ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • wp22 № 1 саҳ. 12-13
  • 4 | Бо ёрии Худо бар нафрат ғолиб оед

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • 4 | Бо ёрии Худо бар нафрат ғолиб оед
  • Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад (нашри оммавӣ)—2022
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • Каломи Худо чӣ мегӯяд?
  • Ин чӣ маъно дорад?
  • Шумо чӣ кор карда метавонед?
  • Чӣ тавр занҷири нафратро кандан мумкин?
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад (нашри оммавӣ)—2022
  • Мо бар нафрат ғолиб омада метавонем!
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад (нашри оммавӣ)—2022
  • Чаро дунё пур аз нафрат аст?
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад (нашри оммавӣ)—2022
  • Кай нафрат абадан аз байн меравад?
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад (нашри оммавӣ)—2022
Маълумоти бештар
Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад (нашри оммавӣ)—2022
wp22 № 1 саҳ. 12-13
Одамон ба тарафи Китоби Муқаддаси кушода рафта истодаанд, ки онҳоро роҳнамоӣ мекунад. Сояи онҳо бошад, нафрати пешинаашонро инъикос мекунад.

ЧӢ ТАВР ЗАНҶИРИ НАФРАТРО КАНДАН МУМКИН?

4 | Бо ёрии Худо бар нафрат ғолиб оед

Каломи Худо чӣ мегӯяд?

«Самари рӯҳ бошад, ин аст: муҳаббат, хурсандӣ, осоиштагӣ, пурсабрӣ, меҳрубонӣ, некуӣ, имон, нармдилӣ ва худдорӣ» (ҒАЛОТИЁН 5:22, 23).

Ин чӣ маъно дорад?

Бешубҳа, бо ёрии Худо занҷири нафратро кандан мумкин аст. Рӯҳи муқаддаси Худо дар мо хислатҳоеро инкишоф дода метавонад, ки мо танҳо бо қуввати худ ҳаргиз инкишоф дода наметавонистем. Барои ҳамин ба ҷойи дар танҳоӣ бо ҳисси нафрат мубориза бурдан беҳтараш кумакеро, ки Яҳува пешниҳод мекунад, қабул кунем. Агар ин тавр кунем, мисли Павлуси расул чунин гуфта метавонем: «Бо ёрии Оне, ки ба ман қувват мебахшад, ҳама чиз аз дастам меояд» (Филиппиён 4:13). Бале, мо нидо карда метавонем: «Мадади ман аз сӯйи Яҳува меояд» (Забур 121:2).

Шумо чӣ кор карда метавонед?

«Яҳува мани бадхашмро ба як инсони мулоим табдил дод» ВАЛДО.

Ба Яҳува дуо гӯед, самимона хоҳиш кунед, ки ба шумо рӯҳи муқаддас диҳад (Луқо 11:13), кумак расонад, ки хислатҳои барояш писандро инкишоф диҳед. Аз Китоби Муқаддас дар бораи хислатҳое хонед, ки муқобили нафратанд. Масалан, муҳаббат, осоиштагӣ, пуртоқатӣ ва худдорӣ. Андеша кунед, ки чӣ тавр ин хислатҳоро инкишоф дода метавонед ва бо онҳое муошират кунед, ки инчунин мехоҳанд, хислатҳои мазкурро инкишоф диҳанд. Муошират бо онҳо кумак мекунад, ки муҳаббат ва некукориро пеша кунед (Ибриён 10:24).

Воқеа аз ҳаёт. ВАЛДО

Бар нафрат ғолиб омад

Валдо.

Валдо дар муҳити вазнин ба воя расидааст, барои ҳамин дар дилаш нафрат пайдо шуда буд. Ӯ ба ёд меорад: «Ман доим бо нашъафурӯшон дастбагиребон мешудам. Боре душманонам ба як одамкуш пул доданд, ки маро ба қатл расонад. Вале ман захмдор шуда аз ӯ гурехта тавонистам».

Вақте ҳамсараш бо Шоҳидони Яҳува омӯзиши Китоби Муқаддасро сар кард, Валдо сахт ба ғазаб омад. Ӯ мегӯяд: «Ман ба сарашон дод зада онҳоро ҳақорат мекардам, вале онҳо доим оромона ҷавоб медоданд».

Оқибат Валдо худаш омӯзиши Китоби Муқаддасро сар кард. Ӯ мегӯяд: «Чизҳои фаҳмидаамро дар ҳаёт ба кор бурдан душвор буд. Ман боварӣ доштам, ки аз зӯроварӣ ва қаҳру ғазабам ҳеҷ гоҳ даст кашида наметавонам». Вале як ҷойи Навиштаҳо ҳаёти ӯро ба куллӣ тағйир дод.

Валдо мефаҳмонад: «Рӯзе бародар Алехандро, ки бо ман омӯзиш мекард, хоҳиш намуд, ки Ғалотиён 5:22, 23-ро хонам... Сипас ӯ фаҳмонд, ки барои инкишоф додани ин хислатҳо танҳо қуввати ман басанда нест, ба ман кумаки рӯҳи муқаддаси Худо лозим мешавад. Ин фикр назари маро пурра тағйир дод!»

Бо мадади Худо Валдо ниҳоят аз гирдоби нафрат халос шуд. Ӯ мегӯяд: «Хешу табор ва дӯстони пешинаам дигаргунии ҳаёти маро дида ангушти ҳайрат мегазанд. Охир, Яҳува мани бадхашмро ба як инсони мулоим табдил дод».

Саргузашти Валдоро аз «Бурҷи дидбонӣ»-и 1-уми октябри соли 2013 саҳ. 12, 13 (рус.) хонда метавонед.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан