ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • w22 феврал саҳ. 31
  • Оё шумо медонед?

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Оё шумо медонед?
  • Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2022
  • Маводи монанд
  • Оё шумо медонед?
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2017
Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2022
w22 феврал саҳ. 31

Оё шумо медонед?

Чаро гуфтан мумкин аст, ки вақте Яҳува иҷозат дод, ки ҳам мусича ва ҳам кафтарро қурбонӣ оранд, дуруст амал кард?

МУВОФИҚИ Шариат ҳам мусича ва ҳам кафтарро ба Яҳува қурбонӣ кардан мумкин буд. Дар он ин ду паранда ҳамеша якҷоя ном бурда мешавад ва якеашро ба ҷойи дигараш қурбонӣ кардан қабул дониста шудааст (3 Мӯсо 1:14; 12:8; 14:30). Чаро ин бамаврид буд? Як сабабаш ҳамин аст, ки мусичаҳо барои одамон на ҳама вақт дастрас буданд. Чаро?

Мусича

Мусичаҳо парандагони кӯчманчианд. Онҳо дар сарзамини Исроил танҳо дар мавсимҳои гарм зиндагӣ мекунанд. Ҳар сол моҳи октябр онҳо ба давлатҳои гарм кӯч карда, танҳо дар фасли баҳор ба Исроил бармегарданд (Шоҳс. 2:11, 12; Ирм. 8:7). Маҳз барои ҳамин исроилиён дар фасли зимистон барои қурбонӣ овардан мусича намеёфтанд.

Кафтари кабуд

Кафтар бошад, парандаи кӯчманчӣ нест, аз ин рӯ, онро дар Исроил ҳама вақт ёфтан мумкин буд. Илова бар ин, кафтарро парандаи хонагӣ карда буданд (Бо Юҳанно 2:14, 16 муқоиса кунед.) Мувофиқи як китоб «дар ҳама шаҳру деҳаҳои Фаластин кафтарҳои хонагӣ буданд. Ҳар як соҳибхона кафтархона дошт ё дар девори хонааш сӯрохие буд, ки дар он кафтар зиндагӣ мекард» («Bible Plants and Animals»). (Бо Ишаъё 60:8 муқоиса кунед.)

Кафтархона

Яҳува қурбонии кафтарро, ки ба исроилиён ҳама вақт дастрас буд, қабул намуда нишон дод, ки Худои пурмеҳр ва бомулоҳиза аст.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан