МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 7
«Суханони хирадмандонро бишнав»
«Гӯшатро хам карда, суханони хирадмандонро бишнав» (ПНМ. 22:17).
СУРУДИ 43 Устувор, бедор ва қавӣ бошед!
ПЕШГУФТОРa
1. Чанд роҳи маслиҳат вуҷуд дорад ва чаро мо ба он муҳтоҷем?
ҲАМАИ мо гоҳ вақт ба маслиҳат муҳтоҷ мешавем. Дар баъзе мавридҳо мо аз шахсе, ки ба ӯ эҳтироми хоса дорем, маслиҳат мепурсем. Лекин чунин шуданаш мумкин аст, ки бародаре хавотир шуда мегӯяд, ки кори хатое карда истодаем — коре, ки оқибаташ пушаймонист (Ғал. 6:1). Боз, вақте мо хатои ҷиддӣ мекунем, ягон кас маслиҳат дода моро ислоҳ карда метавонад. Хулоса, чӣ тавре маслиҳат дода нашавад, мо бояд ба он гӯш диҳем. Ин бар манфиати мо буда ҳаётамонро наҷот дода метавонад (Пнм. 6:23).
2. Мувофиқи Панднома 12:15 чаро мо бояд ба маслиҳат гӯш диҳем?
2 Дар ояти асосии ин мақола маслиҳат дода мешавад, ки «суханони хирадмандонро бишнав» (Пнм. 22:17). Дар ҳақиқат, ягон инсон ҳамадон нест, ҳамеша касоне ёфт мешаванд, ки аз мо дида хирадмандтар ё бештар таҷриба доранд. (Панднома 12:15-ро хонед.) Барои ҳамин ба маслиҳат гӯш додан нишонаи хоксорӣ аст. Маслиҳатро ба кор бурда мо нишон медиҳем, ки аз маҳдудияти худ бохабарем, муҳтоҷем, ки касе ба мо кумак кунад, то ба мақсадҳоямон бирасем. Шоҳи хирадманд Сулаймон низ зери илҳоми Худо гуфтааст: «Бо маслиҳатгарони зиёд кор буд мешавад» (Пнм. 15:22).
Кадоме аз ин ду роҳи маслиҳатро ба шумо қабул кардан мушкилтар аст? (Ба сархатҳои 3 ва 4 нигаред.)
3. Кадом роҳҳои маслиҳат гирифтан вуҷуд дорад?
3 Ду роҳи маслиҳат гирифтан вуҷуд дорад. Якум, ба мо касе маслиҳат медиҳад. Масалан, пири ҷамоат ё масеҳии баркамоле маслиҳат медиҳад, ки аз кадом ҷиҳат мо бояд беҳтар шавем. Бале, вақте касе аз муҳаббат дар асоси Каломи Худо маслиҳат медиҳад, мо бояд ӯро бодиққат гӯш кунем ва маслиҳаташро ба кор барем. Дуюм, мо маслиҳатро бевосита худамон ёфта метавонем. Масалан, порчаеро аз Каломи Худо ё адабиётамон хонда, дар бораи рафтору кирдорамон мулоҳиза меронем ва ниҳоят аз рӯйи маслиҳати ёфтаамон амал намуда, фикрронӣ ва рафторамонро ислоҳ мекунем (Ибр. 4:12).
4. Мувофиқи Пандгӯ 7:9, вақте ба мо маслиҳат медиҳанд, мо ба чӣ бояд роҳ надиҳем?
4 Бояд гуфт, ки вақте ба мо ягон кас маслиҳат медиҳад, ба мо қабул кардани он махсусан душвор аст. Мо ҳатто хафа шуда метавонем. Чаро? Ҳарчанд мо тан мегирем, ки нокомилем, лекин вақте ягон кас ба хатоямон ишора мекунад, маслиҳаташро қабул кардан бароямон осон нест. (Пандгӯ 7:9-ро хонед.) Дар чунин мавридҳо мо шояд худро сафед кунем, нияти маслиҳатдиҳандаро зери шубҳа гузорем ё аз тарзи маслиҳат доданаш хафа шавем. Шояд ҳатто ба камбудии он кас ишора карда гӯем, ки «аввал гиребони худашро бӯй кунад, баъд гап занад». Ҳамин тавр маслиҳате, ки ба мо маъқул намешавад, рад мекунем. Сипас шояд шахсеро кобем, ки ба табъи диламон маслиҳат диҳад.
5. Мо дар ин мақола чиро дида мебароем?
5 Дар ин мақола мо намунаи қаҳрамонҳои Китоби Муқаддасро мебинем, ки баъзеашон маслиҳатро қабул карданду баъзеашон не. Инчунин фикр мекунем, ки чӣ ба мо кумак мекунад, то маслиҳатро қабул карда манфиат гирем.
ОНҲОЕ, КИ МАСЛИҲАТРО ҚАБУЛ НАКАРДАНД
6. Мо аз тарзи муносибати Раҳабъом ба маслиҳат чӣ дарс мегирем?
6 Шоҳ Раҳабъом. Вақте ӯ шоҳ шуд, халқ ба наздаш омада аз ӯ хоҳише кард. Онҳо аз ӯ илтимос карданд, ки юғеро, ки падараш Сулаймон бар гарданашон гузошт, сабук гардонад. Раҳабъом хирадмандона амал карда аввал аз пирони Исроил маслиҳат пурсид, ки ба халқ чӣ ҷавоб диҳад. Пирон дар ҷавоб гуфтанд, ки агар хости халқро ба ҷо орад, онҳо ҳамеша ӯро дастгирӣ хоҳанд кард (3 Подш. 12:3–7). Лекин азбаски ба Раҳабъом маслиҳати пирон маъқул нашуд, ӯ рафта аз ҳамсолонаш маслиҳат пурсид. Онҳо қариб 40-сола буданд, барои ҳамин ба қадре таҷриба доштанд (2 Воқ. 12:13). Бо вуҷуди ин он лаҳза ин ҷавонмардон ба Раҳабъом маслиҳати хато дода гуфтанд, ки, баръакс, бори халқро боз ҳам вазнинтар гардонад (3 Подш. 12:8–11). Баъди ин ду маслиҳат Раҳабъом дар дуо аз Яҳува пурсида метавонист, ки кадомашро ба кор барад. Валекин ӯ маслиҳатеро қабул кард, ки табъи дилаш буд ва ниҳоят аз рӯйи гуфти ҷавонмардон амал намуд. Бо ин кораш Раҳабъом на фақат ба сари худ, балки ба сари халқи Исроил низ бало овард. Дарс барои мо: ба мо маслиҳате дода метавонанд, ки шояд ба мо маъқул нашавад. Бо вуҷуди ин агар он дар асоси Каломи Худо бошад, мо бояд онро қабул кунем.
7. Мо аз мисоли шоҳ Узиё чӣ дарс мегирем?
7 Шоҳ Узиё. Рӯзе ӯ ба қисми ибодатгоҳи Яҳува даромада бухур сӯзониданӣ шуд, ки ба он ҷо танҳо коҳинон даромада метавонистанд. Аз ин рӯ онҳо ба ӯ гуфтанд: «Эй Узиё, раво нест, ки барои Яҳува бухур сӯзонӣ! Фақат коҳинон метавонанд бухур сӯзонанд». Узиё инро шунида чӣ кор кард? Агар ӯ маслиҳатро қабул карда даррав аз ибодатгоҳ мебаромад, шояд Яҳува ӯро мебахшид. «Вале Узиё... хашмгин шуд». Чаро ӯ маслиҳатро рад кард? Ӯ фикр мекард, ки азбаски шоҳ аст, чизе хоҳад карда метавонад. Лекин ақидаи Яҳува фарқ мекард. Аз сабаби худбовариаш Узиё махавӣ шуд ва «то рӯзи маргаш махав буд» (2 Воқ. 26:16–21). Аз мисоли ӯ мо мефаҳмем, ки касе набошем, агар маслиҳатеро, ки бар Китоби Муқаддас асос меёбад, рад кунем, розигии Яҳуваро аз даст медиҳем.
ОНҲОЕ, КИ МАСЛИҲАТРО ҚАБУЛ КАРДАНД
8. Чӣ тавр Айюб ба маслиҳат муносибат кард?
8 Дар Китоби Муқаддас инчунин қаҳрамонҳое ҳастанд, ки барои қабул кардани маслиҳат баракат ёфтанд. Яке аз онҳо Айюб мебошад. Бояд гуфт, ки ин марди худотарс комил набуд. Масалан, вақте ӯ зери фишор қарор гирифт, назари нодуруст пайдо кард. Аз ин рӯ Яҳува ва дӯсташ Элиҳу ба ӯ рӯирост маслиҳат доданд. Айюб ба маслиҳат чӣ тавр муносибат кард? Ӯ онро қабул карда фурӯтанона гуфт: «Ман нафаҳмида гап мезадам... аз гуфтаҳоям пушаймонам. Дар хок ва хокистар тавба мекунам» (Айюб 42:3–6, 12–17). Яҳува Айюбро барои фурӯтаниаш баракат дод.
9. Чӣ тавр Мӯсо дар қабул кардани маслиҳат намунаи ибрат гузошт?
9 Мӯсо низ намунаи хубест, ки баъд аз хатои ҷиддӣ карданаш бо омодагӣ танбеҳро қабул намуд. Боре ӯ асабонӣ шуда ба Яҳува беҳурматӣ кард. Оқибат барои ин кораш ба замини ваъдашуда дохил нашуд (4 Мӯсо 20:1–13). Вақте Мӯсо аз Яҳува хоҳиш кард, ки қарорашро дигар кунад, Яҳува ба ӯ гуфт: «Дую дубора дар ин бора ба ман гап назан» (5 Мӯсо 3:23–27). Мӯсо аз ин суханони Яҳува хафа нашуд. Баръакс, ӯ қарори Яҳуваро қабул кард ва минбаъд низ халқи Исроилро роҳнамоӣ менамуд (5 Мӯсо 4:1). Чи хеле мебинед, Айюб ва Мӯсо аз ҷиҳати қабул кардани маслиҳат барои мо намунаи ибратанд. Айюб худро сафед накард, балки назари нодурусташро ислоҳ намуд. Мӯсо бошад, вақте чизи барояш пурқиматро аз даст доду вафодор монд, нишон дод, ки маслиҳати Яҳуваро қабул кард.
10. а) Мувофиқи Панднома 4:10–13 агар мо маслиҳатро қабул кунем, чӣ манфиат мегирем? б) Баъзеҳо аз ҷиҳати қабул кардани маслиҳат чӣ намунаи хуб нишон медиҳанд?
10 Агар мо низ ба намунаи Айюб ва Мӯсо, ки мардони бовафо буданд, пайравӣ кунем, баракат меёбем. (Панднома 4:10–13-ро хонед.) Ногуфта намонад, ки бисёр бародару хоҳаронамон имрӯз айнан ҳамин тавр мекунанд. Бинед, Эммануилb ном бародаре аз Конго дар бораи огоҳие, ки гирифт, чӣ мегӯяд: «Бародарони рӯҳан баркамол дар ҷамоатамон пай бурданд, ки киштии имонам ғарқ шуда истодааст, бинобар ин ба мадади ман шитоб карданд. Ман маслиҳати онҳоро қабул карда аз бисёр проблемаҳо худро эмин нигоҳ доштам». Меган ном хоҳаре, ки пешрави доимӣ асту дар Канада хизмат мекунад, чунин мегӯяд: «Ба ман маслиҳатро қабул кардан на ҳама вақт осон аст, вале дарк мекунам, ки бояд ба он гӯш диҳам». Бародар Марко, ки аз Хорватия мебошад, қайд мекунад: «Ман таъйинотамро аз даст додам, лекин дар бораи гузашта фикр карда гуфта метавонам, ки маҳз маслиҳате, ки ба ман доданд, кумак кард, ки муносибатамро бо Яҳува аз нав мустаҳкам гардонам».
11. Бародар Карл Клейн дар бораи қабул кардани маслиҳат чӣ гуфтааст?
11 Каси дигаре, ки маслиҳатро қабул карда манфиат гирифт, узви Ҳайати роҳбарикунанда бародар Карл Клейн буд. Дар саргузашташ ӯ дар бораи воқеае нақл кардааст, ки чӣ хел боре дӯсти наздикаш, Ҷозеф Рутерфорд, ба ӯ маслиҳати ҷиддӣ дод. Бародар Клейн иқрор мешавад, ки дар аввал маслиҳатро на он қадар хуб қабул кард. Ӯ мегӯяд: «Баъдтар бародар Рутерфорд маро дида бо табассум гуфт: “Салом, Карл!” Вале азбаски ман то ҳол аз ӯ ранҷида будам, дилу нодилон ба саломаш пастакак алек гуфтам. Сипас ӯ илова кард: “Карл, эҳтиёт шав! Шайтон туро ба домаш афтоданист”. Ман шарм карда дарҳол гуфтам: “Ҳамааш хуб аст, бародар Рутерфорд”. Лекин ӯ медонист, ки ман хафа шудаам, барои ҳамин такрор кард: “Медонам, ба ҳар ҳол эҳтиёт шав. Шайтон туро ба домаш афтонданист”. Ӯ ҳақ буд. Агар мо нисбати бародарамон дар дил кина гирем, махсусан барои суханоне, ки ӯ ҳақ дорад бигӯяд, Шайтон ба осонӣ моро туъмаи худ месозад»c (Эфс. 4:25–27). Бародар Клейн маслиҳати Рутерфордро қабул кард ва онҳо минбаъд низ дӯсти наздик монданд.
ЧӢ КУМАК МЕКУНАД, КИ МАСЛИҲАТРО ҚАБУЛ КУНЕМ?
12. Чӣ тавр фурӯтанӣ ёрдам мекунад, ки маслиҳатро қабул кунем? (Забур 141:5).
12 Барои қабул кардани маслиҳат мо бояд фурӯтан бошем ва дар ёд дорем, ки то чӣ андоза нокомилему баъзан қарорҳои бехирадона мебарорем. Чи хеле фаҳмидем, вақте Айюб назари нодурусташро ислоҳ кард, Яҳува ӯро баракат дод. Чаро? Чунки ӯ фурӯтаниро пеша кард. Ӯ маслиҳати Элиҳуро, ки аз ӯ хеле ҷавон буд, қабул карда нишон дод, ки шахси фурӯтан аст (Айюб 32:6, 7). Бале, фурӯтанӣ кумак мекунад, ки маслиҳатро қабул кунем, ҳатто агар фикр кунем, ки сазовори он нестем ё онро шахсе диҳад, ки аз мо дида ҷавонтар аст. Пири ҷамоате аз Канада мегӯяд: «Азбаски мо ба худ аз як тараф баҳо дода наметавонем, пас, чӣ хел ислоҳ шавем, агар ба мо маслиҳат надиҳанд?» Масалан, ба кадоме аз мо лозим нест, ки дар хизмат хислатҳои самари рӯҳро инкишоф диҳад? (Забур 141:5-ро хонед.)
13. Мо бояд ба маслиҳат чӣ тавр муносибат кунем?
13 Маслиҳатро чун нишонаи муҳаббати Яҳува қабул кунед. Яҳува беҳбудии моро мехоҳад (Пнм. 4:20–22). Вақте ӯ ба воситаи Каломаш, адабиёти бар он асосёфта ё масеҳии баркамоле ба мо маслиҳат медиҳад, бо ин муҳаббаташро изҳор мекунад. Дар Ибриён 12:9, 10 гуфта мешавад, ки «ӯ моро доимо ба фоидаи худамон ислоҳ мекунад».
14. Ҳангоми маслиҳат гирифтан мо бояд ба чӣ диққат диҳем?
14 Ба маслиҳат диққат диҳед, на ба тарзи додани он. Баъзан мо фикр карда метавонем, ки тарзи додани маслиҳат нодуруст буд. Албатта, шахсе, ки маслиҳат медиҳад, бояд кӯшиш кунад, ки қабул кардани он осон шавадd (Ғал. 6:1). Лекин, вақте касе ба мо маслиҳат медиҳад, беҳтараш диққатро ба худи маслиҳат равона кунем, ҳатто агар ба ақидаамон тарзи додани он начандон дуруст буд. Дар ин гуна мавридҳо хуб мебуд аз худ пурсем: «Тарзи дода шудани маслиҳат ба ман маъқул нашуда бошад ҳам, оё аз он барои худ ягон манфиат гирифта метавонам? Оё метавонам ба нокомилии маслиҳатдиҳанда неву ба худи маслиҳат диққат дода аз он манфиат гирам?» Бале, агар мо роҳи аз маслиҳат манфиат гирифтанро ёбем, аз рӯйи хирад амал мекунем (Пнм. 15:31).
МАСЛИҲАТ ПУРСИДА АЗ ОН БАҲРА БАРЕД
15. Чаро мо бояд маслиҳат пурсем?
15 Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки мо бояд маслиҳат пурсем. Масалан, дар Панднома 13:10 омадааст: «Хирад бо маслиҳатшунавон аст». Ҳақ асту рост! Онҳое, ки худашон маслиҳат мепурсанд ва интизор намешаванд, ки касе омада ба онҳо маслиҳат диҳад, одатан қарорҳои хирадмандона мебароранд. Аз ин рӯ якум шуда маслиҳат пурсед.
Чаро хоҳари ҷавоне аз хоҳари рӯҳан баркамол маслиҳат мепурсад? (Ба сархати 16 нигаред.)
16. Дар кадом мавридҳо маслиҳат пурсида метавонем?
16 Дар кадом мавридҳо аз дигарон маслиҳат пурсидан мумкин? Биёед баъзеашро мисол орем. 1) Хоҳаре метавонад аз воизи ботаҷриба хоҳиш кунад, то дар омӯзишаш иштирок намуда ба ӯ маслиҳат диҳад, то маҳорати таълимдиҳиаш беҳтар гардад. 2) Хоҳари муҷаррад ҳангоми харидани либос аз хоҳари рӯҳан баркамол хоҳиш мекунад, ки дар интихоби либос ба ӯ кумак расонад. 3) Бародаре, ки якум бор бо нутқи оммавӣ баромад мекунад, аз ягон нотиқи бомаҳорат хоҳиш карда метавонад, ки ҳангоми баромадаш ӯро бодиққат гӯш кунад ва баъд маслиҳат диҳад, ки аз кадом ҷиҳат бояд беҳтар гардад. Ҳатто бародароне, ки солҳои зиёд бо нутқ баромад мекунанд, хуб мебуд, ки аз нотиқони ботаҷриба маслиҳат пурсанд ва аз рӯйи он амал кунанд.
17. Кай маслиҳат ба мо манфиат меорад?
17 Имрӯз ё фардо шояд ба ҳамаи мо ба воситаи ҳамимонон ё адабиёту вохӯриҳоямон маслиҳат дода шавад. Он лаҳза дар бораи фикрҳои ин мақола мулоҳиза ронед. Фурӯтаниро пеша кунед. Диққатро ба худи маслиҳат, на ба тарзи додани он равона созед ва онро ба кор баред. Ягонтои мо хирадманд таваллуд намешавем. Лекин агар ба маслиҳат гӯш диҳем ва насиҳатро қабул кунем, чи хеле Каломи Худо ваъда медиҳад, хирадманд мегардем (Пнм. 19:20).
СУРУДИ 18 Муҳаббати садоқатмандонаи Худо
a Халқи Худо дарк мекунад, ки то чӣ андоза маслиҳатҳои Каломи Худоро ба кор бурдан муҳим аст. Ҳамзамон мо тан мегирем, ки маслиҳатро қабул карда аз рӯйи он амал намудан на ҳама вақт осон аст. Чӣ ба мо кумак мекунад, ки аз маслиҳат манфиат гирем?
b Баъзе номҳо иваз шуданд.
c Ба «Бурҷи дидбонӣ» аз 1 октябри с. 1984 сарх. 21–28 (англ.) нигаред.
d Дар мақолаи навбатӣ мо дида мебароем, ки чӣ тавр дуруст маслиҳат додан мумкин аст.