ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • w25 июл саҳ. 8-13
  • Чӣ тавр бояд маслиҳат диҳем?

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Чӣ тавр бояд маслиҳат диҳем?
  • Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2025
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • ВАҚТЕ АЗ МО МАСЛИҲАТ МЕПУРСАНД
  • ВАҚТЕ АЗ МО МАСЛИҲАТ НАМЕПУРСАНД
  • ДАР ВАҚТИ ДУРУСТ ВА БО ТАРЗИ ДУРУСТ МАСЛИҲАТ ДИҲЕД
  • МАСЛИҲАТДИҲИВУ МАСЛИҲАТШУНАВИРО БАС НАКУНЕД
  • Ҷӯёи маслиҳат бошед
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2025
  • Оё маслиҳати шумо «дилро шод» мегардонад»?
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2022
  • «Суханони хирадмандонро бишнав»
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2022
  • Ту чӣ тавр маслиҳат медиҳӣ?
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2012
Маълумоти бештар
Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2025
w25 июл саҳ. 8-13

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 29

СУРУДИ 102 Нотавононро дастгирӣ намоед

Чӣ тавр бояд маслиҳат диҳем?

«Туро насиҳат медиҳам, чашмам бар туст» (ЗАБ. 32:8).

МАҚСАД

Мо роҳи фоидабахши маслиҳатдиҳиро дида мебароем.

1. Кӣ бояд маслиҳат диҳад? Фаҳмонед.

ОЁ БА шумо маслиҳат додан маъқул аст? Ба баъзеҳо ҳа. Баъзеи дигар бошанд, вақти маслиҳат додан нороҳат мешаванд ё онро бо дили нохоҳам медиҳанд. Чи хеле ки набошад, ҳар яки мо бояд гоҳ-гоҳ ба маслиҳат додан тайёр бошем. Барои чӣ? Чунки Исо гуфта буд, ки шогирдони ҳақиқии ӯро аз рӯйи муҳаббаташон ба якдигар мешиносанд (Юҳ. 13:35). Як нишонаи бародардӯстиямон ин аст, ки ба ҳамдинон дар вақти зарурӣ маслиҳат диҳем. Дар Каломи Худо гуфта мешавад, ки «дӯсте, ки самимона маслиҳат медиҳад», дилро шод мегардонад (Пнм. 27:9).

2. Пирон бояд дар кадом кор усто бошанд ва барои чӣ? (Ба чорчӯбаи «Маслиҳат дар вохӯрии байниҳафта» нигаред.)

2 Ҳамаи масеҳиён, хусусан пирон, бояд дар маслиҳатдиҳӣ усто шаванд. Яҳува ба воситаи Исо чӯпонӣ кардани ҷамоаташро ба ин мардон супоридааст (1 Пет. 5:2, 3). Пирон дар суханрониҳояшон ба аҳли ҷамоат маслиҳат медиҳанд. Онҳо ҳамчунин ҳангоми суҳбати як ба як бародару хоҳаронро насиҳат мекунанд, аз ҷумла касонеро, ки аз рама дур шудаанд. Чӣ тавр пирон ва умуман ҳамаи мо маслиҳатҳои хуб дода метавонем?

Дар вохӯрии байниҳафта бародар бо ёрии китобчаи «Дар хониш ва таълим моҳир шавед» шахси баромад кардагиро таъриф мекунаду ба ӯ маслиҳат медиҳад.

Маслиҳат дар вохӯрии байниҳафта

Барандаи вохӯрии байниҳафта ба касоне, ки бо супоришҳо баромад мекунанд, маслиҳатҳои амалӣ медиҳад. Ҳангоми ҳар як супориш ӯ бодиққат аҳамият медиҳад, ки бародар ё хоҳар чӣ тавр маслиҳатҳои дарсашро ба кор бурд.

Баъди баромад баранда бародар ё хоҳарро аз таҳти дил таъриф мекунад. Агар зарур бошад, бародар бо мулоимӣ ба ӯ мегӯяд, ки боз кадом маслиҳатҳоро ба кор бурда метавонад ё аниқ чиро беҳтар карданаш мумкин. Аз чунин маслиҳат на фақат шахси баромад кардагӣ, балки тамоми ҷамоат фоида мегирад (Пнм. 27:17).

3. а) Чӣ кор кунем, ки маслиҳатгари хуб шавем? (Ишаъё 9:6; ҳамчунин ба чорчӯбаи «Вақти маслиҳат додан аз Исо ибрат гиред» нигаред.) б) Мо дар ин мақола кадом фикрҳоро меомӯзем?

3 Намунаи баъзе одамонро аз Китоби Муқаддас омӯхта, мо маслиҳатгари хуб мешавем. Беҳтарин намуна дар ин масъала Исо мебошад. Яке аз сифатҳои ӯ дар Китоби Муқаддас «Маслиҳатгари доно» мебошад. (Ишаъё 9:6-ро хонед.) Дар ин мақола мо дида мебароем, ки дар ду ҳолат чӣ кор карда метавонем: вақте аз мо маслиҳат мепурсанд ва, вақте аз мо маслиҳат намепурсанд. Мо ҳамчунин мебинем, ки чӣ тавр дар вақти дуруст ва бо тарзи дуруст маслиҳат диҳем.

Вақти маслиҳат додан аз Исо ибрат гиред

Чаро Исо «Маслиҳатгари доно» буд ва мо аз ӯ чӣ ибрат гирифта метавонем?

  • Исо медонист чӣ гӯяд. Исо ҳама вақт медонист, ки сухани дуруст кадом аст, чунки дар асоси хиради худаш не, балки хиради Яҳува маслиҳат медод. Ӯ ба шогирдонаш чунин гуфта буд: «Суханоне, ки ман ба шумо мегӯям, аз пеши худ намегӯям» (Юҳ. 14:10).

    Дарс барои мо: Мо чӣ қадар таҷрибаи зиндагӣ ё ҳикмати ҳаётӣ ғун накарда бошем, бояд аз пеши худ неву аз рӯйи Каломи Худо маслиҳат диҳем.

  • Исо медонист кай маслиҳат диҳад. Ӯ ба шогирдонаш яку якбора ҳама чизро намегуфт. Ӯ вақти мувофиқро интизор мешуд. Исо ҳамчунин шогирдонашро ғарқи маслиҳат намекард, балки чени фаҳму даркашон қатра-қатра ба зеҳну дилашон мечаконд (Юҳ. 16:12).

    Дарс барои мо: Мо бояд вақти мувофиқро интизор шавем, то ба одам маслиҳат диҳем (Пандгӯ 3:7). Агар мо борони насиҳату маслиҳатро ба сари ӯ резем, ӯ саргарангу дилмонда мешавад. Гапи бисёр даркор нест. Якчанд фикри зарурӣ бас аст, то шахс мушкилии ҳозираашро ҳал карда тавонад.

  • Исо боодоб буд. Исо борҳо ба шогирдонаш дар бораи хоксор будан маслиҳат дод. Вале дар ҳар ҳолат ӯ бо меҳрубонӣ ва эҳтиром сухан мегуфт (Мат. 18:1–5).

    Дарс барои мо: Ҳатто агар ба мо зарур ояд, ки ҳамон як маслиҳатро такрор ба такрор ба касе диҳем, биёед ҳар дафъа бо эҳтирому муҳаббат даҳон кушоем.

ВАҚТЕ АЗ МО МАСЛИҲАТ МЕПУРСАНД

4, 5. Вақте касе аз мо маслиҳат мепурсад, мо пеш аз маслиҳат додан бояд аз худ чиро пурсем? Мисол оред.

4 Вақте касе аз мо маслиҳат пурсад, шояд, мо хурсанд шуда, даррав хоҳем ба ӯ ёрдам диҳем. Вале аввал бояд аз худ пурсем: «Оё ман ин масъаларо нағз мефаҳмам?» Баъзан беҳтар аст, ки мо ягон маслиҳат надиҳем, балки касро сӯйи шахсе раҳнамоӣ кунем, ки ин масъаларо нағз мефаҳмад.

5 Мисоле меорем: фарз кардем, дӯсти наздикатон касал мешавад. Ӯ ба шумо мегӯяд, ки якчанд тарзи табобатро омӯхт ва акнун барои интихоб кардани табобати дуруст ба ӯ ёрдами шумо даркор аст. Шояд, шумо дар ин масъала фикри худро дошта бошед, вале коршиносу кордони ин соҳа нестед. Пас, чӣ тавр ба дӯстатон ёрдам карда метавонед? Хубаш ба ӯ дар ёфтани коршиноси ҳамин соҳа ёрдам кунед.

6. Чаро пеш аз маслиҳат додан каме сабр кардан даркор?

6 Шояд, касе аз мо дар соҳае маслиҳат мепурсад, ки мо дар он таҷрибаву дониши бисёр дорем. Ҳатто агар ба назарамон чунин тобад, пеш аз ҷавоб додан бояд каме сабр кунем. Барои чӣ? Дар Панднома 15:28 гуфта мешавад, ки «росткор санҷида сухан мегӯяд». Ҳатто агар мо фикр кунем, ки ҷавоби саволро аллакай медонем, хуб мешавад, агар барои кофтуков, дуо ва андешаронӣ вақт ҷудо кунем. Он гоҳ дили мо пур мешавад, ки ҷавобамон бо нигоҳи Яҳува ба ин масъала ҳамоҳанг аст. Биёед мисоли пайғамбар Нотонро мебинем.

7. Аз рафтори пайғамбар Нотон чӣ дарс мегирем?

7 Боре подшоҳ Довуд ба пайғамбар Нотон хабар дод, ки мехоҳад барои Яҳува ибодатгоҳ созад. Нотон дарҳол ба ӯ гуфт, ки аз пайи ин кор шуда метавонад. Вале пайғамбар Нотон бояд аввал фикри Яҳуваро мепурсид. Барои чӣ? Чунки Яҳува намехост ибодатгоҳро Довуд созад (1 Воқ. 17:1–4). Аз ин воқеа чӣ дарс мегирем? Вақте аз мо маслиҳат мепурсанд, мо бояд шитобкорона ҷавоб надиҳем (Яъқ. 1:19).

8. Боз чаро мо бояд эҳтиёт шуда маслиҳат диҳем?

8 Боз чаро мо бояд ба одамон эҳтиёт шуда маслиҳат диҳем? Вақте маслиҳати мо оқибатҳои нохуш меорад, мо ҳам то як андозае айбдор мешавем. Аз ин рӯ биёед пеш аз маслиҳат додан нағзакак фикр кунем.

ВАҚТЕ АЗ МО МАСЛИҲАТ НАМЕПУРСАНД

9. Пеш аз маслиҳат додан пирон бояд чиро аниқ кунанд? (Ғалотиён 6:1).

9 Як-як пирон мебинанд, ки бародар ё хоҳаре «қадами нодурусте» мондааст ва онҳо пешдастӣ карда, ба вай маслиҳат медиҳанд. (Ғалотиён 6:1-ро хонед.) Дар шарҳи ин оят дар Китоби Муқаддаси омӯзишӣ ба забони англисӣ гуфта мешавад, ки «чунин шахс бо роҳи хато равона аст, вале ҳануз ба гуноҳи ҷиддӣ даст назадааст». Мақсади пирон ба шахс ёрдам кардан аст, то ӯ аз роҳи ҳаёти ҷовидонӣ дур нашавад (Яъқ. 5:19, 20). Дар чунин ҳолат пирон набояд саросема шаванд. Онҳо бояд аввал санҷида бинанд, ки одам дар ҳақиқат қадами нодуруст мондааст. Он гоҳ маслиҳаташон фоидаи бештар меорад. Охир, Яҳува ба ҳар яки мо озодӣ додааст, ки дар баъзе масъалаҳо аз рӯйи виҷдон қарор кунем (Рум. 14:1–4). Вале, агар бародар ё хоҳар дар ҳақиқат қадами нодуруст монда бошад, пирон чӣ кор карда метавонанд? Чӣ тавр онҳо пешдастӣ карда, ба ӯ маслиҳат дода метавонанд?

10, 12. Агар фикри пиреро напурсанд ҳам, ӯ чӣ тавр маслиҳат дода метавонад? Мисол оварда, фаҳмонед. (Ҳамчунин ба расмҳо нигаред.)

10 Барои пирон насиҳат кардани шахсе, ки аз онҳо маслиҳат напурсидааст, кори осон нест. Барои чӣ? Павлуси расул гуфт, ки шахс метавонад худаш надониста, қадами нодуруст монад. Азбаски худаш аз қадами нодурусташ огоҳ нест, пирон аввал бояд ӯро барои гирифтани маслиҳат тайёр кунанд.

11 Вақте ба касе, ки фикрамонро напурсидааст, маслиҳат медиҳем, мо гӯё дар замини сахт тухмӣ кориданӣ мешавем. Чунин заминро деҳқон аввал нарм мекунад, танҳо баъд тухмиро дар он мекорад. Ӯ сипас онро об медиҳад, то сабзад. Ба ҳамин монанд, пири ҷамоат пеш аз маслиҳат додан ба касе, ки фикрашро напурсидааст, замини дили он касро нарм мекунад — ӯ он шахсро барои гирифтани маслиҳат тайёр мекунад. Масалан, пир метавонад вақти мувофиқро интихоб карда, ба бародар ё хоҳар гӯяд, ки ӯ барояш азиз аст ва ба вай як гап дорад. Агар маслиҳатдеҳро ҳамчун одами меҳрубон шиносанд, маслиҳати ӯро қабул кардан ба одамон осонтар мешавад.

12 Дар рафти суҳбат пири ҷамоат метавонад бо суханони зерин замини дили шахсро мулоим кардан гирад: «Ҳамаи мо як-як хато мекунем ва ба маслиҳат муҳтоҷем» (Рум. 3:23). Баъд ӯ бо оҳанги мулоим ва эҳтиром аз Навиштаҳо ба воиз мефаҳмонад, ки вай дар куҷо қадами нодуруст мондааст. Вақте бародар ё хоҳар хатояшро тан мегирад, пир «тухмӣ мекорад», яъне ба воиз бо суханони одӣ мефаҳмонад, ки ӯ барои ислоҳи вазъият бояд чӣ кор кунад. Дар охир пири ҷамоат «тухмиро об медиҳад», яъне шахсро таъриф мекунад ва ҳамроҳаш дуо мегӯяд (Яъқ. 5:15).

Маслиҳат додани пир ба деҳқоне монанд карда шудааст, ки дар замини сахт чизе кориданӣ мешавад. 1. Тайёр кардани замин: Деҳқон заминро мулоим мекунад; пири ҷамоат бо бародар бо меҳрубонӣ гап мезанад. 2. Шинондан: Деҳқон тухмиро дар замини нарм мекорад; пири ҷамоат бо ёрии Китоби Муқаддас бо бародар мулоҳиза меронад. 3. Об додан: Деҳқон тухмии коридаашро об медиҳад; пир бо бародар дуо мегӯяд.

Барои маслиҳат додан ба шахсе, ки маслиҳат напурсидааст, муҳаббату маҳорат даркор (Ба сархатҳои 10–12 нигаред.)


13. Пирон чӣ тавр аниқ карда метавонанд, ки шахс маслиҳатро дуруст фаҳмидааст?

13 Баъзан маслиҳатдеҳ як гапро мегӯяду маслиҳатшунав дигар чизро мефаҳмад. Пирон чӣ кор карда метавонанд, ки ин хел нашавад? Онҳо метавонанд саволҳои боодобона дода, бинанд, ки одам маслиҳатро дуруст фаҳмидааст ё не (Пандгӯ 12:11).

ДАР ВАҚТИ ДУРУСТ ВА БО ТАРЗИ ДУРУСТ МАСЛИҲАТ ДИҲЕД

14. Чаро мо набояд дар сари қаҳр маслиҳат диҳем? Фаҳмонед.

14 Ҳамаи мо нокомилем ва бо ягон кору суханамон дигаронро хафа карда метавонем (Қӯл. 3:13). Дар Каломи Худо гуфта мешавад, ки мо гоҳе якдигарро ҳатто асабӣ карда метавонем (Эфс. 4:26). Вале мо набояд дар сари ғазаб маслиҳат диҳем. Барои чӣ? Охир, «хашми одам он чиро, ки дар назари Худо дуруст аст, ба амал намеорад» (Яъқ. 1:20). Агар мо дар сари қаҳрамон маслиҳат диҳем, зарари суханамон аз фоидааш бештар мешавад. Албатта, ин маънои онро надорад, ки мо тамоман набояд ба шахсе, ки хафаамон кардааст, дар бораи фикрамон ё ҳиссиётамон чизе гӯем. Вале, агар то ором шуданамон сабр кунем, суханамон фоидабахштар мешавад. Биёед намунаи хуби Элиҳуро дида бароем, ки ба Айюб маслиҳат дода буд.

15. Мо аз рафтори Элиҳу чиро меомӯзем? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)

15 Элиҳу суханони дигаронро чандин рӯз пурсаброна гӯш кард. Ӯ шунид, ки чӣ тавр дилбардорони қалбакии Айюб дар ҳаққи ӯ туҳмат мекарданд ва чӣ тавр Айюб худро ҳимоя менамуд. Дили Элиҳу ба Айюб месӯхт, вале, вақте Айюб дар ҳаққи Яҳува суханони ғалат мегуфт ва диққатро аз ҳад зиёд ба худаш мекард, Элиҳу асабонӣ мешуд. Бо вуҷуди ин ӯ пурсаброна навбати худашро интизор шуд. Вақте навбаташ омад, ӯ бо мулоимӣ ва эҳтироми амиқ ба Айюб муроҷиат карда, маслиҳат дод (Айюб 32:2; 33:1–7). Аз рафтори Элиҳу як ҳақиқати муҳимро мефаҳмем: маслиҳатро бояд дар вақти дуруст ва бо тарзи дуруст диҳем — боэҳтиром ва муҳаббат (Пандгӯ 3:1, 7).

Элиҳу Айюбро, ки танаш пур аз обилаҳост, бо дилсӯзӣ гӯш мекунад.

Ҳарчанд Элиҳу аз Айюб ба ғазаб омад, ӯ дарҳол ба ӯ маслиҳат надод. Аввал ӯ ором шуд ва барои ҳамин бо Айюб бо мулоимиву эҳтиром гап зада тавонист (Ба сархати 15 нигаред.)


МАСЛИҲАТДИҲИВУ МАСЛИҲАТШУНАВИРО БАС НАКУНЕД

16. Мо аз Забур 32:8 чиро меомӯзем?

16 Дар ояти асосии ин мақола гуфта мешавад, ки баъд аз он ки Яҳува ба мо маслиҳат медиҳад, ӯ чашмашро аз мо намеканад. (Забур 32:8-ро хонед.) Аз ин маълум мешавад, ки пас аз насиҳат кардан Яҳува ба мо мефаҳмонад, ки чӣ тавр суханашро ба кор барем. Ӯ минбаъд ҳам моро дастгирӣ мекунад. Биёед аз Худоямон Яҳува ибрат гирифта, баъди ба касе маслиҳат додан чашмамонро аз ӯ наканем, яъне минбаъд ҳам ӯро дастгирӣ кунем, то қарорҳои бохирадона баровардан гирад.

17. Вақти аз Каломи Худо маслиҳат додан пирон ба чӣ монанд мешаванд? Фаҳмонед (Ишаъё 32:1, 2).

17 Имрӯз аз пештара бештар мо ба маслиҳатдиҳиву маслиҳатшунавӣ ниёз дорем (2 Тим. 3:1). Пироне, ки аз Каломи Худо маслиҳатҳои дақиқ медиҳанд, «мисли ҷӯйҳои об дар саҳрои ташналаб» ҳастанд. (Ишаъё 32:1, 2-ро хонед.) Вақте дӯстонамон маслиҳати ба гӯшамон форамро неву ҳақиқатро мегӯянд, ба мо як туҳфае медиҳанд. Ин туҳфаашон «мисли себҳои тиллоӣ дар зарфи нуқрагин аст» (Пнм. 25:11). Биёед ҳар яки мо хирадамонро зиёд кардан гирем, то маслиҳатдеҳу маслиҳатшунави нағз бошем.

ДАР МАВРИДҲОИ ЗЕРИН МО БОЯД ЧИРО ДАР ЁД ДОРЕМ:

  • вақте аз мо маслиҳат мепурсанд?

  • вақте аз мо намепурсанду мо маслиҳат медиҳем?

  • вақте ба ғазаб омадаем?

СУРУДИ 109 Якдигарро аз дилу ҷон дӯст доред

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан