pr2711.com дастрас мебошад (бахши БИБЛИОТЕКА > КНИГИ И БРОШЮРЫ).

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан